logo

иҷтимоиёт

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ИДЕАЛ БАРОИ ҶАВОНОН

Камина бо ифтихор иброз медорам, ки зодаи даврони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳастам! Ба бахти баланди мо роҳнамову ғамхори миллат - муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сари қудрат омаданд ва дар муҳлати кӯтоҳ оташи ҷангро хомӯш карданд ва мардум ба зиндагии осудаву маъмулӣ баргашт. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимоми идораи давлатро дар замони бениҳоят ҳассос, ки хавфи пароканда шудани миллат ва аз байн рафтани давлат бармало эҳсос мегардид, бар уҳда гирифтанд ва дар як муддати кӯтоҳ шуълаи умедро ба фардои дурахшон дар қалби ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ фурӯзон намуданд. 

МУТТАҲИД БО ПЕШВО
Ин буд, ки меҳнаткашон, модарону хоҳарони мушфиқ, пирони рӯзгордидаву ҷавонони ғайратманд, чашми ростбин, гӯши ҳақшунав, ақли бедору хиради дурбин, забони ҳақгӯву табъи нуктасанҷ ва ҳазорҳо бозуи қавӣ зери сиёсати оқилонаи Пешвои миллат муттаҳид гардида, дар ободиву пешравии Тоҷикистон камари ҳиммат бастаанд.
Фаъолияти давлативу ҷамъиятии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оинаест, ки дар он мавқеи миллати тоҷикро бо ҳама шаҳомат ва шуҳраташ сарфаҳм рафта, ба ин восита қадаме ба сӯйи хештаншиносӣ ва худогоҳӣ ниҳода, бо диди ибрат дурнамои кишварро муайян карда метавонем.
Андешаҳои созандаи Пешвои миллат омили пешбаранда ва такмилдиҳандаи давлати миллии тоҷикон буда, аз марҳилаҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар то имрӯз ба ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд ва бо ин муҳаббат, ғамхориву самимияти падарона меҳри қишри созандаи ҷомеаро ба Ватан ва эҳтиромашонро ба арзишҳову муқаддасоти миллӣ афзун мегардонанд.

ҶАВОНОН ВА ИСТИҚЛОЛ
Ҷавонон дар ҳама давру замон қувваи пешбарандаи ҷомеа буда, ояндаи миллату давлат ба онҳо вобаста аст. Дар давоми 30 соли Истиқлоли давлатӣ дар самти баланд бардоштани нақши ҷавонон дар ҳаёти ҷомеа, муҳайё сохтани шароити мусоид барои таълиму тарбияи онҳо, илму касбомӯзӣ, аз худ кардани забонҳои хориҷӣ ва технологияи муосири иттиллоотию коммуникатсионӣ тамоми шароити зарурӣ муҳайё гардида, инчунин, барои амалӣ намудани ташаббусҳои ҷавонон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи мусоид фароҳам оварда шуд.
Дар самти дастгирии ҷавонон санадҳои муҳими давлатӣ қабул гардида, самтҳои фаъолияти онҳо дар шароити муносибатҳои нави сиёсиву иҷтимоӣ муайян карда шуданд. Махсусан, қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» собит сохт, ки Ҳукумат дар сиёсати худ ба ҷавонон такя карда, тарбия ва ба камол расондани насли ҷавону созандаро яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи худ медонад. 
Масъалаи сиёсати давлатии ҷавонон, нақш ва иштироки онҳо дар ҳаёти ҷомеа, яке аз масъалаҳои асосӣ дар Паёми ҳарсолаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ буда, ба ин мавзуъ ҳамчун яке аз масъалаҳои асосии давлатдорӣ ва манбаи муҳимтарини ташаккули захираҳои инсонии кишвар таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир мегардад.
 
ҶАЛБИ ҶАВОНОН БА ВАЗИФАҲОИ РОҲБАРӢ
Дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2008, № 502 бо мақсади дастгирии шахсони болаёқат ва бо назардошти талаботи иқтисодиёти миллӣ тайёр намудани мутахассисон дар муассисаҳои хориҷӣ аз ҳисоби Фонди махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тайёр намудани мутахассисон дар давлатҳои хориҷа Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон -«Дурахшандагон» таъсис дода шуд. То имрӯз садҳо ҷавони кишвар тибқи Стипендияи байналмилалии «Дурахшандагон» барои таҳсил ба хориҷи кишвар фиристода шуда, хушбахтона, аксарияти онҳо баъди анҷоми таҳсил дар соҳаҳои гуногуни кишвар муваффақона фаъолият доранд. Инчунин, барои ҳавасмандгардонии ҷавонон дар солҳои истиқлол як қатор имтиёзҳо, аз қабили стипендияи президентӣ ва номӣ, Квотаи президентӣ, грантҳои Ҳукумати Тоҷикистон барои ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар соҳаи тарбияи ватанпарастии ҷавонон, Ҷоизаи давлатии ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон, дастгириҳои давлатӣ оид ба ҷудо кардани манзил ва қитъаи замин муқаррар шуда, ҷалби ҷавонони лаёқатманд ба идоракунии давлатӣ ва пешбарии онҳо ба мансабҳои роҳбарикунанда аз ғамхории доимии Ҳукумати мамлакат нисбат ба ҷавонон аст.
Тибқи таҳлилҳо шумораи ҷавонони то 35-сола дар байни хизматчиёни давлатӣ қариб 50 фоиз ва дар ҳайати кадрҳои роҳбарикунанда 23 фоизро ташкил медиҳанд. Ҳукумати мамлакат саҳм ва нақши ҷавононро дар рушди бахшҳои гуногуни ҳаёти кишвар ҳамеша қадрдонӣ менамояд. Ҳамин аст, ки дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ зиёда аз 1000 ҷавон барои фаъолияти самаранок ва меҳнати софдилона бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз шудаанд.

АВВАЛИН МУЛОҚОТ БО ҶАВОНОН
Ҳанӯз 17 марти соли 1994 мулоқоти нахустини Пешвои миллат бо ҷавонон ба ҳайси Сарвари давлат ва Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Анҷумани якуми Иттифоқи ҷавонон доир гардида буд. Хомӯш кардани алангаи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, муттаҳид сохтани ҷавонон дар он давраи бисёр сангин ва ба фаъолияти созанда сафарбар намудани онҳо масъалаву вазифаҳои асосии мулоқот буданд. 
Минбаъд бо мақсади дастгирии ҷавонон, ташаккул ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар байни онҳо, бо шуғл таъмин намудани ин қишри фаъоли ҷомеа, дарёфт ва дастгирии истеъдодҳои нав, ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои насли ҷавон зарурати таъсиси мақоми ваколатдори давлатӣ дар самти кор бо ҷавонон пеш омад.
Бинобар ин, моҳи майи соли 1997 Қарори Ҳукумати мамлакат доир ба таъсиси Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, 23 май ҳамчун Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон эълон шуд. 
Аз солҳои таҳсили 1997 – 1998 сар карда, барои ба таҳсил фаро гирифтани духтарони лаёқатманд аз ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон Квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфта, ба он аз соли 2005 писарони болаёқат низ шомил гарданд.
 
ШУРОЕ, КИ ҶАВОНОНРО БО ПЕШВОИ МИЛЛАТ НАЗДИКТАР МЕКУНАД
Ба хотири таҳкими робита миёни Президенти кишвар ва ҷавонони мамлакат соли 2015 дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шурои миллии кор бо ҷавонон таъсис дода шуд, ки ҳадафи асосии он татбиқи самараноки сиёсати давлатии ҷавонон ва мусоидат дар амалӣ намудани пешниҳоду ташаббусҳои онҳо мебошад. Аз ҷониби Президенти мамлакат роҳбарӣ намудани Шурои мазкур намунаи олии эҳтиром ва эътимоди роҳбарияти олии сиёсии кишвар ба ҷавонон мебошад.
Шурои мазкур, ки дар назди раисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо низ амал мекунад, ҳамчун майдони муҳими баррасии масъала ва мушкилоти соҳаи ҷавонон, дарёфти роҳҳои ҳалли онҳо ва дастгирии ташаббусҳои созандаи ҷавонон васеъ истифода мешавад.
Бо назардошти саҳми ҷавонон дар рушди ҷомеа ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти иқтисодиву сиёсии мамлакат соли 2017 - Соли ҷавонон эълон карда шуд, ки ба таҳкими бештари нақши ҷавонон дар ҷомеа ва фароҳам овардани шароити беҳтар барои онҳо мусоидат намуд.
 
2700 МЕДАЛ ДАР ПАНҶ СОЛ
Яке аз самтҳои асосии дастгирии ҷавонон андешидани тадбирҳои зарурӣ доир ба рушди варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим мебошад. Зеро варзиш муҳимтарин шуғли инсон, хоса ҷавонон буда, воситаи муассири беҳдошти саломативу таблиғи тарзи ҳаёти солим ба ҳисоб меравад ва барои таҳкими дӯстии одамон, муаррифии давлату миллат дар арсаи байналмилалӣ нақши бузург мебозад.
Варзишгарони тоҷик танҳо дар панҷ соли охир дар мусобиқаҳои байналмилалӣ зиёда аз 2700 медал, аз ҷумла 783 тилло, 759 нуқра ва 1175 биринҷӣ ба даст оварда, ба шарофати пирӯзии онҳо Парчами Тоҷикистон борҳо дар фазои байналмилалӣ парафшон гардид.
Дар натиҷаи таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати мамлакат ба ин соҳаи муҳим ҳоло шумораи мактабҳои варзиш ба 128, варзишгоҳ 124, майдончаи варзиш 7301, толори варзиш 1807, ҳавзи шиноварӣ 92 ва иншооти махсуси варзиш ба 792 – то расидааст.
 
САНАДҲОЕ, КИ РОҲИ ҶАВОНОНРО МУШАХХАС КАРДАНД
Аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ як қатор барномаҳои давлатӣ доир ба дастгирии ҷавонон, баланд бардоштани мавқеи онҳо дар ҷомеа, беҳтар намудани вазъи иҷтимоии ҷавонон қабул шуданд, ки ҳар кадоме дар ҳаёти ҷавонон нақши муҳим бозиданд.
Дар ин давра «Барномаи миллии ҷавонони Тоҷикистон», «Барномаи давлатии тарбияи ватанпарастии ҷавонони Тоҷикистон», «Барномаи рушди саломатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 - 2018», «Консепсияи миллии сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон то соли 2020» қабул гардиданд, ки ҳамаи онҳо, дар маҷмуъ, барои татбиқи самараноки  сиёсати давлатии ҷавонон заминаи мусоид фароҳам оварда, мавқеи ҷавононро дар ҷамъият боз ҳам устувор гардонданд.
Ин санадҳои муҳими давлатӣ ҷалби ҷавононро ба корҳои созанда вусъат бахшида, иштироки фаъолонаи онҳоро дар бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявии Тоҷикистон таъмин намуданд, ки ҳамаи ин аз баракати соҳибистиқлолӣ ба даст омадааст.
 
МАСЪУЛИЯТИ БЕШТАР МЕБОЯД
Бояд гуфт, ки  дар шароити ташаннуҷи рӯзафзуни авзои сиёсии ҷаҳон ва тағйиру таҳаввулоти босуръати он, инчунин, торафт вусъат гирифтани низоъҳои байнимазҳабӣ ва авҷи ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ зиракии сиёсии ҷавонон аҳамияти бағоят бузург касб менамояд.
Гаравидани баъзе ҷавонон ба ҳизбу созмонҳои ифротиву террористӣ  боиси нигаронӣ буда, мақомоти давлатиро вазифадор менамояд, ки барои гирифтани пеши роҳи ин амалҳои номатлуб чораҳои қатъӣ андешанд ва корҳои тарбиявиро дар байни ҷавонон боз ҳам тақвият бахшанд.
Ҳамаи ин ғамхориҳои Пешвои миллат нисбат ба мо – ҷавонон дар баробари ифтихор бояд масъулияти моро бештар созад. Зеро шароите, ки имрӯз барои мо зодагони даврони истиқлол фароҳам оварда шудааст, бисёре аз ҷавонони дунё онро танҳо орзу мекунанд. Зиндагии талху ба хун оғӯштаи имрӯзи мардум, бахусус ҷавонони кишвари дӯсту ҳамсояи мо  - Афғонистон бояд барои мо далели бебаҳс ва намунаи ибрат бошад. 
Чунин ҳолат бояд моро дар атрофи Пешвои миллат боз ҳам муттаҳид гардонад, то нагузорем ҳеҷ нокасе ба хоки сарзамини мо пой гузорад. Зеро бисёр абарқудратҳо ба хотири пиёда кардани ҳадафҳои геополитикии худ ба кишварҳои рӯ ба тараққӣ “чашм ало” карда, ба ҳар роҳ мақсадҳои ғаразноки худро амалӣ кардан мехоҳанд. Танҳо иттиҳоду ҳамдилӣ метавонад моро ба фардои боз ҳам дурахшон раҳнамун созад!
 
Лашкар ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият”
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.10.2021    №: 210 - 211    Мутолиа карданд: 2146
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед