logo

иҷтимоиёт

РАМЗИ ҚАДРДОНӢ

Дар низоми қонунгузории миллӣ муқаррар намудани рӯзи кормандони ин ё он соҳа ва дар сатҳи давлатӣ таҷлил намудан, шаҳодати ба таври расмӣ қадр кардани заҳмату талошҳоест, ки намояндагони касбу кори гуногун дар ҷодаи фаъолияти хизмативу меҳнатии хеш баҳри пешрафти ҷамъият, равнақу шукуфоии Ватан ва рушду такомули миллати сарбаландамон анҷом медиҳанд. Агар ба сӣ соли пурифтихори соҳибистиқлолӣ назар кунем, Ҳукумати ҷумҳурӣ ба ҳама касбу пеша эҳтиром гузошта, пешниҳоди ҳайати кормандони касбҳои гуногунро бобати эълон намудани санаи муайян баҳри муқаррар намудани иди касбиашон ҷонибдорӣ намудааст. Чунин таваҷҷуҳ бо шарофати соҳибистиқлолӣ, озодии Ватан ва давлатдории миллӣ имконпазир гардида, рамзи қадрдонист. 
 
Аз ҷумлаи идҳои касбие, ки аз файзи истиқлол таҷлили он мақоми ҳуқуқӣ ва эътибори расмӣ пайдо намуд, ҳамасола ҷашн гирифтани  26 октябр ҳамчун Рӯзи кормандони мақомоти судӣ мебошад. Ин кор дар асоси тағйиру иловаҳои ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» воридгардида ва таваҷҷуҳи хосу дастгирии пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон воқеӣ шуд. 
Як нигоҳи кӯтоҳ ба дигаргуниҳову муваффақиятҳои низоми судӣ дар замони соҳибистиқлолӣ аён менамояд, ки қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 1994) саҳифаи наверо дар таърихи мақомоти судии кишварамон боз намуд. Инчунин, дар қонуни асосии кишварамон ҳуқуқ ва озодиҳои инсон дар сатҳи конститутсионӣ  арзиши олӣ эътироф гардид. Дар маҷмуъ, метавон зикр намуд, ки дар доираи ислоҳоти конститутсионӣ дар даврони соҳибихтиёрӣ фаъолияти ҳокимияти судӣ дар Тоҷикистон тақвият ёфт. 
Зеро ҷомеа ва низому сохтори амалкунандаи давлатдориро бе фаъолияти мақомоти судӣ наметавон тасаввур намуд, чунки имрӯз бинобар печида гардидани муносибатҳои ҷамъиятӣ ниёз ба нақши судҳо дар баррасӣ ва баҳои қонунӣ додан ба зуҳуроти гуногуни ҷомеа, ки муҳокимаи судиро тақозо доранд, торафт афзуда истодааст. Гувоҳи ин гуфтаҳо ҳамасола афзудани шумораи парвандаҳое мебошад, ки судҳои сатҳи гуногуни ҷумҳурӣ ба истеҳсолоти худ қабул мекунанд. Чунин талаботи афзоянда нисбат ба фаъолияти судяҳо, аз онҳо неруи қавии хизматӣ, донишу таҷрибаи мукаммал, қабули қарори одилона ва бар адолати судӣ асосёфта, муносибати масъулиятнок бо иштирокчиёни мурофиаҳои судӣ, садоқати касбӣ ва эҳсоси худшиносию ватандӯстиро тақозо дорад. Хушбахтона, имрӯз иқтидори кадрии мақомоти судии Тоҷикистон бо мутахассисони варзида, ҳуқуқшиносони баландихтисос ва пайваста такмилдиҳандаи донишу малакаи касбии худ пурра гардида истодааст. 
Маҳз аз ин ҷост, ки эътимоди мардум ба фаъолияти судҳо афзуда, баҳсу мушкилоти худро тариқи баррасии судӣ расмият бахшиданианд. Чунин ҳолат шаҳодати баланд рафтани савияи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандони кишвар ба шумор меравад, ки ҳамаи баҳс, нофаҳмӣ ва дигар печидагиҳои зиндагии худро бо роҳи ҳуқуқӣ, тариқи мизони муқарраркардаи қонун ҳаллу фасл карданианд. Падидаи мазкур боиси қаноатмандист, зеро он волоияти қонунро, ки аз нишонаҳои муҳими давлати ҳуқуқбунёд ба шумор меравад, тақвият бахшида, сифатҳои қонунмеҳварӣ ва соҳибҳуқуқиро дар ҷомеа тарғиб ва пойдор менамояд. 
Дар ин раванд, нақш ва ҳиссагузории Суди Олӣ басо намоён аст, чунки ин сохтор тавонист низоми судии Тоҷикистонро муттаҳид сохта, интихобу ҷобаҷогузории дурусти судҳоро ба роҳ монад, ҷиҳати такмили ихтисоси онҳо чорабиниҳои иттилоотӣ ва маърифатии натиҷабахшро амалӣ созад. 
Кормандони мақомоти судӣ дар фаъолияти ҳамарӯзаи хизматии хеш бо ҳисси масъулиятшиносии баланд, дарки муқаддасоти касбӣ тамоми азму талоши лозимро равона менамояд,  то мардум ба мақомоти судӣ доимо  эътимод  дошта бошанд, адолати судӣ ҳамеша тантана кунад ва  ҳуқуқи инсон ҳамчун арзиши олӣ устувору побарҷо ва бегазанд боқӣ монад.
Танҳо бо  ин роҳ кормандони мақомоти судӣ метавонанд дар раванди рушди миллӣ, саодати мардум, расидан ба ояндаи дурахшон, татбиқи ҳадафҳои стратегии кишварамон саҳм гузоранд ва боварии мардумро ба фардои наку қавӣ гардонанд.
Бо истифода аз минбари бонуфузи Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» ҳамаи ҳампешагони хеш, кормандони мақомоти судии мамлакати соҳибихтиёру мустақиламонро бо иди касбиашон таҳният гуфта, барояшон садоқатмандӣ дар иҷрои масъулияти пуршарафи хизматӣ, пешрафту комёбиҳои рӯзафзун  дар кору фаъолияташон баҳри таъмини волоияти қонун, таҳкими адолати судӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон таманно менамоям. 
 
Суҳроб  РУШАНЗОДА, раиси суди ноҳияи Сино


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.10.2021    №: 215    Мутолиа карданд: 535
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед