logo

Хабарҳо

Туҳфаи Пешвои миллат ба ноҳияи Исмоили Сомонӣ расид

Туҳфаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон - китоби «Тоҷикон» ба ноҳияи Исмоили Сомонӣ расид. Теъдоди китоби мазкур 25 ҳазору 96-торо ташкил медиҳад.
Аз ҳисоби раисони маҳаллаҳо ва кормандони Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия гурӯҳи корӣ ташкил гардида, ин  туҳфаро ба ҳар оила мерасонанд.
Мақсади асосии  чунин иқдом шиносоӣ бо гузаштаи пурифтихори халқи тоҷик ва дар ин замина баланд бардоштани ҳисси худшиносии насли имрӯзу фардои миллат мебошад.
 
 
Ширкати ҳайати Тоҷикистон дар ҳамоиши кумитаҳои олимпии ҷаҳон
Ассамблеяи генералии XXV Ассотсиатсияи кумитаҳои миллии олимпӣ (ANOC) дар ҷазираи Крити Юнон бо иштироки намояндагони кумитаҳои миллии олимпии ҷаҳон, КБО, федератсияҳои байналмилалӣ ва дигар ҷонибҳои манфиатдори ҳаракати олимпӣ доир шуд. Дар ин бора Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар дод. 
Дар ҳамоиш намояндагони 148 Кумитаи миллии олимпӣ ширкат намуда, 57 кумитаи дигар фосилавӣ пайваст шуд. Тоҷикистонро ноиби президенти Кумитаи миллии олимпӣ Аҳтам Абдуллозода ва котиби генералӣ Муҳаммадшо Абдуллозода намояндагӣ карданд.
Гурӯҳи корӣ дар бораи раванди дархост барои мизбонии Бозиҳои соҳилии ҷаҳонӣ маълумот дод ва тасдиқ кард, ки ҳайат аз ҷониби Шурои иҷроияи ANOC барои пешрафти дархости Индонезия барои мизбонии нашри бозиҳо дар соли 2023 ваколатдор шудааст.
 
 
Аз 1 то 10 ноябр таътили тирамоҳии хонандагон
1 ноябр дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон таътили тирамоҳӣ оғоз шуда, то 10 ноябр идома меёбад. Чоряки якум 31 октябр дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ҷамъбаст гардида, хонандагон ба муддати даҳ рӯз ба таътили тирамоҳӣ мебароянд, - иттилоъ доданд аз Вазорати маориф ва илм.
Таътили тирамоҳӣ танҳо ба хонандагон дахл дошта, омӯзгорон дар ин муддат ба корҳои методӣ ва гузарондани маҷлисҳои падару модарон ва чорабиниҳои таълимӣ сафарбар мешаванд. Инчунин, барои хонандагон рӯйхати китобҳое тавсия мешавад, ки дар таътил онҳоро бояд мутолиа намоянд. Ин давра, ҳамчунин, даври якуми олимпиадаи дохилимактабӣ оғоз мегардад.
 
 
Хизматрасонӣ ба беш аз 600 ҳазор мусофир дар нуҳ моҳ
Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дар нуҳ моҳи соли равон ба беш аз 600 ҳазор нафар мусофир хизмат расондааст, ки ин омор нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 225 ҳазор  зиёд аст, - иттилоъ доданд аз фурудгоҳ.
Миқдори умумии бор ва почтаи аз ҷониби терминали боркашонӣ қабулгардида ва интиқолёфта дар  ин давра беш аз 965 тоннаро ташкил медиҳад. Ҳамзамон, тавассути терминали боркашонӣ беш аз 46 тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи мамлакат содирот шуд.
 
 
Кӯдакони дорои нуқсони модарзодии дил ройгон ҷарроҳӣ мешаванд
Аз 23 октябр то 2 ноябр бо ташаббуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии  Амороти Муттаҳидаи Араб дар Маҷмааи тандурустии «Истиқлол»  кӯдакони дорои нуқсони модарзодии дил ҷарроҳии ройгон мешаванд, - иттилоъ доданд аз  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ.
Мақсад аз роҳандозии иқдоми мазкур дастгирӣ ва кумак ба оилаҳои камбизоатест, ки кӯдакони гирифтори бемориҳои нуқсони дили модарзодӣ доранд.
Кӯдакону наврасони то 18-сола, ки  нуқсони модарзодии дил доранд, метавонанд бо  маълумотномаи камбизоатӣ ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ муроҷиат намоянд. Дар ҷараёни амалиёти ҷарроҳӣ мутахассисони тоҷик низ иштирок мекунанд.
 
 
COVID-19. Ягон ҳолати нав сабт нашудааст
Шабонарӯзи охир дар мамлакат ягон ҳолати гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории  коронавинирус ба қайд гирифта нашудааст. 
Дар маҷмуъ, аз аввали бақайдгирӣ то имрӯз  дар кишвар 17086 нафар гирифтори сирояти коронавирус сабт шуда, 16960 нафар  шифо ёфт. Аз бемории мазкур 124 нафар фавтид.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз шаҳрвандон даъват менамояд, ки қоидаҳои беҳдоштию зиддиэпидемикиро қатъиян риоя намоянд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 767
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед