logo

сиёсат

СИМОИ МИЛЛАТ

 
Дар ҳазор сол як бор иттифоқ меафтад, ки як фард дар сарнавишти таърихии ин ё он миллат пешгом бошад ва тани танҳо тавонад маҳбуби ҳамаи халқ гардад ва ҳамагӣ ӯро дӯст доранд. Гоҳо мешавад, ки кас як инсонро ба худаш қарибу қарин карда наметавонад, чи расад ба ҳам овардани ҳазорон дил.
Бале, дар давоми ҳазор соли сипаришуда, пас аз Исмоили Сомонӣ шахсияте рӯйи кор омад, ки ҳама ӯро дӯст доштанд. Ин фарди камназир Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Ӯ як инсони ғайримунтазир, аз ҳама фарқкунанда ва мубораку маҳбуб буду мемонад. Сиёсатмадори бузург Эмомалӣ Раҳмон чун пажӯҳишгар бо як ихтироъ рӯзгори  мардумро дигаргун кард, кашфи ваҳдат, бо як шеър мисли шоир мардумро ба одамият даъват кард, шеъри сулҳ, монанди санъаткор бо як нақш – нақи сулҳофаринӣ дилу дидаҳоро тасхир намуд.
16 ноябри соли  1992 дар Иҷлосияи шонздаҳум, ки барои халқи мо таърихист, дар замони бисёр муташанниҷ барои кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба сари давлат омаданд. Он замон ҷавонмарди чилсола буданд. Таърих гувоҳ аст, ки он замон шаҳри Душанбе харитаи марг буд, ҳама аз ин хоки ваҳмноку маргбор мегурехтанд. Ҳазорҳо нафар рӯ ба гурез ниҳоданд, Ватану манзилу макони худро раҳо намудаву фирор карданд. Аҳли хурофоту ҷаҳолат миллати ғайри тоҷикро аз кишвар бо таҳқиру таъна меронанд. Ҳама субҳ бо хабари нохуше аз хоб бедор мешудему мегуфтем, эй кош бедор намешудем. Умри ҷавони насли мо дар навбатпоиҳои дари мағозаҳо барои порае нон мегузашт. Мардум аз гуруснагӣ мемурд, кӯдакон аз гуруснагӣ варамида дар оғӯши модар ҷон месупурданд.  Аз ин бадтар фоҷиа набуд. Дар чунин рӯзҳои ваҳшату даҳшат симои Эмомалӣ Раҳмон чун офтоби бовар дурахшид. Симои офтобии Эмомалӣ Раҳмон дар оинаи таърих ба чеҳраи тобноки Тоҷикистони азиз табдил ёфт. Пайваста ин офтоб кишварро аз торикӣ ба равшанӣ мебурд, дилҳоро ба фардо гарм мекард ва ниҳоят аз оинаи давлату Ҳукумат ба оинаи адабиёту фарҳанг роҳ ёфт.
Симои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аллакай, бо рангорангтарин, муҷаллотарин меҳру муҳаббат ва зеботарин вожаҳо тасвир шудааст ки ҷовидона хоҳад буд. Меҳру муҳаббати халқ ба инсоне ки маҳбуби ӯст, олитарин рутба рутбаи бебаҳоӣ ва нотакрориро хоҳад дод, бошарафтарин инсон соҳиби муҳаббати  халқ мешавад. Ин бешубҳа, лутфи Илоҳиву муъҷиза аст, ки ҳар кас Эмомалӣ Раҳмонро мешиносад, аз сифатҳои дурахшони инсонияш ҳарф мезанад ва ӯро дуст медорад. Онҳое, ки замоне ӯро шояд намефаҳмиданду дастгирӣ накардаанд, бо хиҷолат меҳри худро барояш иброз доштаанд, зеро намешавад офтобро инкор кард ва субҳро, нурро дӯст надошт.
Владимир Путин, Президенти Россия, яке аз сиёсатмадорони бузурги ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмонро чунин сифат мекунад: “Эмомалӣ Раҳмон яке аз симоҳои барҷаста буда, дар байни сиёсатмадорони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мавқеи намоёнро ишғол мекунад. Ин беҳуда нест. Тасмиму ҷаҳди ӯ аз он шаҳодат медиҳад, ки дар Тоҷикистон раванди сулҳ тавре пойдор аст, ки назираш дар ҳеҷ як мамлакате, ки чунин вазъияти муташанниҷ дошт, дида намешавад. Ҳар он чи оид ба ин масъала дар Тоҷикистон амалӣ гардидааст, мисоли хубест барои бисёр халқҳову мамолики дигар”.
Аз ин ҳақиқатнигорӣ бармеояд, ки Президенти Россия тамоми корномаҳои давлатдории  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро муфассал омӯхтааст. Вақте Пешвои мо мавриди омӯзиш ва эътирофи бузургтарин сиёсатмадорони ҷаҳон ҳастанд, маълум мешавад ки таҷрибаи сиёсиву давлатдорияшро дар аксарияти давлатҳои ҷаҳон намунаи ибрат медонанд.
Пешвои миллати мо аз оғоз ғамшарику шодишарики ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошанд. Дар ҳар хонадон мисли одами худӣ азиз ҳастанд. Дидору суҳбати шевои ин марди бузург барои мардум орзу асту ифтихор.
Пешвои миллати моро бузургтарин адибон сиёсатмадорон роҳбарони давлатҳо эътироф кардаанд, дӯст дош-таанд, қоил шудаанд. Александр Лукашенко, Президенти Ҷумҳурии Беларус чунин фармудааст: “Тоҷикони сарбаланду меҳнатдӯст, боистеъдод ва меҳмоннавоз, воқеан ҳам, бо ҳамватани худ - Эмомалӣ Раҳмон ифтихор мекунанд. Он сиёсати оқилона, ки ин мард пеш мебарад, мамлакаташро ҳифз намуд, ба ин замин сулҳу осоиш овард. Ва инро на танҳо Шумо қадр мекунед, мо ҳама аъзои ИДМ ин хидмати наҷибро қадр мекунем, зеро сулҳу осоиш дар замини шумо сулҳу осоиш ҳам дар Беларуси мо, ҳам Россия, ҳам дигар давлатҳост”.
Александр Лукашенко Президенти моро чун наҷотбахши миллати тоҷик эътироф кардааст ва таъкид мекунад,  ки ин инсони нотакрору нобиғаи роҳи сиёсату давлатдорӣ, дар ҳақиқат, маҳбуби халқ аст  ва  на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар арсаи ҷаҳон чун шахсияти нодири ҷаҳонӣ ошност.
На танҳо сиёсатмадорони машҳури олам, балки  адибоне ки шуҳрати ҷаҳонӣ доранд, арзи эҳтироми худро ба Эмомалӣ Раҳмон изҳор карда, номи бошарофати ӯро гиромӣ доштаанд. Чингиз Айтматов фармуда: “Дар симои Президент Эмомалӣ Раҳмон ман тимсоли ҳақиқии мардуми тамаддунофари тоҷикро мебинам ва бо итминон таъкид менамоям, ки ин бузургвор бо зинда кардани номҳои алломаҳои миллат номи худро низ ҷовидонӣ мегардонад. Зеро танҳо сулҳу осоиштагӣ, тинҷию фаровонӣ оварданаш ба рӯзгори одамон ӯро ба мақому манзалати олӣ баровардааст. Аз тоҷики бузургвор дигар чизро умедвор шудан ҳам нашояд”.
Гул-гул шукуфтани маданияту фарҳанг ва адаби замони Истиқлоли Тоҷикистон аз дастгириву ғамхориҳои Пешвои миллат сарчашма мегирад. Агар давлат пойдору рӯзгор амон набошад, ҳеҷ гоҳ рушду равнақи илму фарҳанг имкон надорад. Устод Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ дар бораи хидматҳои Сарвари давлат дар рушду равнақи забони миллат чунин фармуда: "Фаъолияти Президенти Тоҷикистон ба устувор кардани истиқлоли фарҳанги тоҷикон равона гардидааст. Суханҳои олиеро, ки Эмомалӣ Раҳмон дар бораи забони модарӣ ва бузургдошти он гуфт, ман дар ин умри дарозам аз ҳеҷ сарвари Тоҷикистон нашунида будам. Шак нест, ки миллати тоҷик дар роҳи худшиносӣ аз Эмомалӣ Раҳмон миннатдор хоҳад буд".
Адиби маъруфи доғистонӣ Расул Ҳамзатов гуфта буд: “Фақат ҷанг набошад шуд, он гоҳ ҳамеша баҳор хоҳад буд. Ман аз сулҳ дар Тоҷикистон ниҳоят мамнунам. Инсони боҷасорату хирадманд-Президенти Тоҷикистон тавонист, формулаи сулҳи ҷанги бародаркушро ёбад”.
Аз ин навиштаҳо бармеоянд, ки Эмомалӣ Раҳмон яке аз шахсиятҳои нодири замони мо дар арсаи олам мебошад. 
Дар Фейсбук гурӯҳе дорам бо номи “Пешвои миллат - Эмомалӣ Раҳмон”, ки даҳҳо ҳазор муштарӣ дорад. Ҳадафи асосиям ҳақиқатнигорона гуфтани муваффақиятҳои рӯзафзун, гулгулшукуфӣ ва ободии кишварам аст, мехостам интернет чун неруи бузург дуруст истифода шавад. Ба ростӣ, ин як навъ вокуниши шаҳрвандии банда ба нотавонбинону душманони дохилу хориҷи давлат ва Сарвари муаззами он аст.
Шоири номвар Бозор Собир дар хитоб ба Эмомалӣ Раҳмон навиштааст: "Бо садои гармат одат кардаем, ҳамчу бо зангӯлаи давлат, ҳамчу бо зангӯлаи ваҳдат, ҳамчу бо зангӯлаи мактаб, чунки дар рӯи ту мебинем: рӯи миллатро,нури миллатро...".
Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллатро ҳабиби Ватан, табиби Ватан, ва зеби Ватан хондааст. 
Ҳамин гуна садҳо шоир, даҳҳо сиёсатмадорони ҷаҳонӣ, роҳбарони давлат, адибони ҷаҳонӣ симои Эмомалӣ Раҳмонро бо дарёву офтоби меҳру муҳаббати беҳудуду бебадал монанд карда сутудаанд. Санъаткорон беҳтарин сурудҳо сурудаанд, аккосон ба гирифтани беҳтарин акси  ӯ кӯшидаанд, рассомон даҳҳо чеҳраи нуронии ӯро бо мӯқалам тасвир намудаанд...
Ин ҳама натиҷаи қаҳрамониҳо, ҷонбозиҳо, садоқату ватандорӣ, ҷавонмардӣ, зебоии суративу сирати ин шахси нодири замони мост. Бовар дорем, ки боз фардо симои ин абармард дурахшонтар, гармтар офарида мешавад ва таърихи моро тавъам бо номи ӯ ёд мекунанд.
 
Адиба ХУҶАНДӢ, 
шоир, корманди маҷаллаи “Паёми Суғд”
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.10.2021    №: 210 - 211    Мутолиа карданд: 658
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед