logo

иҷтимоиёт

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА АДАБИЁТИ МИЛЛӢ

 
Имрӯз бинишу шинохти мо дар мавриди таърих, фарҳанг, мероси маънавӣ ва дигар арзишҳои миллиамон хеле тағйир пазируфта, меъёрҳои арзёбии онҳо низ дигар шудаанд. Ин ҳолат на танҳо ба тағйири сохти давлатдориву иҷтимоӣ, дигар шудани мафкураи сиёсӣ, ҷаҳонбиниву ҷаҳоншиносии мардум, балки ба дарки воқеият, аз ҷумла мақом ва нақши шахсияти роҳбар дар пешбурди ҷомеа вобастагии зич дорад.
 
Мо ба хубӣ огоҳем ва аксарамон шоҳид будем, ки дар арафа, ҷараён ва солҳои аввали пас аз ҷанги шаҳрвандӣ дар баробари бесарусомонии ҷомеаи Тоҷикистон адабиёт ва адибон низ ба кадом вазъу ҳолат гирифтор шуданд. Ба маҷрои муътадил даромадан, ба муҳиту шароити нави сиёсиву иҷтимоӣ мутобиқ гардидан, ҳамнафасу ҳамқадами созандагиву бунёдкориҳои даврони Истиқлоли давлатӣ шудан, бори мафкураи сирф идеологӣ ва сензураи расмиро аз дӯш барандохтан ва унс гирифтан ба озодӣ дар доираи қонун, дар радифи дигар соҳаҳои ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангиву маънавӣ, ба адабиёти бадеӣ низ ба осонӣ муяссар нагардидааст.
Адибони мо дар баробари тамоми мардуми мамлакат, баргузорӣ ва ҷараёни Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки аз 16 то 22 ноябри соли 1992 дар куҳаншаҳри диёрамон - Хуҷанд сурат гирифт, бо ҳаяҷону изтироб ва як ҷаҳон умедворӣ истиқболу мушоҳида намуданд. Натиҷа ва қарорҳои он дар дили ҳар шаҳрванди ҷумҳурӣ, аз ҷумла адибон, шуълаи умеду боварро ба ояндаи неки кишвар, ба ҳаёти осоишта ва сулҳи пойдору созандагӣ барафрӯхтанд. 
Дар маҷмуъ адабиёти мо он солҳо дар партави сиёсати Роҳбари давлат ба қадри имкон дар ҳидояти мардум ба роҳи бунёдкориву созандагӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа саҳмгузор шуд. Асарҳои бисёре дар ин самт дар назму наср, драматургия, очерку публитсистика ба майдон омада, ҷараёни навсозиҳои замони истиқлолият ва тадриҷан ташаккул ёфтани ҷомеаи нави шаҳрвандиро дар Тоҷикистон камубеш инъикос намуданд. Ҳарчанд он асарҳо маълуманд ва шояд ном бурданашон ҳам зарурат надошта бошад, баъзеашонро хотиррасон кардан мехоҳам. Китобҳои Муъмин Қаноат «Ҳамосаи дод» (1996), Лоиқ Шералӣ «Фарёди бефарёдрас», Бозор Собир «Шоиру шеъре агар ҳаст…» (2006) ва «Лолаи сиёҳ» (2013), Гулназар Келдӣ «Ҳар мисраи шеър Тоҷикистони ман аст» (1997), Гулрухсор Сафӣ  «Зодрӯзи дард» (1995), Камол Насрулло «Тоҷикистонро дигар қисмат макун» (1996), Ашӯр Сафар «Андешаи зиндагӣ» (1997), Аскар Ҳаким «Ба саломи шукуфаҳо», Саидҷон Ҳакимзода «Сӯзи дил» (1996), Муҳтарам Ҳотам «Як қадам аз саргузашт, як қалам аз сарнавишт» (1996), Нурмуҳаммад Ниёзӣ «Аз ҳама дур» (1995), Ҷумъа Қувват «Сухан гоҳе бигирад ҷои дору» (1996), Муҳаммад Ғоиб «Фарёди ёдҳо» ва «Ашки қалам» (1998), Ширин Бунёд «Гули андеша» (1995), Ҳақназар Ғоиб «Ашки нур» (1993), Фарзонаи Хуҷандӣ «Ояти ишқ», Ато Мирхоҷа «Нафаси дувум» (2013), Рустам Ваҳҳобзода «Шаҳри Хуршед», «Шеъри захмӣ» (1996), Акбар Абдулло «Кошонаи сӯхта» (1997) ва  «Қаламҳой»-и камина (1997) дар назм аз ҳамон ҷумлаанд.
Дар наср метавон асарҳои Сорбон «Барзгар», Абдулҳамид Самад «Гардиши девбод», Саттор Турсун «Санг дар бағал ба туфон», Кӯҳзод «Ҳайҷо» ва «Дар ҳасрати кори ҳалол», Кароматуллоҳи Мирзо «Дар орзуи падар», Баҳманёр «Сармаддеҳ», Мирзо Шукурзода «Ҳамосаи родмардони Хуросон», Барот Абдураҳмон «Искандар ва Спитамен», Юнус Юсуфӣ «Шинак», Сайф Раҳимзод «Абармарди шарқӣ», Ато Ҳамдам ва Леонид Чигрин «Озар аз Устрӯшан», Муҳаммадзамони Солеҳ «Девори Хуросон», Равшани Махсумзод «Шабе дар замини бетараф», Равшани Ёрмуҳаммад «Бармакиён» ва ғайраро ном бурд, ки дар партави сиёсати ватанпарварию миллатдӯстӣ ва аз таърихи халқ сабақ ҷустанҳои Сарвари давлат эҷод шудаанд.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз оғози давлатдорӣ эҳё ва гиромидошти арзишҳои миллӣ, аз ҷумла арзишҳои таърихӣ ва фарҳангии миллатро аз муҳимтарин омилҳо ва василаҳои худшиносии миллӣ ва ҷаҳоншиносии мардуми тоҷик медонад. Бар замми суханрониву мақолаҳое, ки вобаста ба санаҳои таърихӣ эҷод ва нашр кардааст, аз аввалин солҳои роҳбарӣ ба кишвар таваҷҷуҳи мардум, хусусан аҳли зиё, аз ҷумла адибонро ба омӯзишу тарғиби решаҳои таърихии арзишҳои миллӣ ҷалб менамояд. Андешаҳои Сарвари давлат оид ба арзишҳо ва суннатҳои давлатдорӣ, таърихӣ ва миллии тоҷикон, ки аввал дар шакли дастури таълимӣ барои мактабҳои миёна, миёнаи махсус ва олӣ таҳти унвони «Тоҷикон дар оинаи таърих» соли 1995, баъдан дар се китоб бо унвони «Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён» солҳои 1999, 2002 ва 2006 ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, арабӣ ва бо хати форсӣ ба табъ расиданд, барои адибон  сарчашмаи илҳомбахши омӯзишу тасвири бадеии саҳифаҳои дурахшон ва шахсиятҳои барҷастаи таърихи халқи тоҷик гардиданд. Дар суханони зерини муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нуктаҳои муҳиме зикр шудаанд, ки бояд ҳамеша мавриди назари аҳли тадқиқи бадеӣ бошанд: «Бояд таблиғи ғояҳои Истиқлолияти давлатӣ, Ваҳдати миллӣ, таҳкими суботи сиёсӣ, инъикоси дурусти зиндагии мардум ва рушди рӯзафзуни Тоҷикистон вазифаи муқаддасу меҳварии адабиёт ва адибони тоҷик қарор бигирад».
Аз шарофати сиёсати фарҳангпарваронаи Президент руҷуи нависандагон ба таҳқиқи бадеии решаҳои таърихии арзишҳои миллӣ хеле афзуд. Бо бовари том метавон гуфт, ки ин сиёсат нисбат ба масъалаҳои таърихи давлатдории тоҷикон, илму фарҳанг, эҳёи ҳофизаи таърихӣ, хусусан забон ва адабиёти миллӣ барои адибон ангезаи бемисли иштиёқ ба тасвири бадеии арзишҳои таърихии миллат гардид. Барои қиёс  ҳамин қадар ёдрас кардан кофист, ки агар дар тули замони шуравӣ дар адабиёти тоҷик тақрибан 10 романи таърихӣ эҷод шуда бошад, пас дар давоми бештар аз 20 соли Истиқлолияти давлатӣ қариб 40 романи таърихӣ рӯи кор омад. Романҳои Аъзам Сидқӣ «Пайроҳаи қисмат» ва «Захми қасос», Муҳаммадзамони Солеҳ «Девори Хуросон», Сорбон «Достони писари Худо», Юсуф Аҳмадзода «Ҳафт руъё», Аброри Зоҳир «Шикасти зулмот» ва «Мунтасир», Равшани Ёрмуҳаммад «Бармакиён» ва «Ишқи Рӯдакӣ», Абдулҳамиди Самад дилогияи  «Гардиши девбод», Бароти Абдураҳмон «Куруши Кабир», Ҷумъа Қуддус дилогияи «Ориёно-1. Ҳасрати Зардушт» ва «Ориёно-2. Биҳишти гумшуда», Шодон Ҳаниф «Беҳзод», Ато Ҳамдам ва Леонид Чигрин «Садди Суғд», «Зиндагиномаи Чжан Тсян», «Садди Хатлон», «Озар аз Устрӯшана ё шамшери Спартак», «Иштибоҳи Темурланг», Давлатшоҳ Тоҳирӣ «Рухшона», Холиқ Мирзозода «Самарқанд», Диловари Мирзо «Борон пайҳоро мешӯяд» ва  «Нусратулло Махсум» аз ҳамин ҷумлаанд.
Дар жанри драматургия низ як силсила асарҳои таърихӣ ба майдон омаданд, ки «Исмоили Сомонӣ», «Фирдавсӣ» ва «Номбардори Хуҷанд»-и Меҳмон Бахтӣ, «Искандар ва Спитамен»-и Барот Абдураҳмон, «Паёми Зардушт», «Маздак», «Исёни Айнӣ»-и Нур Табаров, «Дақиқӣ» ва «Балъамӣ»-и Сафармуҳаммад Айюбӣ, «Лаҳзае бо аллома»-и Ҷумъа Қуддус, «Амир ва асир», «Борони ашк» ва «Борбад»-и камина аз ҳамон қабиланд. Чун аз намоишноманависӣ сухан рафт, бояд зикр намуд, ки дар мавзӯи имрӯз ҳам асарҳои шоиста ба миён омадаанд ва аз рӯйи пйесаи Ато Ҳамдам «Занги бемаҳал» дар Ҷумҳурии Қирғизистон таҳия гардидани филми бадеӣ ва зеби саҳнаи театрҳои Афғонистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистон шудани асарҳои Нур Табаров, Ато Ҳамдам, Ҷумъа Қуддус далели ин аст.
Дар мавзӯи таърих, арзишҳои фарҳангӣ, эҳёи ҳофизаи таърихӣ ва руҳияи созандагиву бунёдкории мардум асарҳои ҳаҷман хурди бисёре офарида шудаанд. Аз ин радиф метавон очерку эссе ва мақолаҳои амиқи публитсистии Саттор Турсун «Виҷдон агар бедор аст» ва «Таҷовузи нохалаф ва худшиносии миллӣ», Абдулҳамид Самад «Роҳи шараф», «Асрори Хоҷамуъмин» ва «Ормони ҳазорсола», Кароматуллоҳи Мирзо «Пайванди роҳҳо», Камол Насрулло «Наврӯзи Президент», Бахтиёр Муртазо «Нақби Истиқлол» ва «Нақби Анзоб», Ато Ҳамдам «Корномаи Эмомалӣ Раҳмон», Равшан Махсумзод «Дил барафрӯхт»-ро мисол овард. Мавриди зикр аст, ки сарчашмаву ангезаи аксари ин ҳама осор навиштаҳо ва ибтикору гуфторҳои Сарвари давлат, аз ҷумла омодагӣ ва баргузории 1100-солагии Давлати Сомониён, асарҳои «Тоҷикистон: даҳ соли истиқлолият» ва «Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат», суханрониҳои пурмуҳтаво ва ҳидоятгарона дар солгардҳои истиқлолият, ҷашнҳои устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Носири Хусрав, Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Камоли Хуҷандӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Мирзо Турсунзода, инчунин паёмҳо ва вохӯриҳои анъанавии Президент бо намояндагони зиёиёни мамлакат буданду ҳастанд.
Дар ҳамин радиф таҷлили пуршукӯҳи Наврӯзи панҷ соли қабл ва дар доираи он баргузор гардидани Ҳамоиши байналмилалии адибони ҳавзаи Наврӯз зуҳуроти тозатарини таваҷҷуҳу муҳаббати Ҷаноби Олӣ ба адабиёту адибон аст. Меҳмонони зиёди он арзанда истиқболу гусел шуданд ва таассуротномаҳои зиёдашон, ки ба унвони Иттифоқи нависандагону нашрияҳои он мерасанд, ҳақиқати бебаҳси як давлати воқеан миллӣ ва як миллати воқеан созандаву бунёдкор сохтани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Гумон мекунам, ки суханони беҳад самимиву пурмуҳаббати ӯ – «Ман шоиронро дӯст медорам!» то дер дар хотираҳо акси садо медиҳанд ва мо, адибонро ба посухҳои арзандаи бадеӣ ҳидоят мекунанду илҳом мебахшанд.
Далели дигари ғамхории пайвастаи Сарвари давлат нисбат ба адабиёт дастгирии молиявии нашрияҳои Иттифоқи нависандагон, ба роҳ мондани нашри мероси арзишманди адибони гузашта дар силсилаи «Ахтарони адаб» дар 50 ҷилд, ҳамасола ҷудо кардани маблағҳои махсус барои  нашри осори адибони муосир аз Хазинаи эҳтиётии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Илова бар ин, барои силсиланашрҳои дигари осори адибон, мисли «Китобхонаи мактаб» низ, маблағҳо ҷудо мешаванд ва чопи сиҷилдаи адабиёти муосир бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон далели равшани ин аст.  
Боиси сипос ва миннатдории махсус аст, ки маҳз бо ташаббуси Президент ҳаҷму миқдори Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат ва меъморӣ, инчунин ҷоизаҳои адабии ба номи Айнӣ ва ба номи Турсунзода зиёд карда шуд. Аз мову шумо ҳамин қадар тақозо мешавад, ки ҷавобан ба чунин ғамхориҳо асарҳои шоиста биофарем, асарҳое, ки дар онҳо аз ҷумла дастовардҳои замони Истиқлоли давлатии кишварамон инъикоси бадеӣ биёбанд.
Адибонамон кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки сиёсати Президенти кишварро дар ҳамаи самтҳо дастгирӣ намуда, дар бунёди ҷомеаи воқеан мутамаддини шаҳрвандию демократӣ саҳмгузор бошанд. Маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ ва туфайли дастгириҳои доимии Роҳбари адабпарвар шоирони ба истилоҳ ватансаро ташаккул ёфтанд, ки самимона амалӣ гардидани ормонҳо ва ниёзҳои маънавии миллиро тараннум менамоянд. 
Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба адабиёт ва адибон, ҳамчунин дар пешбурди адабиёти замони Истиқлоли давлатӣ хеле бузург аст. Бовар дорам, ки дар мақолаву рисолаҳои муҳаққиқу мунаққидонамон ҳама асарҳои арзандаи адабиёти ин давра на танҳо зикр, балки батафсилтар таҳлилу таҳқиқ мешаванд ва зикри паҳлуҳои нав ба нави масъала моҳияти мавзуъро пеши назари хонанда густардатар хоҳад кард.
 
Низом ҚОСИМ, 
раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.10.2021    №: 213 - 214    Мутолиа карданд: 432
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед