logo

Хабарҳо

Интихоботи президентӣ дар Ӯзбекистон баргузор шуд

ТАСС. Интихоботи президентӣ дар Ӯзбекистон рӯзи якшанбе дар фазои ором ва бо ҳузури анъанавии баланди интихобкунандагон баргузор шуд. Нозирони байналмилалӣ омодагии босифат ба ҷараёни раъйдиҳӣ ва таваҷҷуҳи шаҳрвандони кишварро дар татбиқи ҳуқуқҳои интихоботӣ қайд карданд. 
Ҳавои гарму офтобӣ, ки то охири ҳафта пас аз сардии аввалҳои ҳафта ба кишвар баргашт, низ ба табъи болида ва фаъол шудани шаҳрвандон мусоидат кард. То замоне, ки участкаҳои интихоботӣ соати 20:00 ба вақти маҳаллӣ баста шуданд, иштироки мардум аз 80 дарсад гузашт, аммо ин рақам ниҳоӣ нест, зеро овоздиҳӣ дар як қатор кишварҳои хориҷӣ, ба мисли ИМА, ҳоло ҳам идома дорад.
 
Фавти кӯдакон дар Афғонистон аз гуруснагӣ  
 
Лента. ру. Собиқ вакили порлумони Афғонистон Муҳаммад Муҳаққиқ гуфт, ки дар қисми ғарбии Кобул 8 кӯдак аз гуруснагӣ ҳалок шудаанд. Ӯ зикр кард, ки дар ин минтақа ҷамоати ҳазораҳо зиндагӣ мекунанд. Суханони ӯро АИР «Новости» иқтибос овардааст.
Муҳаққиқ афзуд, ҳаракати «Толибон», ки ба қудрат расид, сатҳи зиндагии мардумро муҳайё намекунад ва аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хостааст, ба ҳазораҳо ва шиаҳои Афғонистон кумак кунанд. 
Моҳи сентябр роҳбари  миссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба  ёрии Афғонистон Дебора Лайонс ҳушдор дода буд, ки бидуни кумаки молии ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Афғонистон қаҳтии густарда дар ин кишвар оғоз мешавад. Вай таъкид кард, ки кишварҳои хориҷӣ аз дастрасии Афғонистон ба миллиардҳо доллар дороиҳои молӣ ва маблағҳои донорӣ ҷилавгирӣ кардаанд, то  онҳо ба дасти «Толибон» нафтанд.
 
 
Инсоният метавонад коронавирусро мағлуб кунад
 
RT. Роҳбари Созмони  ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Гебрейесус гуфт, ки инсоният барои мағлуб кардани пандемияи коронавирус тамоми имкониятҳоро дорад.  Дар ин бора AFP хабар  медиҳад. "Пандемия вақте хотима меёбад, ки оламиён онро хоҳанд. Ин дар дасти мост”, - гуфт ӯ.
Бо вуҷуди ин, ӯ қайд кард, ки одамон натавонистанд ин имкониятҳоро хуб истифода баранд. Гебрейесус илова намуд, ки ҳадафи СҶТ эм кардани ҳадди аққал 40 дарсади аҳолии ҳар як кишвар то охири соли 2021 мебошад.
Қаблан, Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш гуфта буд, ки барои маъракаи тақсимоти одилонаи ваксинаҳо бар зидди коронавирус фавран 8 миллиард доллар лозим аст.
 
 
Токаев бо сафари давлатӣ ба Туркманистон омад
 
КазТАГ. “Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев бо даъвати  Президенти Ҷумҳурии Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов бо   сафари давлатӣ ба шаҳри Ашқобод омад”, - изҳор намуд котиби матбуоти Сарвари давлат Берик Уали.
Ба гуфтаи ӯ, барномаи сафар музокироти ҳайатҳои ду кишварро дар  доираи хурд ва васеъ дар бар мегирад. “Тарафҳо вазъ ва дурнамои рушди шарикии стратегии Қазоқистону Туркманистон, инчунин, масъалаҳои рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалиро баррасӣ хоҳанд кард”, - гуфт Уали.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 693
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед