logo

ҳуқуқ

КОНСТИТУТСИЯ ВА ҲОКИМИЯТИ СУДӢ

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 27 сол муқаддам қабул гардид, аз ҷумлаи муҳимтарин воқеаҳои таърихи навини давлатдории халқи тоҷик аст, ки ибтидо ва заминаи онро Истиқлоли давлатӣ ташкил медиҳад. Таҷрибаи конститутсионализм ва қабули конститутсияҳои аксар давлатҳои ҷаҳон, аз ҷумла Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баръало собит месозанд, ки он ҳамчун  ҳуҷҷати сиёсӣ ва санади меъёрии ҳуқуқии эътибори олии ҳуқуқӣ дошта, ба Истиқлоли давлатӣ вобастагии ногусастанӣ дорад. 
 
Бешубҳа, аҳамияти ин санади муҳими таърихӣ, пеш аз ҳама, дар он ифода меёбад, ки бори нахуст аз ҷониби халқ ва барои халқ бо роҳи ифодаи озодонаи майлу иродаи шаҳрвандони мамлакат қабул карда шудааст. Ва он манфиатҳои олии миллату давлати соҳибистиқлоламонро инъикос намуда, Тоҷикистонро ба ҷаҳони мутамаддин ҳамчун давлати соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муаррифӣ карда, ба омили муҳимтарини кафолати устувории ҳаёти сиёсии ҷомеа мубаддал гардид.
Хуб дар хотир дорем, ки Конститутсия дар айёми ниҳоят ҳассоси таърихӣ дар Тоҷикистон қабул гардида, аз як тараф, барои рушди давлати демократӣ ва таъсиси низоми самарабахши ҳокимияти давлатӣ заминаи ҳуқуқӣ гузошта, аз ҷониби дигар, барои сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар саросари мамлакат шароити мусоид фароҳам овард.
Дар асоси меъёрҳои конститутсионӣ кафолати таъмини амалишавии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва ҳифзи онҳо меҳвари асосии сиёсати давлат эътироф шуда, дар Тоҷикистон заминаҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ташаккул ёфтанд, ки ин шаҳодати амалишавии ҳамаҷонибаи принсипи гуногунандешии сиёсӣ ба шумор меравад.
Дар заминаи татбиқи бомароми меъёрҳои конститутсионӣ дар кишвари мо волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ, инчунин, ифтихори милливу худшиносӣ ба сатҳи арзиши ҳамешагии ҷомеа бардошта шуд.
Баъдан тамоми низоми қонунгузории миллӣ ба муқаррароти Конститутсия мувофиқ гардонда шуда, фаъолияти парламенти касбии кишвар ба таҳия ва қабули санадҳои ҳуқуқии ҷавобгӯ ба манфиатҳои давлату миллат, густариш бахшидани раванди демократикунонии ҷомеа ва пешбурди бомароми ислоҳоти иқтисодиву ҳуқуқӣ равона гардид.
Бояд гуфт, ки маҳз бо қабули Конститутсия ҳокимияти судӣ шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ эътироф шуд. Боби ҳаштуми ин санади олии ҳуқуқӣ ба танзими ҳокимияти судӣ бахшида шуда, принсипҳои асосии фаъолияти он, низоми сохтори судӣ, вазифа, мақсадҳои амалӣ намудани адолати судӣ ва ваколати судяҳоро муқаррар мекунад.
Тибқи моддаи 87 судяҳо дар фаъолияти худ мустақил буда, танҳо ба Конститутсия ва қонун итоат мекунанд. Дахолат ба фаъолияти онҳо манъ аст. Принсипи номбурда судяҳоро уҳдадор менамояд, ки онҳо аз таъсироти беруна озод бошанд ва ҳама гуна кӯшиши дахолат намуданро ба ҳалли парвандаи мушаххас пешгирӣ намоянд. Зеро, ин принсип воситаи муҳими таъмини мустақилияти судя дар роҳи ба амал баровардани адолати судии босалоҳият, боэътибор, мустақил ва беғараз буда, кафолати фаъолияти мустақилона ва ҳифзи ӯро аз ҳар гуна дахолат таъмин мекунад. 
Ҳокимияти судӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо ба судҳои босалоҳият ва дар асоси қонун ташкилёфта дар симои судяҳо, ки дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонун  барои ба амал баровардани адолати судӣ ҷалб мешаванд, тааллуқ, дорад. Ягон мақоми дигар ё шахсони ҳуқуқӣ ба зиммаи худ гирифтани таъмини татбиқи адолати судиро надоранд.
Бо мақсади амалигардонии кафолатҳои конститутсионӣ, суд вазифадор аст ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолатро, ки Конститутсия ва дигар қонунҳои кишвар, инчунин, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон муқаррар намудаанд, ҳифз намояд.
 
Мирзоисмон ГИЁЗОДА, 
раиси суди шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.10.2021    №: 216    Мутолиа карданд: 3458
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед