маориф
Донишгоҳ соҳиби пойгоҳҳои нави таълимӣ гардид
Дар давраи ҳисоботӣ ҳайати профессорону омӯзгорон барномаҳои таълимии фанҳои давраи дуюми соли хонишро пурра таҳия намуда, 124 супориши тестии имтиҳонҳои тобистонаро дар асоси барномаҳои таълимӣ пешниҳод карданд, -гуфт Иззатулло Сатторӣ, ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур, дар нишасти матбуотӣ.
Мавсуф тазаккур дод, ки ба мақсади тақвияти омодагии хатмкунандагон ба аттестатсияи ҷамъбастии ниҳоӣ ва тайёр намудани мутахассисони баландпоя тарҳрезии фанни нави таълимӣ «Асосҳои илмии ихтисосҳои кишоварзӣ» оғоз гардид. Барои баланд бардоштани маҳорати омӯзгорони ҷавон банаворгирии дарсҳои устодони варзида ва намоиши онҳо ба роҳ монда шуд. Ин амал имкон медиҳад, ки омӯзгорони ҷавон аз таҷрибаи бои профессорон бархурдор бошанд.
Назар ба гуфти ректор, семоҳаи аввали соли ҷорӣ барои устодон ва донишҷӯён хотирмон буд. Зеро дар ин давра Сарвари давлат 4 маротиба бо онҳо сӯҳбат дошт. Пас аз ин мулоқотҳо донишгоҳ соҳиби пойгоҳҳои нави таълимӣ –таҷрибаомӯзӣ дар ноҳияҳои Ёвону Ваҳдат гардид.
Зикр шуд, ки дар ин давра ҳамкории донишгоҳ бо дигар муассисаҳои таълимию илмии хориҷӣ инкишоф ёфт. Дар се Шӯрои илмии донишгоҳ 11 ва дар ҷаласаҳои раёсат 16 масъалаи раванди таълиму тарбия, корҳои илмӣ-иқтисодӣ баррасӣ гардид.
Дар муддати се моҳ 4 нафар рисолаи номзадӣ ва 1 нафар рисолаи докторӣ дифоъ кард.
-Ба мақсади таъмини Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат бо мутахассисони варзидаи соҳибихтисоси ҳарбӣ тамоми донишҷӯёни донишгоҳ аз курси дуюм ба машғулиятҳои тайёрии ҳарбӣ ҷалб карда шуданд, -гуфт Иззатулло Сатторӣ.
Мунаввари САФАР
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 5430