logo

ҳуқуқ

МУКОФОТИ АМАЛ Ё ХУД ОҚИБАТИ БАДМАСТӢ

 
Дуруст аст, ки шаробро уммулхабоис ё худ модари бадиҳо хондаанд. Дар ин росто, таъкид ҳам мекунанд, ки оқибати нӯшидани он басо ногувор мебошад. Бар асари он, муноқишаҳои зиёд бархоставу бисёр оилаҳо пош хӯрдаанд. Ин ҳақиқатро ҳам наметавон нодида гирифт, ки шаробхорагӣ бархе аз шахсиятҳои шинохтаро ҳам беобрӯ кардааст.
 
Чун касе аз он нӯшид, дар аксар ҳолат ба бало гирифтор мешавад. Аз ин рӯ, гузаштагони пуршарафи мо, хосса аҳли илму адаб, пайваста таъкид дошта буданд, ки дурӣ аз он авлотар аст.
Ин ҳодисаи нангин маҳз бар асари нӯшидани шароб содир шуд ва боиси он гардид, ки мардум бар яке бештар ва бар дигаре андаке камтар нафрин баён бикунанд.
Сухан дар бораи ду муҷрим меравад, ки оқибат яке ба ҳалокат расид ва дигаре қотил шуду макони зисти минбаъдааш гӯшаи зиндон. Аз ин ҳодиса, бешак, наздикону пайвандонашон дар хиҷолати якумра афтоданд.
 Мақсуд аз баёни ин ҳодиса дарси ибрат ё худ адабомӯзӣ аст. Ҳар нафар бояд бидонад, ки оқибати бадмастӣ расвоист.
Аз ин хотир, бояд зираку боҳуш бошему рӯзгордида, то ин воқеаи нангин дар ҳаёти дигарон ба шакле дигар ва ё айнан рух надиҳад. Ин ҳодиса на пештарҳо, балки ҳамин сол, 3-юми феврал, тахминан соати 22:00  ба вуқуъ пайваст. 
Макон дукони фурӯши нӯшокиҳои спиртӣ, воқеъ дар кӯчаи А.Юсуфии шаҳраки Ҳисори шаҳри Ҳисор. Дар ин дукон Халилов Абдукарим Абдужалилович бо нӯшидани 500 грамм арақ маст мешавад. Албатта,  ин миқдор шароб андак ба шумор намеравад ва ҳатман ба ҷисму руҳи майзада ниҳоят таъсири бад мерасонад.
Дар ин дукон, ҳамзамон, Гулдаста Назарова ҳузур дошт. Ӯ низ пас аз  истеъмоли нӯшокии спиртӣ маст мегардад ва идора  кардани амалҳои худро аз даст медиҳад. Мизоҷи дигари  дукон Шокиров А.Б. чун ӯро дар ин ҳолат мебинад, аз дукон бароварда, ба тарафи дигари роҳ мегузаронад ва ба таъкид мегӯяд, ки ба хонааш биравад.
Мутаассифона, аз ин ҳолат Халилов А.А. мехоҳад истифода бикунаду нафси шаҳвонии худро бо алоқаи ҷинсии ин зани маст қонеъ бигардонад. Барои расидан ба мақсади баду нопокаш, ба назди терминали мусофиркашонии шаҳри Ҳисор омада, автомашинаи тамғаи «Опел»-ро дар 10 сомонӣ киро мекунад. Ба ронанда изҳор мекунад, ки ӯ ва маъшуқааш мастанд ва онҳоро ба наздикии меҳмонхонаи Даҳбед бирасонад. Ронанда ин дархостро мепазирад. Баробари расидан ба наздикии меҳмонхонаи Даҳбед, дар роҳи мошингарди кӯчаи ба номи Н.Қаюмови шаҳри Ҳисор, Халилов А.А. аз нишастгоҳи паси автомашина Назарова Гулдастаро мефурорад.
Пас аз ин, бо мақсади алоқаи ҷинсӣ намудан ин зани мастро ба ҷойи хилват, ба тарафи чапи канори роҳи мошингарди кӯчаи ба номи Н.Қаюмов мегузаронад. Дар он ҷо ӯро дасти зӯрӣ мекунад. Дар ин ҳолат, албатта, Гулдаста на танҳо муқобилат нишон надод, балки худро идора карда наметавонист ва намедонист, ки ин марди асири нафси шаҳвонӣ чи кирдору амали нангинеро дар ҳаққи ӯ раво мебинад. 
Пас аз иҷрои ин амал ё худ таҷовуз ба номуси зани беҳуш, Халилов А.А. ӯро дар ҳамон ҳолат танҳо гузошта, ба дукони фурӯши нӯшокиҳои спиртии Хушбахт, ки дар наздикии роҳи ҳамин кӯча воқеъ буд, омада, 200 грамм арақи дигар истеъмол карда, боз ба назди Гулдаста  бармегардад ва мехохад, ки бори дигар бо ӯ алоқаи ҷинсӣ намояд. Вале чун Гулдаста андаке ба худ омада буд, ба ин қасди Халилов А.А. монеъ мегардад. Чунин амал ба Халилов А.А. писанд намеояд, аз ин рӯ, дар ғазаб мешавад. Дар ҳолати мастиву ғазаб ба зан зӯроварӣ мекунад. Маҷбуран, Гулдастаро хобонда, лагадкӯб менамояд. Бо ин қонеъ нагардида, сангеро гирифта, ду маротиба ба зан зарба зада, ҳаракати барқасдонаи худро идома медиҳад.
Ҳамин тавр, ӯ бо истифодаи зӯрӣ ва бераҳмии даҳшатбор бори дигар бо Гулдастаи ғарқи хун алоқаи ҷинсӣ мекунад.
Халилов А.А. бо анҷоми ин  амалҳои бад қонеь намешавад. Мехоҳад ин кирдори содиркардааш пинҳон бимонад, яьне онҳоро рӯйпуш бикунад. Ҳатто 8 фарзанди дар тарбияаш буда ва се маротиба ҷиноят содир кардану маҳкум шуданаш, ба ин монеъ нашуд. Ӯ дар назди худ мақсад мегузорад, ки Гулдастаро бикушад. Албатта, бо ин рафтораш гумон мекунад, ки ҳангоми дар ҳолати марг қарор доштан, ӯ наметавонад шикоят бикунад ва гунаҳгорро бо ҳама бадрафториву беинсофию  бераҳмӣ фош бисозад.
Воқеан, бисёре аз одамони ҷинояткор дар ин маврид амалҳои бадтареро содир мекунанд, ки баръакс сабаби ошкори амалҳои пешинаашон мегарданд.
Дар ин сурат кирдорҳои содирнамудаи пешин дар назди ин амалаш қатрае аз баҳр  менамояд. Бар замми ин, боиси ҳалокати инсонҳо ва қотил шуданашон мегардад.
Оре, ин одами ба ҳайвони даранда мубаддалгашта, қасд мекунад, ки Гулдастаро бикушад, ӯро аз ҳаёт маҳрум бисозад.  Аз ин рӯ,  бо дасти чапаш гулуи ӯро сахт мефишурад. Дар натиҷа, роҳи нафаси зани дар ҳолати мастӣ қарордошта маҳкам мешавад ва дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад.
Ҷурми дигари Халилов А.А. фирор аз ҷойи ҳодиса аст. Ӯ мепиндорад, ки бо ҳамин аъмоли бадаш рӯйпӯш мешавад ва дигар ҳеҷ гоҳ ошкор намегардад. Бехабар аз ин ки: 
 
Аз мукофоти амал ғофил машав,
Гандум аз гандум бирӯяд, ҷав зи ҷав. 
 
Кормандони мақомоти прокуратура тафтиши парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба Халилов Абдукарим Абдужалиловичро бо моддаҳои 138, қисми 3 бандҳои «д,с» ва 104, қисми 2 бандҳои «в,л» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба итмом расонда, барои моҳиятан баррасӣ намудан, онро ба суд ирсол карданд. 
Дар натиҷа, тибқи ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сокини 37-солаи шаҳри Ҳисор Халилов Абдукарим Абдужалилович барои таҷовуз ба номус ва қатли зани 31-сола ба сӣ соли зиндони низомаш шадид, маҳкум шуд.
 
С. АБДУҶАББОРЗОДА, А. ҚУРБОН,
прокуророни раёсати Дастгоҳи марказии
Прокуратураи генералӣ
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.10.2021    №: 210 - 211    Мутолиа карданд: 2258
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед