logo

Хабарҳо

НОҲИЯИ ВОСЕЪ. БИНОИ БЕМОРХОНАИ МАРКАЗӢ ТАҶДИДУ НАВСОЗӢ ШУД

 
Бинои беморхонаи марказии ноҳияи Восеъ аз даврони Шуравӣ боқӣ монда, таъмирро тақозо мекард. Беморхонаи мазкур бо ташаббуси Ҳукумати мамлакат дар ҳамкори бо Бонки рушди Олмон тармим гардида, дар рафти сафари кории Президенти кишвар ба истифода дода шуд. Бинои муассиса бо тарҳи муосир навсозӣ шудааст. 
 
Тибқи иттилои масъулон, барои таъмиру таҷдиди бинои беморхона ва муҷаҳҳаз гардондани шуъбаҳо бо таҷҳизотҳои ташхисию табобатӣ аз ҷониби Ҳукумати кишвар ва шарикони рушд, аз ҷумла Бонки рушди Олмон 53 миллион сомонӣ харҷ шудааст. Бинои беморхона сеошёна буда, масоҳати умумии он се гектарро дар бар мегирад.  
Сарахон Иброҳимзода, сартабиби беморхона, дар суҳбат ба хабарнигори «Ҷумҳурият» гуфт, ки чанд сол қабл шароит дар беморхона хуб набуд, таҷҳизоти ташхисию табобатӣ намерасид, катҳои хоб фарсуда буданд. Бо дастгирии Ҳукумати мамлакат дар остонаи Ҷашни 30 – солагии Истиқлоли давлатӣ бинои беморхона навсозӣ шуда, бо лавозимоти тиббӣ муҳайё гардид. Инчунин, барои зебогии муассиса дар атрофи он гулҳои мавсимию ҳамешасабз шинонда шуда, ҳудуди бино сафолакпӯш гардид.
Гуфта шуд, ки беморхона аз даҳ шуъбаи бистарикунонӣ, шаш ёрирасон ва ду ташхисию табобатӣ иборат буда, бо таҷҳизоти наву замонавӣ, аз ҷумла дастгоҳи сабти барқии дил, дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ, рентгени рақамӣ, ултрасадо ва дигар таҷҳизоти ташхисӣ таъмин аст. Феълан беморхона дорои 197 кати хоб буда, дар он 48 табиб ва 156 корманди миёнаи тиб кору фаъолият мекунад. 
 
Суннати СОДИҚ, «Ҷумҳурият» 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 717
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед