logo

иҷтимоиёт

САҲМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР РУШДИ СОҲАИ ТАНДУРУСТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

 
Соҳаи тандурустӣ аз соҳаҳое ба шумор меравад, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба он таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд. Умуман, ҳифзи сиҳатии мардум аз масъалаҳое мебошад, ки дар маркази диққати Пешвои миллат қарор дорад. Маҳз бо дастгирӣ ва роҳнамоиҳои Пешвои миллат тайи чанд соли охир тандурустӣ дар кишвар рушд намуда, соҳаи фармасевтӣ ба талаботи замон мутобиқ гардид. Дар ҳамин замина, Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ки яке аз сохторҳои калидии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба ҳисоб меравад, ба муваффақиятҳои чашмрас ноил гардид. 
Бар дӯши ин хадамот назорати иҷрои қонунгузории соҳа ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳавӣ вогузор аст. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ ин сохтор дар чанд шакл фаъолият кардаву то ба як хадамоти воҳид ташаккул ёфт. Хадамот бо ҳама зерсохторҳояш шабонарӯзӣ баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ кор пеш  мебарад. Хусусан, дар давраи бисёр ҳассосу мушкил, ки бемории COVID-19  оламро фаро гирифт, мутахассисон ба реҷаи кории шабонарӯзӣ гузаштанд. Ин муддат бо ташаббуси Пешвои миллат марказҳои саломатии вилоят бо ваксинаи зидди бемории  COVID-19 таъмин гардида, сокинон ройгон ба эмкунӣ фаро гирифта шуданд. Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон, ки зерсохтори хадамоти мазкур аст, ҳоло низ аз рӯйи реҷаи шабонарӯзӣ  фаъолият дорад.
Тули солҳои охир дар вилоят ҳам дар бахши хусусӣ ва ҳам дар бахши давлатӣ муассисаҳои зиёди тиббӣ ва истеҳсоли маводи дорувор ба фаъолият шуруъ карданд. Бо ташаббус ва роҳнамоии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳибкорони кишвар ба соҳаи тандурустӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуданд, аз ҷумла дар вилояти Хатлон низ. Бо дастгирии мардони баору номуси вилоят даҳҳо марказ ва муассисаҳои табобатию таълимӣ сохта ба истифода дода шуданд. Мавриди истифода қарор гирифтани бунгоҳҳои тиббӣ дар ноҳияҳои дурдасти вилоят боиси фароҳам омадани ҷойҳои нави корӣ гашт.
Тибби хусусӣ низ зиёд рушд кард. Зимни сафари охирини Пешвои миллат дар ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ, Вахш, Кӯшониён чанде аз муассисаҳои хусусии тандурустӣ мавриди истифода қарор гирифтанд, ки ин ҳама ба хотири баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ мебошад. Ҳоло дар маҷмуъ дар вилоят 103 муассисаи хусусии тиббӣ дар хидмати мардум аст. 
Чизи дигаре, ки зикраш зарур мебошад, ин аст, ки  қариб кулли муассисаҳои тиббии вилоят ба дастгоҳҳои наву замонавӣ муҷаҳҳаз шуданд, ки ин  ҳам кори табибонро осон намуд, ва ҳам имкон фароҳам овард беморон сари вақт ва дақиқ ташхис шаванд. 
Бо дастгирии соҳибкорон дар ҳамаи муассисаҳои соҳаи тандурустии вилоят шуъбаҳои ташхис азнавсозӣ ва бо технологияҳои нави замонавӣ таъмин шудаанд. Мақсади ба бахши хусусӣ додани ташхисгоҳҳо ин баланд бардоштани сифати кори онҳо тавассути васлу истифодаи фанновариҳои ҷадид мебошад. Чунончи тайи ду соле, ки бемории ҳамагири COVID-19 дар тамоми дунё паҳн шуд, бахши хусусӣ барои ташхису табобати шаҳрвандон хизмати зиёд кард. Дар баробари хизматрасонии пулакӣ онҳо корҳои хайриявии бисёр низ  анҷом доданд. Яъне, ба мардум хусусан онҳое, ки камбизоатанд ройгон хидмат намуданд. Дар ин росто рушди соҳаи фармасевтӣ, ки  таъмини аҳолӣ ва муассисаҳои тандурустиро бо маводи зарурии доруворӣ ва молҳои тиббӣ бар дӯш дорад, наметавон нодида гирифт. Воқеан, соҳаи фармасевтӣ дар вилояти Хатлон зиёд рушд кард. Пешвои миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо изҳори нигаронӣ пайваста таъкид менамуданд, ки бо вуҷуди он, ки дар кишвар садҳо рустании шифобахш дорем, имрӯз қисми бештари маводи доруворӣ аз хориҷи кишвар ворид мегардад. Ба ин хотир, Пешвои миллат пайваста дастур медиҳанд ва чораҳои зиёд меандешанд то саноати дорусозӣ дар кишвар рушд намояд. Дар пайи иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат соҳаи фармасевтӣ дар вилояти Хатлон рӯ ба рушд ниҳод. Ҳоло Хатлон яке аз вилоятҳои содиркунандаи маводи тиббӣ ба ҳисоб меравад. Тайи солҳои охир дар миқёси вилоят корхонаҳои истеҳсоли маводи доруворӣ ва маводҳои фаъоли биологию молҳои тиббӣ ба фаъолият шуруъ карданд. Ҳоло маводи фаъоли биологӣ ба кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон, аз ҷумла Ҷопон, Чин содирот мешавад. 
Ин ҳама мисолҳое, ки овардем, намунаи камтарини муваффақиятҳои соҳа буданд, ки дар партави дастгириҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадаанд. Ва ин охири кор нест. Ҳоло дар  вилоят корҳои сохтмонии муассисаҳои тандурустӣ идома доранд ва бо боварии комил метавонам гуфт, ки дар чунин фазои барои кору фаъолият мусоид моро комёбиҳои аз ин ҳам бештар дар пеш аст.
 
Маҳмадҷон АБДУЛҚОДИРЗОДА,
сардори сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 
дар вилояти Хатлон
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.10.2021    №: 210 - 211    Мутолиа карданд: 473
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед