logo

иҷтимоиёт

ПАНДИ ПИРМАРДИ САДСОЛА

 
Ҳаштуми майи соли 2021. Роҳбари синфи даҳуми Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии  № 18 - и деҳоти Зумради шаҳри Исфара Нигина Эгамова ҳамроҳи хонандагони ин синф ба аёдат ва табрики иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ пирмарди садсола Баҳодур Абдулхайров рафтанд. Ҷанговар, ки рӯйи кат дароз кашида, чашм ба берун дӯхтаву ниҳолу дарахтони гулпӯшро тамошо дошт, онҳоро дида аз ҷой хесту одоби қабул ба ҷо овард. Туҳфаи хоксоронаю дастагули хушрангу муаттарашонро қабул намуда, арзи сипос кард. Омӯзгор пас аз аҳволпурсӣ хоҳиш намуд, ки аз саргузаштҳои ҷангиаш ҳикоя кунад. Пирмард лаҳзае ба олами андешаҳо рафт, пас лаб ба сухан кушод.
 
- Саргузаштҳои ҷангии ман мисли саргузаштҳои қаҳрамонони филмҳо ва китобҳост. Аз фурсати мусоид истифода бурда, агар розӣ бошед, баъзе гапҳоямро бигӯям, шояд бароятон чун нӯшдору лозим шуда монад. 
Азизонам, - шукр, синнам аз сад гузашт. Дар ин умри дароз азобу роҳат ва ғаму шодии зиёде дидам. Аммо акнун дар чунин даврони саодатмандӣ, ки гузаштагонамон ҳазорон сол боз дар орзуяш буданд, зиндагӣ дораму ба чашмонам бовар намекунам. Вақте шумо барин ҷавон будам, аксари рӯзҳо гурусна мегаштам. Одамон ба буридаи нон зор, ҳатто бойҳо либосҳои карбосӣ ва калӯш мепӯшиданд. Ҳамон калӯшкуҳнаашон ҳам даридагӣ ва чанд дарбеҳ дошт. Соли 1917 инқилоб ғалаба кард. Барои ҳокимият мубориза  сар шуд. Ғоратгариҳои босмачиён хурду калонро ба даҳшат афканд. Оқибат ҳукумати коргару деҳқон мустаҳкам шуд, аммо соли 1937 таъқибот, пас оҳи сабуке накашида, Ҷанги Бузурги Ватанӣ оғоз ёфт. Ихтиёрӣ ба набард рафтам. Ғалаба насиби мо гардид. Пас аз ҷанг барқароркунӣ сар шуд ва, ниҳоят, мардум ба рӯзҳои нек расида, дар амонӣ, осудаҳол зиндагӣ мекарданд. Аз 70 соли даврони шуравӣ ҳамагӣ 20 солаш некайёмӣ буд ва касоне, ки он вақт зиндагӣ кардаанд, тавсифаш мекунанд. Аммо росташро гӯям, ҳамон зиндагии таърифӣ ҳам мисли ҳозира озодона, рангин ва ширин набуд. Шумоён дар замони истиқлол умр ба сар бурда истодаед. Чеҳра, либос ва гашту гузоратонро дида ҳавасам меояд. Ба хонаю дар, шароити зиндагӣ, нозу неъматҳо ишора карда, ба ҳамзамонон мегӯям, ки пештар ин гуна рӯзгори пурбаракат набуд. Мошинҳои гуногуншаклу гуногунтамға дар роҳу кӯчаҳо қатор-қатор. Аксарияти оилаҳо соҳиби нақлиёт. Агар дар бораи ҳамаи дастовардҳои 30 соли Истиқлол гап занем, чандин китоб мешавад. Аммо, фарзандонам, дар ҳамаи давру замонҳо мо - тоҷикон сатҳи зиндагиро ба таъминот бо нон вобаста мекардем. Ёд дорам, зимистони соли 1992 буд. Субҳ ҳанӯз чашми рӯз накафида, ба саҳни мағозаи маҳалла ҳозир мешудам. Ҷавону пир интизори нон. Духтаракони шаш-ҳафтсола дар пой калӯш рӯйи бетони барфпӯшу яхбаста аз шиканҷаи сардӣ почак мезаданд. Ниҳоят мошин меомаду ҳар кас як-ду нони насиби оилаашро гирифта, хурсандона ба манзил мешитофт.  Рӯзе ба духтараки шашсола, ки аз сардӣ меларзид, нон нарасида монд. Чунон гиря кард, ки дилам об шуд. Як нонамро додам. Пиразани аз сардӣ ларзидаистода ҳам ноне ба ӯ дода оромаш намуд. Он солҳо дар шимоли Ватанамон амонӣ ҳукмфармо буд, кам бошад ҳам нон ёфт мешуд, аммо ҷануб дар оташи афрӯхтаи хусумати бегонагон ва бегонапарастон месӯхту нобакорон роҳҳоро баста, мардуми минтақаи Кӯлобро аз гуруснагӣ ба ҳалокат расондан мехостанд. Хусумати бегонагон ва бегонапарастон гуфтам, ҳайрон нашавед. Нигоҳи бади баъзе муғризон то ба кунун сӯйи мо равона. Профессор Ричард Фрай аз ИМА гуфтааст: «Ин ҷо Осиёи Марказӣ, маркази дунё аст. Аз Чин, Ҳинд, Россия, Эрон, Миср ба ин ҷо роҳҳои тиҷорату маданият пайвастаанд. Аз ин лиҳоз ин сарзамин бисёр аҳамият дорад». Оре, аз ҳама мудҳиштараш дар аввали соли 1992 аксарият ноумеду дилсард аз ҳаёт буданд. Мепиндоштанд, оташи ҷанг доман паҳн мекунаду он ба шимол ва ҳатто ба ҷумҳуриҳои ҳамсоя ҳам мерасад. Ҳайрон монда, аз худ мепурсидам, ки чаро чунин аст? Моҳи ноябри соли 1992 дар дилҳо шуълаи умед фурӯзон гардид. Иҷлосияи таърихӣ баргузор шуд. Ҷавонмарди чилсола ба майдони сиёсат ва давлатдорӣ ворид гардида, гуфтанд, агар лозим ояд, барои барқарор кардани сулҳ ҷонамро фидо мекунам. То як гуреза дар хоки бегона аст, ором хобида наметавонам. Ва муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муддати панҷ сол - аз ҳамон лаҳзаи ваъдадода то 27-уми июни соли 1997 шабу рӯз ҷонбозӣ карда, ба даруни оташу тиру туфанг даромада, сулҳи мисли обу ҳаво гаронқадрро фароҳам ва гурезаҳоро ба сарзамини ҷонпайванд оварданд. Ва фарзанди сарсупурдаи миллат дар ҳақиқат, ҷонбозӣ карда оташи хонумонсӯзро хомӯш намуданд. Ин амали бузургро некӯ ба иҷро расонданд. Таҷрибаи сулҳи тоҷиконро, ки Эмомалӣ Раҳмон фароҳам оварданд, сиёсатмадорон, олимону муаррихони бузурги дунё омӯхта, баҳо дода, муъҷизаи олами сиёсат гуфтанд. Баъдан борҳо шунидаму хондам, ки намояндаҳои дигар халқу миллатҳо мегӯянд: «Шумоён - тоҷикон нишон дода тавонистед, ки доно, тавоно, созандаю ободкоред ва Сарвари хирадманду дурандешу бузург доред. Суханони Пешвои тоҷикон аз таҳти дил садо медиҳанд ва аз минбарҳои баланди ҷаҳонӣ танинандоз гардида, саросар ҷомаи амал мепӯшад». Пас аз ҳамаи ин, фарзандонам, ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муҳаббатам садчанд гардид, эътимодам қавӣ гашт, дилам лабрези шодӣ ва орзуҳо шуд. Ҷавонмарди қавлу амалашон як, ҷасуру далер, баробари ин раҳмдилу ғамхору меҳрубонанд. Сулҳ меорам гуфтанд – оварданд, гурезаҳоро бармегардонам гуфтанд - баргардонданд. Баъди ҳамаи ин ҷонбозиҳою давлатсозиҳо ба созандагию бунёдкорӣ оғоз бахшиданд. Дар як вақти назди ченаки таърих кӯтаҳе афсона ба ҳақиқат табдил ёфт. Роҳҳо ва нақбҳое бунёд шуданд, ки солҳои зиёд тоҷикон дар орзуяшон буданд. Манзилҳо ва дилҳо пайваст гардиданд.
Зиндагӣ, фарзандони азиз, торикӣ ҳам доштаасту рӯшноӣ ҳам. Шояд, ёд дошта бошед? Чанд сол пеш шабу рӯз аз бебарқӣ азоб мекашидем, манзилҳо ва дилҳо торик буданд. Пешвоямон гуфтанд: «Ноил шудан ба истиқлолияти комили энергетикӣ бе сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» ғайриимкон аст. Роғун манбаи нури ҳар як хонадон, гармии қалби ҳар як фарди Ватан, сарчашмаи иқболу сарбаландии мардуми тоҷик, кафолати рушди босуботи Тоҷикистон ва нуфузу обрӯйи давлати соҳибихтиёри тоҷикон мебошад. Бо ҳамин сохтмони бузурги аср, иншооти тақдирсоз, неругоҳи ҳаётан муҳим, ки орзуи деринаи равшандилон буд, бо маром идома ёфт. Худашон бо азму иродаи шикастнопазир сари чанбари булдозери муқтадир нишаста, пеши оби Вахши саркашро баста, ром намуданд. Роғуни афсонавӣ бунёд шуду ҳатто мухолифони боварнадошта кафкӯбӣ карданд. 
Дар бораи ҳамаи комёбиҳо гап занам, рӯз шаб мешаваду шаб рӯз. Ҳамин тавр обрӯйю эҳтироми миллат ва давлатамон дар миқёси ҷаҳон сол ба сол афзуда, обрӯю эҳтироми Пешвои тоҷикони ҷаҳон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон байни сарварони мамлакатҳои бузурги дунё торафт зиёда гардида истодааст, ки аз ин ифтихор мекунам. Чаро ман ба шумоён ҳамаи ин гапҳоро гуфта истодаам? Медонед-а? Қадршинос бошед. Ба қадри Ватану ҳамватан бирасед. Донис-та монед, ки дар ҷаҳони имрӯза, ба фармудаи Президентамон ҳамаи халқҳоро омезиши глобалии фарҳангӣ, иқтисодӣ ва иттилоотӣ интизор аст. Вале мо тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳем, ки ба ин ҷараён ворид шуда, симои худро нигоҳ дорем ва ба фоҷиаҳои асри бист роҳ надиҳем. 
Ватани азизу бо ҷону дил баробари мо - Тоҷикистон 9-уми сентябри соли 1991 Истиқлоли давлатиро соҳиб шуд. Аммо… Аммо то моҳи ноябри соли 1992, то Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон давлат бо ном вуҷуд дошту бесарусомонӣ ва беҳокимиятӣ буд. Аз ин Иҷлосияи сарнавиштсоз оғоз карда давлатсозӣ шуруъ шуд ва ин давлати шукуфони моро муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд сохтанд. Бинобар ин, бо қатъият мегӯям, ки Асосгузори давлати навини Тоҷикистон маҳз муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонанд ва мехоҳам, ба ҳамаи амалҳои хайрашон шарик бошам, аммо… Аз дасти мани пир коре намеояд, фақат нисбаташон, нисбати ҳамаи ватандӯстон дуои нек мекунам. Ба Офаридгор зорӣ мекунам, ки Тоҷикистон ва ҳамватанонамро аз ҳамаи офатҳо, беморию мусибатҳо дар паноҳаш нигаҳ дорад. Бигзор Ватани ҷоноҷонамон ҳамеша сабзу хурраму шукуфон бошаду таҳти роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба биҳишти рӯйи замин табдил ёбад. Шумоён, ки ҷавонеду аз дастатон кор меояд, бояд омӯзед, заҳмат кашед ва орзуҳои Пешвоямону орзуҳои ҳамватанонро ҷомаи амал пӯшонед.
Муаллима ва хонандагон аз суханҳои пирамарди садсола як дунё ғизои маънавӣ гирифта, аз манзили ӯ берун баромаданд. Осмон соф,  Офтоб оламоро саховатмандона нур мерехт ва аксарияти бачаҳо ҳис карданд, ки дар вуҷудашон оташу нури гарму гуворои меҳру муҳаббати Ватан фурӯзон аст. Ифтихор доштанд, ки дар чунин сарзамин зиндагӣ кардан насибашон гаштааст. Тайёр буданд, ки барои боз ҳам ободу шукуфон ва сабзу хуррам гардидани сарзамини биҳиштосо зиндагӣ ва кор кунанд. 
 
Субҳон ЁДГОРӢ, 
омӯзгори МТМУ № 18, шаҳри Исфара


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.10.2021    №: 210 - 211    Мутолиа карданд: 572
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед