logo

иҷтимоиёт

РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ

Исми Абдуқодир Ҷабборов чун ходими давлативу ҷамъиятӣ, олим ва соҳибкори муваффақ барои хурду калони кишвар ошност. Ин фарди ватандӯсту соҳибдил бо истеъдоди фитрӣ ва қобилияти кордонӣ дар ҳама ҷабҳаи фаъолияти худ корҳои назаррас аҷом додааст. Ташаббусҳои камназири Абдуқодир Ҷабборов барои ҷомеа садҳо ҷойҳои нави кор фароҳам оварда, мавзеъҳои ободу дилрабо ва воқеаҳои наҷиби хотирмон эҳдо кардааст. 
Соли 1974 Донишгоҳи давлатии тиббии ба номи Абуалӣ ибни Сино баъдан Донишгоҳи давлатии тиббии Украинаро хатм намудааст.  Солҳои 1978 - 1989 дар вазифаҳои ҷонишини сардухтури Стансияи санитариву эпидемиологии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷонишини сардори Раёсати мудирияти корҳои Шӯрои вазирон кор кардааст. 
Алҳол муассиси маҷмааи меҳмонҳонаҳои «Абдуқодир Ҷабборзода» ва витсепрезиденти федератсияи иттифоқҳои варзишӣ аз рӯйи намудҳои варзиши миллии халқҳои Авруосиё дар назди Асамблеяи халқҳои Авруосиё, узви Шӯрои халқҳои Авруосиё мебошад.
Маҷмааи меҳмонҳонаҳои «Абдуқодир Ҷабборзода», ки дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд қарор дорад, аз беҳтарин меҳмонхонаҳои кишвар маҳсуб меёбанд. Хидматрасонӣ ва шароити истироҳат дар ин меҳмонхона ҷавобгӯи талаботи замон буда, Абдуқодир Ҷабборов дар ҳамдастӣ бо кормандони соҳибтахассуси худ кӯшиш мекунад, ки меҳмонони даргоҳаш бо хотири болида вориди он гарданду бо дили шод берун шаванд.
Дар пиёда кардани сиёсати давлату ҳукумат, аз ҷумла сиёсати дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдомҳои ҷолиб мегузорад. Аз зумраи ин ташаббусҳои наҷиб дар шаҳри Гулистон бунёд намудани маҷмааи истироҳатию фароғатии «Осоишгоҳи Абдуқодир Ҷабборзода»  ба ҳисоб меравад, ки бо  тарҳи зебо, риояи тамоми меъёрҳои сохтмонию меъморӣ, нақшу нигори миллӣ, кандакорӣ, гаҷкорӣ, оинабандӣ ва сангҳои ороишии ватанӣ ба як макони дилфиреб дар соҳили Баҳри тоҷик қомат афрохтааст. 
Сохтмони он соли 2019 оғоз шуда, дар доираи корҳои ободу бунёдсозӣ ба хотири сазовор пешвоз гирифтани Ҷашни 30 - солагии Истиқлоли давлатии кишвар сурат гирифт. Осоишгоҳ дар як вақт имкони қабули то 55 нафарро дорад ва дар он 15 нафар сокинон бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардидаанд. Бо навтарин дастгоҳу таҷҳизоти тиббии  ширкатҳои машҳури ҷаҳонӣ таъмин аст. Ин ҷо табобати бемориҳои амрози дарунӣ, асаб, роҳи нафас, сутунмӯҳра бо усулҳои гуногун ва истифодаи таҷҳизоти муосири тиббӣ роҳандозӣ шудааст. Ба қавле Осоишгоҳи «Абдуқодир Ҷабборзода» аз зумраи иншооти муҳими соҳаи табобату истироҳат мебошад, ки дар соҳили «Баҳри тоҷик» бунёд шудааст. 
Зимнан ин ва дигар заҳматҳои ӯ бо нишон, ордену медалҳо, ифтихорномаву сипосномаҳо қадр шудааст. Аз ҷумла, соли 2002 Ҳукумати шаҳри Маскав Абдуқодир Ҷабборовро барои меҳнати арзишманд бо ордени «Святого Станислава рыцарской степени РФ» қадрдонӣ намуд. Соли 2012 бо медали «Дӯстии халқҳо - ягонагии Россия» - и Ассамблеяи халқҳои Россия сарфароз гардид. Аълочии тандурустии СССР, Корманди хизматнишондодаи фарҳанги Тоҷикистон, узви Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон аст. Абдуқодир Ҷабборов олим ва донишманди беназир мебошад ва унвони номзади илмҳои ҳуқуқшиносиро дорад.
Бале ӯ як зиндагии пур аз ибрат ва омӯхтаниро аз сар мегузаронад ва ҳар амалу кори ин марди ватандӯст барои ҷавонони имрӯза дарси мактабу матонат аст.
 
Саидумрон САИДОВ,
номзади илмҳои филология,
Аълочии матбуоти Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.10.2021    №: 215    Мутолиа карданд: 489
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед