logo

ҳуқуқ

ИСТИФОДАИ ЭНЕРГИЯИ АТОМӢ. ҚАДАМИ НАВ ДАР САМТИ ТАТБИҚИ ҲАДАФҲОИ ЭЪЛОНГАРДИДАИ КИШВАР

 
Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ дар ҷаласаи навбатӣ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истифодаи энергияи атомӣ»-ро ба тасвиб расонданд. 
Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (АМИТ), зимни баррасии лоиҳа иброз дошт, ки қонуни мазкур дар асоси зербанди «в» қисми 1 «Нақшаи миллии амали Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои Қатъномаи 1540 Шурои амнияти Созмони Милали Муттаҳид», ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 феврали соли 2016, № 54, тасдиқ шудааст, таҳия гардид.
- Вобаста ба ташаккул ёфтани муносибатҳои нави ҷамъиятӣ на ҳама ҷанбаҳои фаъолият вобаста ба истифодаи энергияи атомӣ бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истифодаи энергияи атомӣ» танзим карда мешаванд. Аз ин лиҳоз, бо мақсади мукаммал намудани танзими муносибатҳои ҳуқуқии ҷойдошта лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истифодаи энергияи атомӣ» дар таҳрири нав таҳия карда шуд. Зимни таҳияи он таҷрибаи пешрафтаи ҷаҳонӣ дар соҳаи истифодаи энергияи атомӣ ва амнияти ядроӣ, инчунин, санадҳои дахлдори Агентии байналмилалии неруи атомӣ оид ба таъмини бехатарии реакторҳои илмӣ-тадқиқотӣ ба назар гирифта шудаанд, - гуфт Фарҳод Раҳимӣ.
Қонуни мазкур аз 7 боб ва 35 модда иборат мебошад. 
Зикр гашт, ки дар лоиҳаи мазкур муқаррароти нав оид ба таъмини амнияти дастгоҳҳои ядроӣ дар тамоми марҳилаҳои ҳаётии истифодаи онҳо, аз он ҷумла интихоби майдон ва лоиҳакашӣ, таъмини муҳофизати ҷисмонии дастгоҳҳо, муомилот бо сӯзишвории ядроӣ, таъмини кафолатҳои байналмилалӣ, талаботи тахассусӣ нисбат ба кормандони соҳа, гузарондани экспертизаи бехатарии ядроӣ, радиатсионӣ ва амнияти ҷисмонии ядроӣ пешбинӣ гардидааст. 
Илҳом Мирсаидов, директори Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии АМИТ, дар шарҳи қонуни мазкур чунин иброз дошт: “Қабули қонуни мазкур иқдоми саривақтӣ буда, он таъминкунандаи заминаи устувори ҳуқуқӣ доир ба истифодаи оқилонаи энергияи атомӣ ва танзими муваффақона барои рушди бемайлон ва боло бурдани имиҷи байналмилалии илми ватанӣ маҳсуб меёбад. Дар иртибот ба қабули он, се ҷанбаи муҳимро зикр намудан мувофиқи мақсад аст. 
Якум. Ин санади ҳуқуқӣ ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои эълон гардидани солҳои 2020 – 2040 ҳамчун Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои  табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф, инчунин, Озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” барои насли ҷавони илмии ҷумҳурӣ, бахусус, дар муҳити имкониятҳои таҳқиқоти озмоишгоҳии муассисаҳои илмии АМИТ уфуқҳои тозаро боз менамояд. 
Дуюм. Беҳтар намудани дастоварҳои илмӣ вобаста ба истифодаи энергияи атомӣ барои рушди саноати коркарди маъданҳои рангаю кӯҳӣ, дорусозӣ ва бахшҳои мухталифи тибу кишоварзӣ дар кишвар мусоидат менамояд.
Ва ниҳоят, имконият фароҳам меорад, ки масъалаи назорат ва мониторинги вазъи маҳфузгоҳҳо ва нуқтаҳои гӯрондани сӯзишвории ядроии истифодашуда ё партовҳои радиоактивӣ дар сатҳи зарурии илман асоснок баррасӣ гардад ва ҷалби сармоягузорӣ дар самти ҳифзи муҳити зист ва саломатии аҳолӣ беҳтар шавад”.    
 
Маҳмуд МИРЗОЁН, 
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.10.2021    №: 213 - 214    Мутолиа карданд: 2467
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед