logo

Хабарҳо

Эмомалӣ Раҳмон бори ҳафтум ба рӯйхати мусулмонони бонуфузтарини олам шомил шуданд

Маркази шоҳигарии тадқиқоти стратегии исломии Уммон бо дастгирии Маркази ҳамдигарфаҳмии мусулмонону масеҳиёни Ҷорҷтаун (ИМА) рӯйхати  навбатии 12-умини худ - 500 мусулмони бонуфузтарини оламро (The Muslim 500) нашр намуд. Ба ин рӯйхат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар шомил шуданд.
Ёдовар мешавем, ки рӯйхати The Muslim 500 шуруъ аз соли 2009  ҳамасола нашр мешавад. Ба рӯйхати мазкур чеҳраҳое шомил мешаванд, ки ба ҳама мусулмонҳои ҷаҳон таъсири сиёсӣ, идеологӣ, фарҳангӣ ва ё иҷтимоӣ доранд.
 
 
Маҳмадтоир Зокирзода бо раисони кумитаҳо ва комиссияҳои давлатҳои аъзои СААД мулоқот намуд
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо ҳайати Маҷлиси ҳамоҳангсози раисони кумитаҳо (комиссияҳо) оид ба мудофиа ва амнияти парламентҳои кишварҳои узви СААД дар назди Шурои Ассамблеяи парламентии СААД, ки дар ҷумҳурии мо бо сафари корӣ қарор доранд, мулоқот намуд. 
Маҳмадтоир Зокирзода иброз дошт, ки калиди ин ҳама комёбиҳо мавҷудияти иродаи қавӣ ва қатъии сиёсии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон авзоро дар Афғонистон таҳлил карда, иброз намуданд, ки он чи ки дар Афғонистон рух медиҳад, хатари дубора ба майдони терроризми байналмилалӣ табдил ёфтани ин кишварро ба миён меорад.
Раиси Маҷлиси намояндагон, ҳамчунин, тазаккур дод, ки   иштироки онҳо ҳамчун нозир дар машқҳои муштараки Неруҳои дастаҷамъии вокуниши сареи СААД - “Ҳамкорӣ-2021” намунаи равшани мониторинги парлумонии вазъи низомӣ-сиёсии минтақа мебошад, ки барои таъмини амнияти ҳарбии кишварҳои узви Созмон нигаронда шудааст.
 
 
Мулоқоти вазири корҳои хориҷӣ бо сафири Беларус
Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин сафири навтаъини фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Виктор Денисенкоро ба ҳузур пазируфт.
Дар вохӯрӣ маросими супурдани нусхаҳои эътимоднома аз ҷониби сафири Беларус ба вазири корҳои хориҷӣ сурат гирифт. Ҳамсуҳбатон доир ба вазъ ва дурнамои рушди муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистону Беларус мубодилаи афкор намуданд.
 
 
Қабули нусхаи эътимодномаи  сафири Австрия
Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода нусхаи эътимодномаи сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Австрия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Вилли Кемпеллро қабул кард.
Дар мулоқот ҳамсуҳбатон дар бораи ҳолати кунунии муносибатҳои дуҷониба, дурнамои густариши ҳамкорӣ байни кишварҳо ва масъалаҳои дигари мавриди таваҷҷуҳи муштарак табодули афкор намуданд.
 
 
Барои корхонаҳои партовкашонии Душанбе 460 техника дастрас шуд
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  шаҳри Душанбе  дар доираи таҷлили Ҷашни 30 - солагии Истиқлоли давлатӣ барои корхонаҳои партовкашонии ноҳияҳои пойтахт 460 техникаи махсуси коммуналӣ, аз ҷумла нақлиёти партовкашонӣ харид кард. Дар ин хусус Кумитаи ҳифзи муҳити зист хабар дод.
Бо харидории техникаи махсуси коммуналӣ фаъолияти корхонаҳои партовкашонии пойтахт тавсеа ёфта, сатҳу сифати хизматрасонӣ беҳ  ва  ҳолати санитарию экологӣ хубтар мегардад.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 750
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед