logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

ИНТЕЛЛЕКТ +
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ интизор аст.
 
ЧАЙНВОРДИ «БИСТСОЛАИ ОМӮЗИШ ВА РУШДИ ФАНҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ, ДАҚИҚ ВА РИЁЗӢ ДАР СОҲАИ МАОРИФ»
1. «Падар»-и механика. 2. Банди пеши оби дарё. 3. Хатти парвози тир. 4. Шоҳзанбӯри асал. 5. Элементи кимиёвӣ. 6. Ҳар сол якшанбеи сеюми июл таҷлил мегардад. 7. Филизи сахти маъруф. 8. Пластмассаро аз чӣ ҳосил мекунанд. 9. Лампаи электронии сеэлектродӣ. 10. Воҳиди ҳарбӣ дар қисмҳои тӯпандозӣ.
 
Таҳияи Умедҷони АМОНӢ, сокини ноҳияи Ашт
 
 
Ҷавоб ба чайнворди «Рӯзи кинои тоҷик» аз 15 октябри соли 2021
1. «Зумрад» 2. Дахте 3. Евгений 4. Йод 5. Дӯстматов 6. Вов 7. Воҳидов 8. «Ватан» 9. «Нисо» 10. Орифов 11. Ватаев 12. Вахш 13. «Шоҳнома» 14. «Алла» 15. Абдулхайр 16. Рахш 17. Шарофиддин 18. Носир 19. Рустам 20. Муҳаммадҷонов 21. Водевил 22. Луҳросп 23. Перелштейн 24. Насх 25. Худоназаров 26. Васият 27. Тоҳир 28. Раҷаб 29. Борис 30. Сотим 31. Мансурхоҷаев 32. ВГИК 33. Кимёгаров 34. «Вафо» 35. «Оилаи Ғаюровҳо» 36. Офтоб 37. «Боғ» 38. «Ғуломон» 39. Норак 40. «Кино» 41. Оскар 42. Руъё 43. Ёрматов 44. Ваҳдат 45. Танз.   
 
Масъули рубрика 
Зулола БОБОРАҶАБОВА
 
Бо мо ҳамкорӣ намоед! 
Телефон: 238-53-40
 
Вайбер: 
93-547-00-05, bzm_701@mail.ru
 
 
 
ЕЛИЗАВЕТАИ II ҶОИЗАИ
«ПИРЗАНИ СОЛ» - РО НАПАЗИРУФТ
Маликаи Британияи Кабир Елизаветаи II аз гирифтани  ҷоизаи ифтихории «Пирзани сол» (The Oldie of the Year) даст кашид ва бо исрор таъкид кард, ки худаш меъёри калонсолиро муайян мекунад.
-Улёҳазрат муътақид аст, ки пирӣ  ба эҳсосоти худи шахс бастагӣ дорад. Аз ин лиҳоз, малика ҳанӯз  худро пир намешуморад, ки лоиқи чунин ҷоиза бошад. Ӯ умедвор аст, ки ташкилкунандагон довталаби арзандаи ин ҷоизаро, ҳатман, пайдо хоҳанд кард,- тасмими Елизаветаро шарҳ дод ёвараш Эдвард Янг.
 
Таҳияи Барноз РАҲМОНШОЕВА
 
 
 
МАКТАБҲОИ ҒАЙРИОДИИ ҶАҲОН
4. Мактаби бузургтарини ҷаҳон
 
Бо сабаби афзоиши беш аз пеши аҳолӣ, дар Ҳиндустон мактабҳои калон бунёд мекунанд. Табиист, ки калонтарин мактаби ҷаҳон дар ин мамлакати афсонавӣ қомат меафрозад. 
Ҳанӯз соли 2000  City Montessori School-и пойтахти иёлати Уттар-Прадеш – шаҳри Лакҳнау ҳамчун бузургтарин муассисаи таълимӣ ба Китоби рекордҳои Гиннес ворид шуд, ки он замон 22 ҳазору 612 хонанда дошт. 
Мактаб соли 1959 аз тарафи Ҷагдиш Ганди ва завҷаи ӯ Бҳарти таъсис ёфтааст. 
 
Таҳияи Кароматулло АТО
 
 
 
 
ДИҚҚАТ, РУБРИКАИ НАВ!
КАЛОНТАРИН МОРҲОИ САЙЁРА
Аз мор тарсидан, ҳамчунон, таърихи қадима дорад, ки худи инсон ва қиссаву афсонаҳо дар бораи ин хазандаи бадҳайбат хеле пештар аз пайдоиши интернет миёни мардум маълуму машҳуранд. Ҳиссиёти аҷибе ҳаст, ки баробари гирифтани номаш моро водор месозад, то аз мор битарсем ва, албатта, ин бесабаб нест, зеро, пеш аз ҳама, аз заҳри неши он андеша мекунем.
Ин ҳам дар ҳолест, ки тибқи далелҳои исботшуда, хурдтарини морҳо хатарноктарини онҳо ба ҳисоб мераванд. Аз ин хотир, дар рубрикаи нав тасмим дорем дар бораи морҳои калон, вале зарарашон нисбатан камтар ба хонандаи арҷманд маълумот диҳем. Факти ҷолиб ин аст, ки дар ҳақиқат аксарияти морҳои калонҷусса безаҳранд ва, ҳатто, миёни мардум чун ҳайвони хонагӣ ба сар мебаранд. Бовар намекунед, пас бо мо бошед!
 
10. Мамбаи сиёҳ 
Дарозии ин намуди морҳо то 4 метр мерасад. Вазни миёнаашон бошад, бештар аз 1,5 кг. Бо ин далел, миёни дигар мамбаҳо он аз калонҷуссаҳо мебошад. Сабаби «мамбаи сиёҳ» ном гирифтани ин намуд, ком (даҳон)-и сиёҳаш аст. Дар асл ранги худи мор сиёҳ нест, балки вобаста ба муҳит тағйир ёфта, ҳамчун як сипар аз ҳуҷумҳои ногаҳонӣ хизмат мекунад. Мамба аз нигоҳи заҳрнокӣ дар даҳгонаи аввал қарор дошта, хатарзост. Хусусияти фарқкунандаи мамба ин аст, ки, ҳатто, метавонад бе ягон сабаб ба инсон ҳуҷум кунад. Ҳарчанд мори калонҷусса аст, дар вақти шикор суръати ҳаракаташ то 11 км дар як соатро ташкил медиҳад. 
 
Таҳияи Шоҳид НАЗЗОРӢ
 
 
 
НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
КИТОБҲОИ  БИРЁНИ ВОЛТЕР
 
Китобҳои Волтер, ки асрори аҳли калисоро фош мекарданд, аз ҷониби мунаққидони хурофотпараст ҳамеша таъқиб мешуданд. Кор то ҷое мерасад, ки қисме аз онҳоро барои сӯзондан ҳукм мекунанд. Чун хабар ба гӯши Волтер мерасад, нимшӯхиву нимҷиддӣ мегӯяд:
- Китобҳои ман мисли шоҳбулут (каштан)-анд, ҳар қадаре зиёд бирён шаванд, ҳамон қадар бештар ба савдо мераванд. 
 
Аз русӣ тарҷумаи Ҳалима ҚУРБОНАЛӢ
 
 
 
 
НИЯТИ НЕК
Шахсе зимни сафар ба сари чоҳе расид. Мехе аз чӯб дуруст карда, бар замин кӯфт ва аспи худро ба он баста, ба хӯрдани ғизо машғул шуд.
Баъд аз фароғати таом, бар асп нишаста, рӯй ба роҳ ниҳод ва мехро ҳамон ҷо гузошт, то ҳар мусофире, ки ба ин ҷо расад, маркабашро ба он бубандад ва осоиш гирад ва ин амал мӯҷиби савоби ом бошад. 
Чун чанде бигузашт, шахсе пиёда аз ғояти ташнагӣ бар канори чоҳ мерафт. Ногаҳ пояш бар он мех бархӯрду биафтод. Филҳол мехро барканд, то дигарон ба ин бало гирифтор нагарданд.
Пири рӯзгордидае аз ин воқеа огаҳӣ ёфта, гуфт:
- Ҳар дуро ният ба хайр буд, агарчи амалашон аз ҳам фарқ мекард.
 
Таҳияи Умар АЛӢ
 
 
 
 
ШАНБЕҲОИ «ШОМИ ШАНБЕ»
ШАНБЕ
50 ФАКТИ ҶОЛИБ ДАР БОРАИ ИН РӮЗ
Дар Зеландияи Нав ва Австралия шанбе рӯзи интихоб аст. Баргузидани ҳамсар, хона, маъшуқа дар ин рӯз сурат мегирад.
* * *
Баъзе халқиятҳо бар он боваранд, ки Худованд ҷаҳонро маҳз дар рӯзи шанбе офаридааст.
* * *
Дар аксари кишварҳои дунё гузарондани шанбегӣ расм аст. Мардум бар он андешаанд, ки дар ин рӯз поккорӣ ва дур андохтани дарду балоҳо равост.
* * *
Дар як пурсиши ҳамагонӣ 48 дарсади одамон изҳор доштаанд, ки дар ин рӯз ба ягон кори хонагӣ, иҷрои супориш ва амсоли инҳо машғул намешаванд.
* * *
Намояндагони миллатҳои славянӣ дар рӯзи шанбе бистари хоби худро иваз мекунанд. Бовар доранд, ки бо ин роҳ метавон бехобиро рафъ намуд.
 
Таҳияи Бузургмеҳри БАҲОДУР
 
 
 
 
«МАРГҲОИ ҒАЙРИОДӢ»
5. МАРГ АЗ БЕХОБӢ 
Ҷои пинҳон нест: ҳар касе, ки ба худ ҷабр кард, ҳатман, ба фалокате гирифтор мешавад. Масалан, чуноне аз маълумоти таърихнигорон бармеояд, шоири Юнони Қадим Филит (солҳои 340 – 285-и то милодӣ) ҳангоми кӯшиши ҳалли муаммо-тазодди Лиар (муаммо-тазодди дурӯғгӯ низ гӯянд, ки  онро файласуфи хаёлпарасти Юнони Қадим  Евбулид тартиб додааст) аз бехобӣ ба ҳалокат мерасад. 
 
Аз русӣ тарҷумаи Ш. ШОКИР
 
 
 
 
 
DENSUKE –   ТАРБУЗИ ГАРОНАРЗИШ
 
Барои мо тарбузҳои рахдор ва аз лиҳози нарх дастрас, маъруфанд. Вале дар дунё навъи тарбузҳое мавҷуданд, ки онҳоро танҳо сарватмандон мехаранд. Гап дар бораи навъи ҷопонии Densuke меравад. Он 6 – 8 килограмм вазн дошта, дар яке аз музоядаҳо бо нархи 6 100 доллар фурӯхта шуд. 
Чаро қимати ин намуди тарбуз басо гарон аст? Онро танҳо дар Ҷопон ва фақат дар ҷазираи Хоккайдо парвариш менамоянд. Дар мавсим ин намуди нодири полизӣ ҳамагӣ то дусад дона рӯёнда мешавад ва онро махсус барои туҳфа намудан мехаранд.
 
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ
 
 
 
 
НАРХИ КОНЯК  ЗИЁДА АЗ $1,8 МИЛЛИОН 
 
Henri IV Dudognon Heritage  гаронарзиштарин коняки ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Номи он ба ифтихори Шоҳи Фаронса Ҳенрихи IV гузошта шудааст.
Тибқи хабарҳои охирин, Henri IV Dudognon Heritage дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб ба маблағи зиёда 1,8 миллион доллари ИМА фурӯхта шуд. 
Шишаи конякро аз булӯр ва платина таҳия намуда, бо 24 қирот тилло ва зиёда аз 6 ҳазор сангҳои гаронбаҳо оро додаанд. Боиси тазаккур аст, ки коняки фурӯхташударо беш  аз 100 сол маҳфуз дошта буданд.
 
Таҳияи Гулистон МАВЛОНАЗАРОВА
 
 
 
ХАТОҲОИ БУЗУРГИ ИНСОНҲОИ БУЗУРГ
13. ХАТОЕ, КИ ДЕВОРИ БЕРЛИНРО АЗ БАЙН БУРД
9 ноябри соли 1989 муҳимтарин санади ҳуқуқӣ дар бораи шартҳои нави рафтуомад миёни сокинони Германияи демократӣ ва федеративӣ ба дасти рӯзноманигор ва сиёсатшинос Гюнтер Шабовски расид, ки он замон котиби якуми роҳбарияти ноҳиявии Ҳизби ягонаи сотсиалистӣ буд. Маҳз, тибқи ҳамин ҳуҷҷат, равуои олмониҳои шарқӣ мебоист ба ғарби Германия сабук карда мешуд, вале чанд шарти асосии ҳуҷҷат ҳанӯз дақиқ нагардида буд. Аз ин рӯ, аксари мардум фикр мекарданд, ки танҳо бо нишон додани шиноснома дар дилхоҳ вақт метавонанд марзи ду Германияи аз ҳам ҷудоро убур кунанд. Вақте аз Шабовски мепурсанд, ки кай ҳуҷҷати мазкур ба расмият медарояд, ӯ бо вуҷуди он ки худаш намедонист, барои ором намудани издиҳом мегӯяд, ки «фавран».
Ана ҳамин ифодаи нодурусту ноогоҳона боиси он мегардад, ки тамоми мардуми ҷамъомада худро ба девори номдори Берлин зада, онро дар як фурсат несту нобуд созанд. 
 
Таҳияи Самад ҚУРБОНАЛӢ
 
 
 
ҲУКМҲОИ ҒАЙРИОДӢ
4.  ПАСИ ЧАМБАРАК НИШИНЕД, ВАГАРНА…
 
Дар мамолики пешрафта истеҳсоли автомобил - хонаҳо (мошине, ки дохилаш бо тамоми шароити рӯзгордорӣ муҷаҳҳаз аст) маъмул аст. Яке аз сокинони Оклахома-Ситии ИМА аз ширкати «Виннебаго индастрис» чунин автомобил харид. 
Ҳангоми сафари аввалин, ӯ мошинро бо суръати 110 километр дар як соат ронд ва ҳамзамон, чамбаракро тарк  намуда, барои худ қаҳва омода кардан гирифт. Дар натиҷаи ин бемасъулиятӣ,  автомобил ба садама дучор шуд.  
Ин қазия мавриди муҳокимаи суд қарор гирифт. Боварнокарданист, вале тибқи ҳалнома, ширкати «Виннебаго индастрис» уҳдадор шуд, ки ба ронандаи бепарво ҳам автомобили нав диҳаду ҳам 1,7 миллион доллари ИМА ҷубронпулӣ пардохт намояд. Пас, мантиқан суоле бармеояд, ки барои чӣ? Посухи судя ҳайратовар буд: «Намояндагони ширкат ӯро огоҳ накарданд, ки ҳангоми рондан, чамбаракро набояд тарк кард». 
 
Таҳияи Лола РИЗОӢ
 
 
 
 
АЗ ОЛАМИ АДАБ
БУДУ НАБУДИ ҶАЗИРАЕ, КИ ДАР  РОМАНҲОИ ЖЮЛ ВЕРН ЗИКР ЁФТААНД
 
Дар замони кашфиётҳои бузурги ҷуғрофӣ, олимон дар харита мавзеъҳои зиёдеро ишора мекарданд, ки дар асл вуҷуд надоштанд. Мисоли барҷастаи ин, ҷазираи Табор мебошад, ки гӯё дар ҷануби уқёнуси Ором воқеъ будааст. 
Гап сари ин ки, нависандаи машҳури фаронсавӣ Жюл Верн қурбони чунин маълумотҳои бардурӯғ шуда, воқеаҳо ва ҳодисаҳои романҳои «Фарзандони капитан Грант» ва «Ҷазираи пурасрор»-ашро дар ҷазираи фавқуззикр тасвир мекунад. Баъдан, нависанда низ ба шубҳа афтода, миёнаҳои асри XX ба ҷустуҷӯяш меафтад, вале ному нишоне аз он намеёбад. Чаро? Ҷавоб хеле одист. Баҳрнавардон ҳангоми ҷустуҷӯи мавзеъҳои нав, яхпораҳои бузургро, иштибоҳан, ҷазира мепиндоштанд ва бо хурсандӣ, ки маконеро кашф кардаанд, онро зуд дар харита ҷо медоданд.  
 
Аз русӣ тарҷумаи Меҳрангез ҚОДИРОВА 
 
 
 
 
ҲАДИЯ-ТОҶИКДУХТАР 
ҶАВОНТАРИН ВАЗИРИ НОРВЕГИЯ 
Соли 2012 дар Норвегия Ҳадия Тайики тоҷиктабор вазири фарҳанг таъин мегардад, ки дар таърихи ин кишвари скандинавӣ ҷавонтарин бонуи соҳибмансаб ба ҳисоб мерафт.
Ҳадия соҳиби дониши воло буда, нахуст таҳсилоти олиро дар Донишгоҳи Кенсингтони Лондон, баъдан, дар Донишгоҳи Осло мегирад.
Қобили зикр аст, ки аҳли оилаи онҳо аз Покистон ба Норвегия ҳиҷрат кардаанд ва бо ифтихор худро тоҷик мегӯянд.
Пас аз се сол Ҳадия аз вазифаи вазирӣ истеъфо дод. Худи ҳамон сол ӯро ба ҳайси муовини раиси Ҳизби коргарони Норвегия (CHP), ки бузургтарин ҷунбиши сиёсии кишвар аст, интихоб намуданд. Ин зани тоҷик на танҳо дар ҳифзи арзишҳои миллии Норвегия саҳм мегузорад, балки аз ҳуқуқҳои занону духтарон низ ҳимоя мекунад. 
 
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО 
 
 
 
 
ХАЙРУХУШ  МАНЪ ГАРДАД 
Соли 1910 бо дархости зиёди ронандагон дар Фаронса қонуне қабул гардид, ки хеле ғайриодӣ  ва аҷиб аст. Тибқи он, барои мусофирон дар истгоҳи роҳи оҳан хайрухуш кардан мумкин набуд. 
Қабули чунин қонуни булаҷаб мантиқ дошт, зеро бинобар хайрухушҳои тулонии мусофирон ва гуселандагон, ҳаракати қатора ба муддати мадид ба таъхир меафтод.  Аз ин рӯ, ба тасвиб расидани ин санади меъёрӣ - ҳуқуқӣ ҳамон замон воқеан зарур буд.
Ин қонун 106 сол вуҷуд дошт ва баъзе нишонаҳои он то ҳол дар роҳҳои оҳани Фаронса дида мешаванд.
 
Таҳияи Судобаи ФАЙЗАЛӢ
 
 
 
АНЪАНАИ АҶИБ
Дар Нигерия арӯсон як сол қабл аз базми арӯсиву домодӣ дар хонаи алоҳида зиндагӣ менамоянд. Онҳо мекӯшанд, ки давоми сол бисёртар хӯрок бихӯранду камтар ҳаракат намоянд, то фарбеҳ шаванд. Зеро мувофиқи таъбири ниёкони ин сарзамин духтарони лоғарандом ҳаргиз хушбахт намешаванд.
                                                                     
Таҳияи Даврон РАҲМОНОВ
 
 
 
ТАҚРИЗИ  ВОЛТЕР
Драматурги ҷавоне асари тозаэҷодашро назди Волтери машҳур бо завқ хонда, фикри устодро пурсон мешавад.
- Гӯш кун, ҷавони нағз, ин гуна пйесаҳои фачу лачро  вақте мисли ман пиру маъруф шудӣ, баъд менависӣ, ҳоло асарҳое эҷод кун, ки хубу монданӣ бошанд, то ба дили хонанда роҳ ёбӣ,- мегӯяд баъди сукути зиёд Волтер. 
 
Аз русӣ тарҷумаи Фараҳзод ҚУРБОНАЛӢ
 
 
 
30 ФАКТ АЗ СИНАМО
КОРГАРДОНЕ, КИ ДАР ҲАБСИ ХОНАГИСТ, СОҲИБИ ҶОИЗАҲОИ БОНУФУЗ  МЕШАВАД
Соли  2010  коргардони эронӣ Ҷаъфар Паноҳӣ барои фаъолияти зиддидавлатӣ ба ҳабси хонагӣ маҳкум шуд. Пас аз чанде ба ӯ иҷозат доданд, ки бидуни шиноснома дар кишвар ҳаракат кунад. Ин ба ӯ имкон дод, ки ба шуғли дӯстдоштааш баргардад. 
Пас аз як сол, дар ҷашнвораи синамои Канн (Фаронса) филми  ӯ бо унвони "Ин филм нест" намоиш дода шуд, ки онро бо флешка дар дохили торт аз Эрон бароварда буданд. Филм аз ҷониби мунаққидон баҳои баланд гирифт.
Соли 2013  ӯ дар бӯстонсарояш, пинҳонӣ, филми "Пардаи пӯшида"-ро таҳия кард, ки дар ҷашнвораи синамои Берлин барандаи «Хирси нуқрагин» шуд. Пас аз ду сол бошад, дар ҳамин ҷашнвора филми "Такси"-аш соҳиби ҷоизаи «Хирси тиллоӣ» гардид. 
 
Таҳияи Комрон САФАР
 
 
 
 
МӮЙСАФЕДИ  83-СОЛАИ ТОҶИК САЗОВОРИ ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
 
Ходими шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷарроҳ, табиби мардумӣ, роҳбари созмони ҷамъиятии «Гулугиёҳ» Ширинбек Давлатмамадов дар синни 83-солагӣ байни 44 довталаб аз 29 кишвари дунё дар шаҳри Чондчжуи Корея ба дарёфти ҷоизаи байналмилалии «Чонджу – 2021» мушарраф шуд.
Аҷиб ин аст, ки мавсуф соҳиби чунин мукофоти баланд на барои  дастовардҳои тиббӣ, балки барои саҳм гузоштан дар ҳифзи мероси фарҳангӣ ғайриодӣ сазовор гаштааст.
 
Таҳияи Мафтуна БАХТИБЕКОВА


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.10.2021    №: 212    Мутолиа карданд: 2399
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед