logo

ҳукумат

ИТТИЛОИЯ

25 октябр таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
 
Дар  маҷлис  нахуст, “Оид  ба  ҷараёни  иҷрои Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот” ҳисоботи раиси ноҳияи Лахш Файзулло Баротзода шунида шуд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, амалисозии дастуру супоришҳои Ҳукумати кишвар ҷиҳати рушди соҳаи картошкапарварӣ, чорводорӣ, ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳои бекорхобида ва самаранок истифода бурдани ҳар як ваҷаб замини кишт, бунёди корхонаҳои саноатӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ, ба Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш, Вазорати кишоварзӣ, Академияи илмҳои кишоварзӣ, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар идораҳои дахлдори давлатӣ супоришҳои мушаххас доданд.
Сипас, зимни ҷаласа лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022” ва дурнамои нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2023 – 2024  мавриди  баррасӣ  қарор гирифт.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми таҳлили масъалаи мазкур таъкид доштанд, ки Буҷети давлатӣ барои соли 2022 ҷиҳати амалӣ намудани сиёсати иҷтимоиву иқтисодии давлат дар самти таъмини рушди устувори иқтисоди миллӣ, коҳиши таъсири омилҳои манфии берунӣ ва дохилӣ ба он, аз ҷумла таъсири идомаёбандаи пандемияи COVID – 19, тараққиёти соҳаҳои воқеию инфрасохторӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таҳия гашт.
Даромади Буҷети давлатӣ барои соли 2022 дар ҳаҷми 32,8 миллиард сомонӣ дар назар аст, ки нисбат ба буҷети соли 2021-ум 5,1 миллиард сомонӣ ё 18,6 фоиз зиёд мебошад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид сохтанд, ки хароҷоти Буҷети давлатӣ барои соли 2022 дар ҳаҷми 33,4 миллиард сомонӣ пешбинӣ шуд, ки дар қиёс ба буҷети соли ҷорӣ 5,3 миллиард сомонӣ беш аст.
Дар сиёсати Буҷети давлатӣ таъмини уҳдадориҳои давлат оид ба ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони кишвар самти афзалиятнок ба ҳисоб меравад. Ҳукумати мамлакат афзалиятнокии маблағгузории соҳаҳои иҷтимоиро нигоҳ дошта, дар Буҷети давлатӣ барои соли 2022 ба ин соҳаҳо равона кардани 14,6 миллиард сомониро пешбинӣ намуд, ки он 43,7 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти буҷет ё 14 фоизи маҷмуи маҳсулоти дохилиро ташкил медиҳад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба коҳиши таъсири омилҳои беруна ба иқтисоди кишвар, аз ҷумла вазъи  ҷаҳони имрӯза, мавҷҳои навбатии пандемияи COVID – 19 ва тағйирёбии иқлим, зарур шумурданд, ки дар чунин шароити ҳассос барои ноил гардидан ба ҳадафҳои Ҳукумати  мамлакат ҳамоҳангсозӣ  ва  таъмини  мутавозинии татбиқи  сиёсати буҷету  андоз ва пулию қарзӣ муҳим мебошад. Аз ҷумла, супориш дода шуд, ки барномаву нақшаҳои қабулнамудаи Ҳукумати мамлакат,  бояд сари вақт ва сифатнок иҷро шаванд. Барои иҷрои босифати буҷет ҷиҳати баланд бардоштани интизоми молиявӣ ва андозӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд. Уҳдадориҳои иҷтимоии давлат, аз ҷумла пардохти музди меҳнат, кумакпулиҳо ва дигар пардохтҳои иҷтимоӣ, аз Буҷети давлатӣ сари вақт таъмин гарданд. Барои татбиқи ҳадафҳои стратегии кишвар, аз ҷумла саноатикунонии босуръати мамлакат ва таъмини амнияти озуқаворӣ, тадбирҳои зарурӣ андешида, истифодаи самараноку мақсадноки маблағҳои дар Буҷети давлатӣ пешбинишуда таъмин шаванд.
Дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи маъқул донистани «Барномаи қарзгирии берунаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022 – 2024» вазири молия Файзиддин Қаҳҳорзода, дар бораи «Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2025» вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода, дар бораи «Барномаи рушди муассисаҳои табобатии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022 – 2025» вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода ва дар бораи «Барномаи рушди геодезия ва харитасозӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022 – 2026» раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ Ориф Хоҷазода ҳисобот доданд.
Лоиҳаҳои як қатор қонунҳо, аз ҷумла лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ”, се хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сиёсати давлатӣ дар соҳаи саноат” ва Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи дастгирии давлатии соҳаҳои комплекси агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” баъди муҳокима барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ирсол шуд.
Дар охир, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иҷрои супоришҳои маҷлиси навбатӣ, дастурҳои Сарвари давлат зимни сафарҳои корӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат додашуда, таъмини босифати нақшаи даромади Буҷетӣ давлатӣ, назорати истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетӣ, амалисозии нақшаи корҳои ободонӣ, вусъати кишти тирамоҳӣ, дар сатҳи баланди ташкилӣ гузарондани мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2021 – 2022, таъмини аҳолӣ бо барқу гармӣ, ҷамъоварӣ ва захираи кофии маводи хӯрокворӣ ва корҳои созандагӣ ба роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, ташкилоту муассисаҳои давлатӣ супоришҳои мушаххас доданд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.10.2021    №: 215    Мутолиа карданд: 6003
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед