logo

иҷтимоиёт

САРВАРИ АНҶУМАНИ САОДАТАФРӮЗ

Баргузории анҷумани саодатафрӯзи миллат - Иҷлосияи шонздаҳуми Шурои Олии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ва ба бахти миллати тоҷик раҳнамоии давлати тозаистиқлолро бар дӯши худ гирифтани фарзанди бонангу ори миллат Эмомалӣ Раҳмон хатари аз даст рафтани ин саодати миллиро аз миён бардошт. Ба ибораи дигар, баргузории Иҷлосияи XVI Шурои Олии Тоҷикистон заминаи муҳим ва рукни устувори таҳкими Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азиз гардид. Дар натиҷа, дар фосилаи панҷ сол бо ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷомеаи Тоҷикистон марҳилаи душвори сиёсӣ - ҷанги шаҳрвандиро паси сар намуда, ба сулҳи кулл, дарки ҳамдиливу ваҳдати миллӣ расид. Бо имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ дар Тоҷикистон раванди мустаҳкам гардидани пояҳои Истиқлоли давлатӣ суръати тоза гирифта, муҳимтарин ҳадафҳои бузурги давлатсозӣ мавриди амал қарор дода шуданд.  
Ҳанӯз  аз  аввалин  фурсатҳои  фаъолияти худ  ба ҳайси Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва, ҳамзамон, Роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи аслии хешро ба низоми маориф ва беҳбудии куллии авзои он равона намуданд ва ин, албатта, бесабаб набуд. Таъсири нохушоянди ҷанги шаҳрвандӣ дар қатори дигар соҳаҳои хоҷагии мамлакат боиси вайрону валангор шудани мактабу муассисаҳои дигари маориф гардида, ҳатто дар баъзе минтақаҳо сабаби қатъи таҳсил ва берун мондани хонандагон аз раванди таълим шуд. Ҳамин омилҳо боис гардиданд, ки ҳанӯз соли 1993 дар вазъияти хеле мураккаби сиёсӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ҳамчун ҳуҷҷати асосии танзимкунандаи соҳаи маориф қабул гардида, ба мавқеи иҷро гузошта шуд. Дар аввалин суханрониву мулоқоти худ Сарвари давлат ба масъалаи маориф эътибори махсус зоҳир намуда, изҳор дошта буданд: «Муносибати ҷиддӣ ба соҳаи маориф, дар сатҳи сиёсати давлатӣ ба миён гузоштан ва ҳалли проблемаҳои ҷойдошта аҳамияти бузурги сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маърифативу фарҳангӣ дорад».  Бар ин асос, тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат бо  роҳбарии  сарвари хирадманди он - Пешвои  муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон дар кӯтоҳтарин фурсат имконият фароҳам овард, ки дубора низоми маориф ба куллӣ эҳё гардида, раванди он мутобиқи меъёрҳои тақозои замон ҷорӣ карда шавад. Тамоми мактабу муассисаҳои маърифатӣ ба ҷараёни мунтазами таълимӣ ворид гардида, синфхона-вагонҳо ба биноҳои барҳаво ва мактабҳои навъи замонавӣ бадал шуданд. Маҷмуан, маблағгузории соҳаи маориф дар масири давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон аз 42 миллиони соли 2000 дар соли 2020 ба 5 миллиард сомонӣ расид.
Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров таҷаддуди сохторӣ ва муҳтавои фаъолияти худро маҳз дар замони истиқлол соҳиб гашт. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ба номи академик Бобоҷон Ғафуров гузоштан саодати устодону донишҷӯёни ин боргоҳи маърифатро афзуд.  Дар маросими шоистаи номгузории донишгоҳ дар арафаи таҷлили 65-солагии он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори аввал ба донишгоҳ ташриф оварда, унвони ифтихории профессори фахрии ин боргоҳи маърифатро низ соҳиб гардиданд. Дар 30 соли соҳибистиқлолии Тоҷикистон 7 маротиба ба як донишгоҳи мамлакат ташриф овардани Пешвои миллат, пеш аз ҳама, далели равшани таваҷҷуҳи махсуси ин марди бузург ба рушди соҳаи маориф ва ғамхорӣ нисбат ба омӯзгорону аҳли илм маҳсуб меёбад. 
Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ин ҳама ғамхории Сарвари давлатро ба инобат гирифта, сол ба сол муносибатҳои илмиву таълимии худро бо бонуфузтарин муассисаҳои олии мамолики хориҷии дуру наздик густариш медиҳад. Лозим ба тазаккур аст, ки донишгоҳ феълан бо 90 муассисаи олии  бонунфузи хориҷӣ равобити ҳамкорӣ дорад. 
Дар канори ин, сол ба сол васеъ гардидани доираи фаъолияти донишгоҳ, ифтитоҳи ихтисосу пешаҳои наву замонавӣ далели мутобиқат ва ҳамоҳангии раванди таълиму тадриси донишгоҳ ба меъёрҳои таҳсилоти олами муосир аст.
Ба толеи ҷомеаи донишгоҳ ва аз баракати соҳибистиқлолӣ доираи фаъолияти ин боргоҳи маърифат вусъат ёфта, ба талаботи замон мутобиқ мегардад. Ҳоло дар донишгоҳ 18 факултет ва 80 кафедра (аз ҷумла, 5 кафедраи умумидонишгоҳӣ) амал мекунад ва раванди таълим аз рӯи 80 ихтисос дар шуъбаи рӯзона ва аз рӯи 35 ихтисос дар шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ дар асоси нақшаҳои таълимӣ ба роҳ монда шудааст.  
Донишгоҳ дар миқёси ҷумҳурӣ аз ҷиҳати шумораи муҳассилин ба мақоми дувум дар кишвар баромадааст.
Дар донишгоҳ дар соли 2020-ум 6 шурои диссертатсионӣ, 2 шурои муштараки диссертатсионӣ аз ҷониби Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Федератсияи Россия (филологӣ ва педагогӣ) ва 4 шурои диссертатсионии аз ҷониби Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (PHD – педагогика, филологияи тоҷик, санъати тасвирӣ ва технология ва иқтисодиёт) фаъолият намуданд ва дар ин шуроҳои донишгоҳӣ аз моҳи январ то ба имрӯз 9 нафар унвонҷӯ, докторантону омӯзгорон рисолаҳои номзадии худро дифоъ намуданд. 
Донишгоҳи  давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҳарчанд таърихи наздик ба 90-сола дорад, аммо марҳилаи рушди босуботи онро метавон ба даврони 30 соли соҳибистиқлолии Тоҷикистони азиз пайванд бахшид, зеро воқеан, дар ин давра саодат ва шарафи бузург барои аҳли маорифпарвари устодону омӯзгорони донишгоҳ насиб гардид, ки ин боргоҳи маърифат ҳамчун падидаи даврони Истиқлоли миллӣ роҳи тоза ва марҳилаи нави тараққиёти хешро тай намоянд. Аз ин рӯ, ҳамеша ҷомеаи устодону олимони донишгоҳ бо руҳу илҳоми тоза аз баракати Истиқлоли давлатӣ, чун дастоварди бузурги таърихии миллат пайваста кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, ки дар амри таҳкими пояҳои истиқлоли миллӣ, ваҳдату ҳамдилӣ ва ҳифзу ба наслҳои оянда интиқол додани ин арзишҳои бузург, ҳамзамон, татбиқи дурнамои рушди маорифи кишварро дар барномаҳои ҳамарӯзаи фаъолияти хеш қарор дода, Ҷашни мубораки 30-солагии Истиқлоли давлатиро бо туҳфаҳои бузурги маънавии хеш, маҳсули афкор ва андешаҳои созанда истиқбол намоянд. Ҳамзамон, ба Сарвари анҷумани саодатафрӯзи миллат, абармарди таърих муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санову сафо мефиристем, ки бо ибтикороти мубораки хеш маорифро ба тахти сиёсати давлатӣ нишонданд ва дару дарвозаҳои даҳҳо донишгоҳу донишкадаҳоро ба рӯйи тоҷикон боз намуданд.
 
Ҷамшед ҶӮРАЗОДА, 
ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик 
Бобоҷон Ғафуров, 
доктори илми таърих, профессор
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.10.2021    №: 213 - 214    Мутолиа карданд: 523
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед