logo

сиёсат

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА ТАШАККУЛИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

 
Агар ба таърихи солҳои 90-уми қарни гузашта назар биафканем, то кадом андоза нақши тақдирсози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати овардани сулҳу субот ва бозсозии мамлакат аз он рӯзҳо медурахшад. Мисоли равшани онро метавон дар «Муроҷиатнома ба халқи Тоҷикистон» (12 декабри соли 1992) дид, ки ҳанӯз як моҳ ҳам аз рӯзи интихоб шуданашон ба ҳайси Сарвари давлат нагузашта буд, ки тавонистанд тамоми орзу ва омоли ҳазорсолаи сокинони ин марзу бумро инъикос диҳанд. 
Аз ҷумла, дар муроҷиатнома омадааст: «Дар чунин шароити ба амаломада, нахустинвазифаҳо аз ҳадафҳои зерин иборат мебошанд:
- ба таври фаврӣ барқарор намудани ниҳодҳои қонунии ҳокимият ва идораи давлатӣ, таъмин кардани фаъолияти таъхирнопазир ва муназзами онҳо, таъсиси сохтори амалкунандаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар маҳалҳо, таъмини шароити зарурӣ, ҷиҳати иҷрои вазифаҳои касбии онҳо, ки барои ҳифзи шараф ва ифтихори онҳо, амнияти сокинони ҷумҳурӣ равона гардидааст;
- баргардондани муҳоҷирони иҷборӣ ба маҳалли зисти доимии онҳо, таъмини онҳо бо сарпаноҳ, либос, маводи ғизоӣ, маводи сӯхт, барқ, оғоз намудани корҳо ҷиҳати барқарор намудани обектҳои вайронгардида;
- корҳо ҷиҳати гузариши иқтисодиёти кишвар ба муносибатҳои бозорӣ идома дода шуда, дар ин чаҳорчӯб барномаҳои махсуси  иҷтимоӣ оид ба ислоҳот дар соҳаи хоҷагии қишлоқ, системаи молиявӣ-қарзӣ ва бонкӣ, истифодаи захираҳои табиӣ, омода кардани кадрҳои насли нав, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, хосатан қишри камбизоат дар назар гирифта шавад».
Дар ин росто, вазифаҳои аз нигоҳи стратегӣ муҳим зикр гардидааст: азнавсозии бунёди қонунгузории ҷумҳурӣ ва мутобиқ сохтани он ба меъёрҳои байналмилалӣ ва ҳуқуқӣ; ташаккули Тоҷикистони нави демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ; таъсиси урдуи миллии худ ва ҳифзи сарҳадоти давлатии Тоҷикистон; ворид гардидани Тоҷикистон ба ҷомеаи байналмилалӣ ва барқарор намудани робитаҳои дипломатӣ бо тамоми кишварҳое, ки мехоҳанд бо Тоҷикистон ҳамкориҳои баробарҳуқуқ ва мутақобилан судмандро ба роҳ монанд.
Дар ин маврид, бояд ташаббуси созандаи Пешвои миллатро ба таври хос зикр намуд, ки дар оғози Истиқлолияти давлатӣ бо тақсим намудани 75 ҳазор гектар замин, тавонистанд мардумро аз гуруснагӣ наҷот диҳанд.
Тамоми он нақшаҳое, ки дар ин муддат тарҳрезӣ гардида буданд, бошарафона иҷро шуданд.
Аз дурии 30-сол агар ин нақшаҳои ба миён омадаро таҳлил намоем, ба таври баръало намоён аст, ки дастовардҳои мамлакат дар ин муддат таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шоёни таҳсин ва мояи ифтихори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аст.
Ҳамзамон, бояд тазаккур дод, ки он ҳаводисе, ки 30-сол пеш дар Тоҷикистон ба вуқуъ пайваст, дар таносуб бо он дигаргуниҳои хатарзое, ки дар ҷаҳон мегузаранд, шуруъ аз «баҳори араб», то ба инқилобҳои «ранга» ва «лолагӣ», минҷумла дар баъзе кишварҳои минтақаи Африқои Шимолӣ, Шарқи Наздик ва Миёна, ки дар ҷараёни онҳо триллион доллари ИМА барои нобуд сохтани терроризми байналмилалӣ, экстремизм ва барқарории сулҳу субот сарф мегардад, хизмати бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳамияти боз ҳам бештари таърихӣ ва тақдирсозро ба худ касб менамояд. 
Танҳо мавзуи богашти муҳоҷирини иҷбории Тоҷикистон аз хориҷи мамлакат ба ҷойҳои муқимиашон, ки теъдоди онҳо болотар аз як миллион буд, аз ҷумлаи он ибтикороти Пешвои муаззами миллат ба шумор меравад, ки дар партави ҳодисаҳои имрӯзи ҷаҳон мавриди таҳсин аст.
Табиист, ки аз ҷумлаи он шоҳкориҳои бешумору беназире, ки Сарвари давлат дар баробари манфиатҳои миллии Тоҷикистон анҷом додаанд, барҷастатарини онҳо, барқарории сулҳу суботи устувор дар мамлакат ба шумор меравад, ки санади таърихии он таҳти унвони Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ дар Тоҷикистон, 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва ба имзо расида, мавриди омӯзиши ҷомеаи башарӣ қарор дорад.
Аммо, чуноне, ки таърихи ҳаллу фасли низоъҳо дар ҷаҳон нишон медиҳад, нақши таърихӣ ва тақдирсози шахсиятҳо дар ин росто бунёдӣ аст, ки нишонаи барҷастаи он ҷоннисориҳои бемисли Пешвои муаззами миллат ба ҳисоб мераванд. Аз раванди музокироти байни тоҷикон танҳо даври панҷуми онро метавон мисол овард, ки он муддати 75 рӯз идома ёфтааст ва таърихи музокироти дипломатӣ чунин ҷараёнро ёд надорад. Яъне, дар ин миён шартҳое ба вуҷуд меомаданд, ки ҳадафи онҳо ҳалли мушкилоти имконнопазир буд. Аммо бо вуҷуди ин ҳама, Пешвои миллат ба хотири манофеи миллии Тоҷикистон, ки миллионҳо нафар дар мамлакат чашм ба сӯйи ин шахияти таърихӣ дӯхта буданд, мушкилтарин шартҳоро пазируфт, то дар хонадони тоҷикистониҳо сулҳу суботи деринтизор таъмин гардад.
Маврид ба зикр аст, ки ин дастоварди нодир аз ҷониби собиқ Котиби Генералии Созмони Милали Муттаҳид Кофи Аннан низ ҳамчун таҷрибаи омӯзанда иброз шуда буд.
Даҳаи сеюм, идомаи он шоҳкориҳои Пешвои миллат аст, ки тавонистанд, дар кишвар се ҳадафи муҳими стратегӣ: таъмини амнияти озуқаворӣ, таъмини амнияти энергетикӣ ва баровардани мамлакат аз  бунбасти коммуникатсиониро ҳал намоянд.
Дар заминаи дастовардҳои муҳими иҷтимоию иқтисодӣ, ҳадафи чаҳорум - саноатикунонии босуръати мамлакат идома дорад.
Дар ин роҳи пуршарафи таърихие, ки кишвари мо бо дастовардҳояш тай намудааст, Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кору пайкори беназир ва номи пуршарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавъам аст ва ин амалҳои шоистаи таҳсин нишонаи дурахшон ва қутбнамо барои наслҳои оянда ба шумор меравад.
 
Муҳаммадӣ САФОЛЗОДА


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.10.2021    №: 210 - 211    Мутолиа карданд: 602
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед