logo

суханрониҳо

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мубоҳисаҳои мавзуии сатҳи баланд таҳти унвони “Амалисозии иқдомҳо дар соҳаи иқлим”, шаҳри Душанбе, 27 октябри соли 2021

Муҳтарам ҷаноби Раис!
Хонумҳо ва ҷанобон!
Тоҷикистон, ки 93 фоизи масоҳати онро кӯҳҳо ташкил медиҳанд, бо чунин шароити мураккаби ҷуғрофӣ яке аз осебпазиртарин кишварҳои дунё дар раванди тағйирёбии иқлим ба шумор меравад.
Пиряхҳои мо бошиддат об шуда, захираҳои об рӯз ба рӯз маҳдуд гардида истодаанд, селу обхезӣ, хушксолӣ ва дигар падидаҳои гидрометеорологӣ пайдарпай афзоиш ёфта, ҳамасола ба иқтисодиёти кишвар хисороти зиёд ворид менамоянд ва  ба ин васила ба саъю талошҳои мо ҷиҳати дастрасӣ  ба рушди устувор монеа эҷод мекунанд. 
Вобаста ба ин, мехостам бори дигар таъкид намоям, ки таъсири мустақими тағйирёбии иқлим ба захираҳои об ба таври возеҳ ба назар мерасад ва ин масъала бояд дар маркази диққати ҷомеаи ҷаҳонӣ, бахусус роҳбарони давлатҳои аъзои Конвенсияи қолабии тағйирёбии иқлим қарор дошта бошад.
Бо истифода аз фурсат, мехоҳам пешниҳоди Тоҷикистонро оид ба эълон намудани соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ва таъини  санаи мушаххаси “Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо” бори дигар таъкид намоям. 
Тоҷикистон аз ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати таъсис додани “Бунёди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”, ки дар доираи он мо тавонем муштаракан талошу захираҳоямонро ҷиҳати иқдомоти амалӣ барои ҳифзи пиряхҳо ҳамчун манбаи асосии оби соф сафарбар намоем, борҳо даъват ба амал овардааст. 
Боиси хушнудист, ки ба наздикӣ Созмони ҷаҳонии метеорологӣ ва абзори “Созмони Милали Муттаҳид – Об” бо дастгирии фаъоли як қатор кишварҳои шарик ташаббуси наверо пешниҳод намуд, ки мавқеъгирии ҳамгирошударо дар муқовимат бо тағйирёбии иқлим, маҳдудшавии захираҳои оби нӯшокӣ ва бад шудани сифати он пешбинӣ менамояд.
Тоҷикистон ба мақсади пурра гузаштан ба Идораи ҳамгироёнаи захираҳои об  бо таъкиди хос ба истифодаи оқилона ва самараноки захираҳои об дар сатҳи милливу минтақавӣ минбаъд низ саъю талош хоҳад кард.
Дар ин зимн Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускори Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018 - 2028” ва ба сифати раисикунанда дар Хазинаи байналмилалии наҷоти Арал бори дигар таъкид менамояд, ки дар доираи ин ва дигар чорчӯбаҳои муҳими байналмилалӣ ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир хоҳад кард. 
Хонумҳо ва ҷанобон!
Дар баробари ин, мехоҳам зикр намоям, ки саҳми кишвари мо дар пешгирӣ аз раванди гармшавӣ мусбат арзёбӣ мегардад, зеро ҳиссаи Тоҷикистон дар ҳаҷми глобалии партовҳо дар сатҳи пасттарин қарор дошта, ҳамагӣ сифру аз даҳ ҳазор се (0,0003) фоизро ташкил медиҳад.
Бо вуҷуди ин, Тоҷикистон дар чорчӯбаи Созишномаи Париж ихтиёран уҳдадор гардид, ки ҳаҷми партови газҳои гулхонаиро аз 80 - 90 фоизи сатҳи соли 1990 зиёд накунад.
Дар сурати мусоидати ҷомеаи ҷаҳонӣ ин рақам метавонад то 65 - 75 фоизи нишондиҳандаи ибтидоӣ коҳиш дода шавад.   
Кам кардани ҳаҷми партовҳо ба фазо асосан аз ҳисоби идома додани истифодаи манбаъҳои бузурги энергияи таҷдидшаванда, бахусус гидроэнергетика ва энергияи офтоб муяссар хоҳад шуд.
Истифодаи ҳамгироёнаи ин ду навъи неру метавонад на танҳо ба афзоиши истеҳсоли энергияи аз лиҳози экологӣ тозаи таҷдидшаванда, балки ба истифодаи оқилонаи захираҳои оби кишвар низ мусоидат намояд.
Бо дарназардошти саъю талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати дастрасӣ ба сатҳи сифрии партовҳои гулхонаӣ, мо ният дорем, ки иқтидорҳои худро оид ба истеҳсоли энергияи “сабз” то соли 2050 ду баробар афзоиш диҳем. 
Мавриди зикр аст, ки Тоҷикистон айни ҳол 98 фоизи қувваи барқи худро  аз неругоҳҳои барқи обӣ истеҳсол карда, аз лиҳози фоизи тавлид ва истифодаи энергияи “сабз” дар ҷаҳон ҷойи шашумро ишғол менамояд.
Ба қадри бунёди иншооти нави гидроэнергетикӣ, бахусус Неругоҳи барқи обии “Роғун” бо иқтидори 3600 мегаватт, кишвари мо дар ин раддабандӣ ба ду зинаи дигар боло мебарояд.
Инчунин, мехостам саъю кӯшишҳои Тоҷикистонро ҷиҳати татбиқи барномаҳои барқарорсозии ҷангалҳо ва васеъ кардани майдони ҷангалпарварӣ таъкид намоям.
Тибқи Созишномаи Париж, чанде пеш Тоҷикистон ба Котиботи Конвенсияи қолабии тағйирёбии иқлими Созмони Милали Муттаҳид намунаи нави Саҳми муайянкунандаи партовҳои газҳои гулхонаиро дар сатҳи миллӣ омода ва пешниҳод кард.
Дар фарҷоми сухан мехостам зикр намоям, ки расидан ба ҳадафҳои гузошташуда бе захираҳои зарурӣ, яъне сармоя, илм ва технологияҳо метавонад солҳои зиёд тул кашад.
Аз ин рӯ, барои бисёре аз кишварҳои рӯ ба тараққӣ мусоидати ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ин ҷода чун ҳарвақта масъалаи ниҳоят мубрам боқӣ хоҳад монд.  
Аз таваҷҷуҳатон сипосгузорам.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.10.2021    №: 216    Мутолиа карданд: 5431
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед