logo

иҷтимоиёт

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ПЕШВОЕ БО ИРОДАИ МАТИН

Тамоми ҳаёти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хизмат баҳри шукуфоии Ватан бахшида шудааст. Бо номи ӯ кулли воқеаҳои нодир, ки ба солномаи таърихи диёр ва ҷаҳон ворид гаштаанд, пайванди ногусастанӣ доранд, ба монанди имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ дар Тоҷикистон, эҳё ва ягонагии кишвар, мустаҳкам ва ҳимоя намудани манфиатҳои давлатӣ дар фазои геополитикӣ, рушди маънавӣ ва ҳисси меҳанпарастии мардум. 
 
Аз рӯзҳои нахустини фаъолияти Эмомалӣ Раҳмон ба симати Сарвари давлат сифатҳои Пешвоии вай – иродаи матин ва принсипҳои устувор зуҳур ёфтанд. Пурра бахшидани неру ва садоқат ба кори интихобнамуда, худфидоӣ ва ҷидду ҷаҳд, мардонагӣ ва далерӣ, маҳорати беҳамтои муттаҳид намудани мардум дар атрофи худ ва руҳбаланд кардани онҳо дар иҷрои қарорҳои муҳим баҳри нигоҳдорӣ ва устувории давлатдории мо аз сифатҳои воло ва фарқкунандаи ӯ ба ҳисоб мераванд.  
Маҳз аз лаҳзаи интихоби Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи таърихию сарнавиштсози XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи Сарвари давлат, халқи мо воқеан ҳам, бо мустақилона муайян кардани ояндаи худ ба роҳи соҳибистиқлолӣ гом ниҳод. Истиқлолро гузаштагони мо орзу доштанд ва ба мо, ворисони имрӯза, бо сарварии Пешвои миллат иҷрои вазифаи муқаддас пеш омад, ки орзуи тиллоии ниёконро ҷомаи амал пӯшонем. 
Консепсияи сохтори давлати миллӣ – Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад, ки аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид, дар моддаи 1 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо ташаббуси Пешвои миллат таҳия ва дар раъйпурсии умумихалқӣ қабул шуд, зикр гаштааст. 
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахустини давлатдории худ ба иҷрои мақсадҳои инсондӯстонааш – баргардондани ҳамаи муҳоҷирони иҷборӣ ба Тоҷикистон аз хориҷи кишвар даст зад. Ва кулли гурезаҳо, ки аз оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ҷилои Ватан намуда буданд, баргаштанд, пеш аз ҳама, бо як дилпурӣ ва боварӣ ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон. Зеро дар симо ва ҳарфҳои ӯ наҷотбахши халқу давлатро медиданду эҳсос менамуданд. 
Ваъдаи Пешвои миллат дар Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ: «Ман ба шумо сулҳ меорам!», ки меҳвари ҳамраъйӣ ва ягонагӣ, рушди муттасили мамлакат ба ҳисоб мерафт, ба шарофати иродаи сиёсӣ ва саҳми шахсии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди сулҳсозӣ дар кишвар иҷро гашт. Сулҳсозӣ осон набуд, мухолифон хеле зиёд буданд, аммо мо бо Пешвои миллат ба мақсад расидем. 
Имрӯз мо дар фазои сулҳ ва якдилӣ дар Тоҷикистони биҳиштосои соҳибистиқлол ба сар мебарем ва ба тамоми ҷаҳониён исбот менамоем, ки халқи тоҷик ба давлатдории худ сазовор аст ва тамоми корҳоро баҳри нигоҳдорӣ ва устувории он сомон мебахшад. 
Бо ташаббус ва дастгирии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо иштироки бевоситаи ӯ кулли ислоҳоти муҳимтарини давлатӣ амалӣ мегарданд. Маҳз ба шарофати нақши таърихии вай робитаҳои байналмилалӣ мустаҳкаму васеъ гаштанд ва бисёр лоиҳаҳои роҳсозиву энергетикии барои Ватан ҳаётан муҳим иҷро шуданд, қарорҳои зиёди сиёсӣ ба тасвиб расиданд. 
Барои мо, энергетикҳои Тоҷикистон, басо хушоянд аст зикр намудани саҳми густурдаи Пешвои муаззами миллат дар рушди соҳаи барқ. Ҳамаи мо медонем, ки неруи барқ дар ҳалли бисёр мушкилот, ки имрӯз дар сатҳи ҷаҳонӣ ба назар мерасанд, мавқеи меҳварӣ дорад. Неруи барқи муттасил барои устувории иқтисодиёт, омодасозии ҷойҳои корӣ, ҳимояи системаи экология, ба даст овардани адолати иҷтимоӣ дар сайёра ба ғоят муҳим аст. Қарорҳое, ки дар соҳаи таъминоти барқ қабул гардиданд, ба ҷомеа ва манфиатҳои он таъсири амиқ бахшиданду мерасонанд. 
Аз ин рӯ, яке аз ҳадафҳои стратегии фаъолияти Пешвои муаззами миллат аз рӯзҳои аввали роҳбарии кишвар, ба даст овардани амнияти энергетикӣ буд. 
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ неругоҳҳои барқи обии «Помир-1», «Сангтӯда-1», «Сангтӯда-2» ва Маркази гармидиҳии Душанбе-2 сохта ба истифода дода шуданд.  Дар баробари неругоҳҳои миёна ва бузурги барқии обӣ, ҳамчунин, дар баъзе минтақаҳои кӯҳии кишвар неругоҳҳои хурди барқи обӣ бунёд меёбанд.  
Дар асоси муттаҳид кардани шабакаҳои барқи ҷануб ва шимоли мамлакат дар солҳои соҳибистиқлолӣ шабакаи ягонаи барқи Тоҷикистон ташкил гардид. Ба шарофати сохтмон ва таҷдиди истгоҳҳои барқии обию аловӣ, хатҳои интиқоли барқ ва зеристгоҳҳо ва, ҳамчунин, ислоҳот дар соҳаи барқ таъминоти аҳолӣ бо неруи барқ хеле беҳтар гардид, фаъолияти устувори инфрасохтори энергетикӣ ва интиқоли энергияи электрикӣ ба кишварҳои ҳамсоя таъмин гашт. 
Азнавсозии неругоҳҳои барқи обии солҳои 60-70-уми асри гузашта бунёдёфта идома дорад. Дар соҳа шарикии давлату ширкатҳои хусусӣ дар шакли созишномаҳои консессионалӣ бомуваффақият амалӣ мегарданд, ба сохтмони манбаъҳои энергетикӣ маблағгузории хориҷӣ ҷалб мешавад. 
Ташаббуси ватандӯстонаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро оид ба аз нав сар кардан ва вусъат бахшидани сохтмони НБО «Роғун», ки иншооти ояндасоз барои мамлакат аст, мебояд махсус таъкид намуд. Пешвои миллат аҳамияти фавқулода ва бузург доштани лоиҳаи НБО «Роғун»-ро барои Тоҷикистон, ки амалисозии он барои ба дараҷаи баланд бардоштани сатҳи иқтисод ва некуаҳволии мардуми мамлакат имкон фароҳам меорад, хуб дарк мекарданд. Барои он ки сохтмони чунин иншооти муҳташам, ба мисли «Роғун» бо маблағгузории бисёрмиллиардонааш аз сар гирифта шавад, нақши таърихиро иродаи устувори сиёсӣ ва боварии Сарвари давлат ба неруи созандаи халқ бозид. 
Бастани маҷрои пурталотуми дарёи Вахш, ба кор андохтани ду агрегати ин истгоҳи ояндадори барқи обӣ бори дигар иродаи матин ва дурандешии Пешвои муаззами миллат, мутааллиқии ӯро ба идеяҳои баланди инсондӯстӣ ва муҳаббат ба Ватан, собитқадамӣ ва суботкории ӯро дар роҳи амалисозии корҳои мушаххас баҳри беҳбудии зисти халқи мо собит сохтанд. 
Кулли аҳолии Тоҷикистон бо руҳбаландии беандоза ва ватандӯстии самимӣ комёбиҳои меҳнатиро дар ин сохтмони муҳташами аср, ки моро ба амнияти энергетикии кишвар наздик меорад, қабул менамоянд. 
Дар 10 соли охир неруи истеҳсолии шабакаҳои энергетикии мамлакат дар ҳаҷми 1900 мегаватт афзуд, 12 зеристгоҳи барқӣ ва 1390 километр хати баландшиддати барқӣ бо тавоноии 220-500 кВ ба истифода дода шуданд. Робитаҳои байни кишварҳо оид ба истифодаи энергияи электрикӣ барқарор гаштанд. Дар сатҳи мамлакатҳои Осиёи Марказӣ оид ба интиқоли неруи барқ баъди барқарорсозии кори мувозии шабакаи барқи Тоҷикистон бо шабакаи муттаҳидаи энергияи электрикии Осиёи Марказӣ шартномаҳо баста шуданд. Бори нахуст баъди барҳам хӯрдани интиқоли дутарафаи барқ дар соли 2009 дар байни ШСХК «Барқи тоҷик» ва ШДС «Ӯзбекэнерго» дар чорчӯбаи шабакаи муттаҳидаи энергетикии Осиёи Марказӣ аз 1 апрели соли 2018, содироти барқ ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз нав оғоз ёфт.  
Ҳамагӣ дар соли 2019 содироти барқ ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон 1,42 млрд. кВт/с, ба Афғонистон 1,46 млрд. кВт/с, ба Ҷумҳурии Қирғизистон 160 млн. кВт/с –ро ташкил дод. 
Бунёди хати байналмилалии интиқоли неруи барқи CASA-1000, ки ба Тоҷикистон имкон медиҳад қариб 5 млрд. кВт/с ба Афғонистону Покистон энергияи электрикии аз ҷиҳати экологӣ тозаро содирот намояд, оғоз гардид. 
Сиёсати мақсадноки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушди соҳаи неруи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза ва барқароршаванда, ки ӯ суботкорона ва боматонат, сарфи назар аз душвориҳо солҳои зиёд пеш мебурд, имрӯз боровар шуд. Маҳз ба шарофати ҷидду ҷаҳди созандаи Президенти Тоҷикистон ва Ҳукумати ҷумҳурӣ, бори нахуст дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2018-2020 аҳолӣ ва соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии кишвар бемаҳдудият бо барқ таъмин гардиданд. Дар соли 2019 Тоҷикистон аз содироти барқ 91,3 миллион доллари ИМА маблағ ба даст овард.  Минбаъд соҳаи энергетика давра ба давра ба соҳаи асосии ғанигардонии буҷети давлат табдил хоҳад ёфт. 
Тоҷикистон бо саноатикунонии босуръат ва афзудани нуфуси аҳолӣ кишвари дар ҳоли рушд аст. Ҳар дуи ин омилҳо ба афзудани истеъмоли неруи барқ боис мегарданд, аз ин рӯ, зарур меояд, ки иқтидорҳои нав ба нави истеҳсоли неруи барқ ба кор андохта шаванд. Бинобар он, дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 соҳаи энергетика ҳамчун яке аз соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёти кишвар ҷойгоҳи хосса дорад. 
Айни замон Тоҷикистон, мувофиқи баҳогузории созмонҳои байналмилалӣ, дар ҷаҳон аз рӯи истеҳсоли неруи барқи манбаъҳои барқароршаванда ҷойи 6-умро ишғол менамояд. Баъди бакорандозии иқтидорҳои нав, аз ҷумла НБО «Роғун», кишвари мо метавонад дар истеҳсоли неруи барқ ба ҷойи сеюм ва ё дуюм барояд. 
Президенти мамлакат тазаккур медиҳанд, ки истифодаи иқтидорҳои бузурги гидроэнергетикии Тоҷикистон барои таъмини кишварҳои минтақа бо неруи барқи обии аз ҷиҳати экологӣ тоза – яке аз асосҳои рушди «иқтисоди сабз» - мусоидат менамояд ва ин имкон медиҳад, ки партовҳои гулхонаӣ ба атмосфера камтар хориҷ гарданд ва, ҳамчунин, саҳми Тоҷикистон дар мубориза бо тағйирёбии иқлим, коҳиш додани оқибатҳои манфии гармшавии иқлим афзунтар шавад. 
Дар солҳои роҳбарии дурандешонаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар кишвари мо бисёр тағйироти мусбат бори аввал рух додаанд. Ва имрӯз бо камоли масъулият иброз дошта метавонем, ки дар тули ин солҳо ба таври кул на танҳо сохтори ҷамъиятӣ, иқтисод, тарзи ҳаёти мардум, балки аз ҳама асосиаш, мо ҳамчун давлат ва миллати муттаҳид устувортар гаштем.  
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муҳофизи забони давлатӣ ва фарҳанги ниёгон, сарвати маънавии миллати тоҷик мебошанд.  Дастгирии ҳамаҷонибаи насли наврас ва ҷавони кишвар, рушди маориф ва илм – ин саҳми воқеии Сарвари давлат барои ояндаи Тоҷикистон аст. 
Мо кӯшишҳои хастанопазири Пешвои миллатро оид ба мубориза бо терроризму экстремизм, амалҳои коррупсионӣ ва ҷинояткорӣ, эҳё ва густариш бахшидани ҳунарҳои мардумӣ, танзими анъана ва расму одатҳо ҷонибдорем.  
Имрӯз Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол, дар арсаи байналмилалӣ ҷойгоҳи арзандаи худро пайдо кардааст, ҷомеаи ҷаҳонӣ ташаббусҳои созанда ва сулҳхоҳонаи Сарвари давлати моро пайгирӣ менамояд. Ташаббусҳои глобалии Пешвои муаззами тоҷикони дунё, ки аз ҷониби кишварҳои зиёд қобили қабул гаштаанд, саҳми арзишмандест дар ҳалли яке аз мушкилоти ҷиддию актуалии бани башар – таъминот бо оби тозаи ошомиданӣ. 
Ҳамаи қарорҳои сарнавиштсоз, ки қабул шудаанд ва аз тарафи мардум бо роҳбарии Президентамон дар солҳои Истиқлоли давлатӣ амалӣ гардиданд, имкон фароҳам оварданд, ки рушди кишвари мо самаровар, зиндагии халқ шукуфонтар гардад.
Эмомалӣ Раҳмон имрӯз сипари боэътимоди Ватани мо ва сокинони Тоҷикистон мебошанд. Роҳбарии ӯ гарави сулҳи бардавом, истиқрор, субот, ягонагии миллат ва шукуфоию пешрафти халқ аст. Маҳз бо Пешвои миллат мо метавонем ба таҳдидҳои ҷаҳони пурҳаводиси ноором устуворона истодагарӣ намоем. 
Дар солҳои президентӣ Эмомалӣ Раҳмон ба эҳтиром, миннатдорӣ ва муҳаббати миллионҳо нафар ҳамватанон ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам дар хориҷи кишвар соҳиб гаштанд. Халқи Тоҷикистон ба Пешвои муаззами худ бовар дорад ва шукргузор аст барои ҳамаи он корҳое, ки ӯ баҳри пешрафти мамлакат анҷом дод. 
Ҳамроҳ бо Пешвои миллатамон мо 28 соли фаромӯшнопазирро паси сар намудем ва ба сатҳи сифатан нави зиндагӣ расидем. Мо таҳкурсие гузоштем, ки дар рӯи он метавон ояндаи устувори Ватан, ояндаи дуродурро барои даҳсолаҳо, садсолаҳо ва ҳазорсолаҳо сохт. 
Дар пешорӯй бошад, роҳи тулонӣ ва пурпечутоби ғайриодии пешрафти Тоҷикистон дар масири ислоҳоти иқтисодӣ баҳри амалисозии сиёсати ҷиддии иҷтимоӣ ва беҳсозии ҳаёти мардум истодааст. Ва мо бовар дорем, ки мақсад ва андешаҳои стратегии созанда, ки сарчашмаашон ташаббусҳои пурмуҳтавои Пешвои муаззами мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, чун ҳарвақта бомуваффақият ҷомаи амал хоҳанд пӯшид. 
 
Рафиқа  МУСОЕВА,
раиси Ассотсиатсияи энергетикҳои Тоҷикистон 
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.10.2021    №: 213 - 214    Мутолиа карданд: 477
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед