маориф
ДТТ: шумораи хориҷшудагон 268 нафарро ташкил медиҳад
Масъалаи таъхири супурдани имтиҳонҳои ҷорӣ, шумораи зиёди қарздорон ва хориҷшавандагон барои донишгоҳ аз масъалаҳои ташвишовар маҳсуб меёбад. Шумораи хориҷшудагон 268 нафарро ташкил медиҳад, - гуфт зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон Анвар Абдурасулов.
Ду коллеҷи техникӣ ва политехникии дар сохтори донишгоҳбуда бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як коллеҷ муттаҳид шуд. Бо мақсади такон бахшидан ба фаъолияти илмӣ- тадқиқотии кормандони ДТТ шӯъбаи илмӣ- тадқиқотӣ ба Идораи корҳои илмӣ-тадқиқотӣ табдил ёфт.
Инчунин кафедраҳои ҳаракаткунандаҳои автоматикунонидашудаи электрикӣ, танзими барқ, озмоишгоҳҳо таъмир ва бо таҷҳизоти таълимӣ муҷаҳҳаз гардиданд.
Ректори донишгоҳ семоҳаи соли ҷориро ривоҷи робитаҳои байналмилалӣ арзёбӣ намуд. Дар иртибот ба он гуфт, ки ба 7 донишгоҳу марказҳои илмию таълимии хориҷи кишвар шартномаҳои дутарафа ба имзо расиданд ва бо намояндагони ташкилоту муассисаҳои гуногуни хориҷӣ гуфтушуниди судманд анҷом ёфт. Инчунин донишгоҳ нақшаи васеи чорабиниҳоро барои таҷлили Соли маориф ва фарҳанги техникӣ таҳия карда, амалӣ менамояд. Аз ҷумла ба ин муносибат чандин семинару конфронсҳо баргузор гардиданд.
Фарзонаи Файзалӣ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 5406