logo

иҷтимоиёт

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА РУШДИ ИЛМИ ТОҶИК

Маориф дар сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун соҳаи калидӣ ва афзалиятнок эътироф гардидааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни паёму суханрониҳояшон дар иртибот ба соҳаи маориф ҳамеша дастуру супоришҳои муфид дода, рушди онро дар сиёсати кунунии давлат аввалиндараҷа арзёбӣ менамоянд.
Пешвои муаззами миллат ба рушду ташаккули тафаккури маънавӣ,  мазмуни тарбияи миллӣ ва унсурҳои таркибии он, огоҳии ҷавонон аз воситаҳои муосири илму техникаи иттилоотиву коммуникатсионӣ, баҳрабардорӣ аз марказҳои инноватсионӣ, навҷӯйӣ, ихтироъкорӣ, дар руҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ, худшиносиву худогоҳии миллӣ ва эътимод ба арзишҳои миллӣ тарбия ёфтани ҷавонон диққати махсус зоҳир мекунанд. Пайваста таъкид менамоянд: “Ҷавонони соҳибкасбу ихтисосманди мо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, неруи тавоно ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса, ояндаи миллат ва давлат мебошанд”.
Ҳоло дар кишвари мо мавқеъ ва манзалати илм беш аз пеш боло рафта, барои донишандӯзиву илмомӯзии ҷавонон аз ҷониби Ҳукумати кишвар тамоми шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо олимони кишвар (18.03.2020) чунин иброз доштанд: «То имрӯз дар самти илмҳои гуманитарӣ 385 рисола ҳимоя шуда, дар соҳаҳои техникӣ, табиӣ ва риёзӣ 160 рисола дифоъ шудааст. Яъне, рисолаҳои доир ба илмҳои гуманитарӣ ҳимояшуда нисбат ба самтҳои техникӣ ва табиатшиносиву риёзӣ беш аз дуюним баробар зиёд мебошанд».
Вобаста ба ин, Президенти кишвар ба вазоратҳои маориф ва илм, саноат ва технологияҳои нав, рушди иқтисод ва савдо, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Академияи миллии илмҳо ва Академияи таҳсилоти Тоҷикистон дастур доданд, ки «дар муддати шаш моҳ “Стратегияи миллии рушди фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2030” ва “Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2021-2025 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” - ро таҳия карда, ба Ҳукумати кишвар пешниҳод намоянд».
Тафаккури гуманитарӣ аҳамияти бузург дорад, чунки одамонро ба роҳи худшиносӣ, ватандӯстӣ, ифтихор аз давлату давлатдорӣ ва сарватҳои фарҳангии миллати хеш раҳнамун месозад. Аммо танҳо дар заминаи инкишофи тафаккури гуманистӣ истифодаи мукаммалу самараноки неруи илмҳои муосир, техника ва технологияҳо имконнопазир аст. 
Аз ин рӯ, Президенти мамлакат солҳои 2020-2040 – ро Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф эълон намуданд. Ҳамзамон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳо ва вазорату идораҳои дигаре, ки дар сохторашон муассисаҳои таълимӣ доранд, муваззаф шуданд, ки нақша - чорабиниҳоро дар муҳлати се моҳ таҳия ва ба Ҳукумати кишвар пешниҳод намоянд.
Дар ин замина, бо мақсади амалисозии Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф ва ҷиҳати рушди тафаккури техникӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо намудан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин дарёфти истеъдодҳои нав бо дастури Пешвои миллат ҳамасола Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор карда мешавад, ки ин яке аз воситаҳои муҳими рушди фанҳои мазкур ба шумор меравад.
Дар иртибот ба ин, ҷиҳати тавсеаи илмҳои табиатшиносӣ ва дақиқ бо супориши Сарвари давлат шабакаи телевизионии “Илм ва табиат” ташкил ва ба фаъолият оғоз намуд, ки ин иқдоми беназир воқеан, дар рушди ин соҳаи муҳим нақши бузург хоҳад гузошт. 
 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз доштанд, ки шабакаи зикршуда барои тарғиби илму инноватсия, дастовардҳои соҳаи маориф, ташвиқи табиати зебои Тоҷикистон ва сарватҳои табиии он, инчунин, амалӣ гардидани барномаи “Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ барои солҳои 2020 - 2040” саҳми арзишманд мегузорад.
Дар ҷаласаи якуми Шурои илм, маориф ва инноватсия (15.04.2021) Пешвои миллат вобаста ба ҳадафи чоруми стратегии кишвар – саноатикунонии босуръати мамлакат олимони соҳаи математикаро вазифадор намуданд, ки бо истифода аз имкониятҳои математикаи амалӣ моделсозии математикиро дар самти банақшагирии истеҳсолот, барномасозии компютерии ташкил ва идоракунии фаъолияти истеҳсолӣ таҳия ва ба саноатчиёни кишвар пешниҳод намуда, инчунин, таҳқиқотро дар самти лингвистикаи компютерӣ бо дарназардошти меъёрҳои забони адабии тоҷикӣ вусъат бахшанд.
Ҳамзамон, таъкид намуданд, ки баробари эълон гардидани Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар соҳаи илму маориф қарорҳои дахлдори Ҳукумати мамлакат ба тасвиб расида, Вазорати маориф ва илм вазифадор карда шуд, ки дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот стандарт, барнома ва нақшаҳои таълимиро таҷдиди назар карда, ба баланд бардоштани сатҳу сифати таълим диққати аввалиндараҷа диҳад. Зеро танҳо дуруст ба роҳ мондани таълими ин фанҳо ва рушди тафаккури техникӣ имкон медиҳад, ки зеҳни наврасону ҷавонони мо қавӣ гардад ва онҳо баробар бо талаботи замон қадам гузоранд.
Мо низ зарур шумурдем, ки барои пешрафти ин соҳа чанд пешниҳоди муфид намоем:  
1. Таъсиси ниҳоди ТИНЦ (Таджикский индекс научного цитирования) дар пояи КОА ҶТ, ҳамзамон ҷой додани шумораи маҷаллаҳои илмии тақризшаванда, инчунин, шомил гардондани фаъолияти илмӣ-таҳқиқотии олимон ба шохиси ТИНЦ ва натиҷагирӣ аз корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар ин ниҳоди автоматикунонидашуда; 
2. Роҳандозии бозии шоҳмот байни ҳама табақаҳои ҷомеа, зеро ҳангоми ин бозӣ шахс қобилияти фикрронӣ, идоракуниро аз худ намуда, ҳушёрӣ, зиракӣ, ҳифзи марзу бум ва дифои давлату давлатдориро меомӯзад;
3. Таъсиси лабораторияҳои муосир дар самти инноватсионӣ дар муассисаҳои таълимӣ;
4. Бахшида ба ҷашнҳои миллӣ баргузории ҳамоиши илмӣ - зеҳнӣ ва варзишӣ дар сохторҳои давлатӣ ва хусусӣ; 
5. Зиёд намудани соатҳои таълимии фанҳои табиӣ - риёзӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот;
6. Сафарбар намудани муҳассилини соҳа ба таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ вобаста ба тахассус ба ҷойҳои таҷрибавӣ-конструкторӣ.
Ба андешаи мо дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти омӯзиши илмҳои дақиқ ва рушди ин самти илм таъсири хуб мерасонад. 
 
Асадулло НАҶМИДДИНИЁН, 
муовини ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.10.2021    №: 213 - 214    Мутолиа карданд: 447
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед