logo

иҷтимоиёт

С. УЛУҒЗОДА ДАР НАВИШТАҲО

 
Албатта, аз нависандае чун Сотим Улуғзода ҳамеша бо навиштаҳо ёд хоҳанд овард, ёде нек, дар баробари хидматҳои бузургаш, асарҳои мондагораш. Нашри осораш низ дар ин рӯзгор як навъ ёд ва қадрдонии нависандаи забардаст мебошад. Аммо то бад-ин пояи шуҳрат ва маҳбубият расидан бас ранҷҳо кашидаву монеаҳоро аз миён бардоштааст. Ҳатто, худ замоне ки ба ӯ Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакиро супурданд, изҳор дошта буд: - «Нон ба вақте диҳанд, ки дандон нест». Таърих аз ин гуна ҳодисаҳо бисёри бисёр ёд дорад ва чун дарс ба мо меомӯзад, то ибрат бигирему хатоҳоро аз нав содир накунем. Хондем, дидем, шоҳид шудем, онҳое, ки санги маломат бар ин гурӯҳ аз ҷаҳлу нодонӣ заданд, худ оқибат зери сангҳои андохтаашон монданд ва аз вартаи маломат раҳоӣ наёфтанд. Аммо, дар ин зимн, нафароне ҳам буданд, ки масъалаҳоро мунсифона баррасӣ карданд ва навиштаҳояшон барои рушди соҳа буданд, на беобрӯ сохтани адиб. Мавриди зикр аст, ки баъзе аз ин навиштаҳо фармоишӣ буданд.
Агар ба саҳифаҳои таърих бинигарем, ин ҳақиқат маълумамон мешавад, ки бар Рӯдакӣ ҳам эрод гирифта буданду бар Саъдиву Мавлонову Ҳофизу Бедил низ. Оре, то он ҷо ки косаи сабрашон лабрез гардиданд ва бар ин гурӯҳ посухи сазовор доданд. Аз Саъдӣ аст дар ин маврид:
Надорад ба сад нуктаи нағз гӯш,
Чу заъфе бубинад, барорад хурӯш.
Дар эрод ба шеъру сухани Мавлоно ва асари мондагораш изҳор доштанд:
Ин каломи орифони шум нест,
«Маснавии маънавӣ»-и Рум нест.
Ҳофиз ноилоҷ овоз баланд кард:
Ҳасад чӣ мебарӣ, эй сустназм, бар Ҳофиз?!
Қабули хотиру лутфи сухан худодод аст.
Бедил ҳам посух гуфт:
Бар  пасту баланди шеърам эрод магир,
Охир, сухани Шофеиву Нуъмон нест.
Агар ин нафарони маломатгару эродгир имрӯз шуҳрати ҷаҳонии адибони машҳурро медиданд, аз шарм ба ҳар соат ба замин фурӯ мерафтанд.
Сотим Улуғзода, нависандаи забардаст, тарҷумони беҳамто низ, бешак, чун ин адибони шуҳратёри тоҷик солҳои сол мавриди таъну маломат буду ба ҳар тасмимаш, ташаббусҳояш, навиштаҳояш эрод мегирифтанд. Ҳатто, дар кори дигарон, чи бад буду чи нек, ӯро низ гунаҳгор меҳисобиданд. Аз навиштаи  Аббос Алиев мебошад, ки дар «Тоҷикистони сурх» 8 августи соли 1933 нашр гардидааст: «Аввалан, шубҳа нест, ки Азизӣ яке аз нависандагоне аст, ки ҳазор тарафаш ба Бектош ва Комилӣ баста аст. Азизӣ бо бисёрии навиштаҳояш нависандаи кулакҳо аст. Бубинед, ин нависандаи кулакҳоро, ин ғуломи Бектошро  журнали мо дар забони Улуғзода чӣ гуна меситояд: - «Ҳеҷ шубҳа нест, ки ҷойи Азизӣ дар сафи истеъдодноктарин нависандагони шӯроии мост... Азизӣ ҳамчун насрнавис дар се соли охир дар адабиёти мо (кадом мо?!) «мавқеи намоёнро ишғол кард» (ишғол кунондем гӯед- рафиқ нависанда!)».
Муаллифи мақола ба Сотим Улуғзода аз он ҷиҳат низ эрод мегирад, ки «Азизӣ барои инкишофи қувваҳои эҷодии худ (бо иншои шеър – А.Р.) роҳи дурустеро интихоб кардааст». Ҳамзамон, ба таъкид менигорад, ки «магар шоири кулакҳо шудан роҳи дуруст аст?». Ҳукмҳо ва пурсишҳо агарчи дар ин рӯзгор шояд одӣ намоянд, аммо дар он замон имкони маҳв шудани нависандаро ба вуҷуд оварда метавонист, албатта, бо эълони «душмани сохти нав» ва «тарафдори кулакҳо».
«Бигзор худи Улуғзода фикр кунад, магар кулаки имрӯзӣ фақат «пуф  бӯйнок» (як мисраи шеъри Азизӣ – А.Р.) гуфта аз дур меистад? Магар ин шеър ба фоидаи кулакҳо гуфта нашудааст? Агар ин роҳ, чунон ки мегӯяд, роҳи дуруст интихоб шуда бошад, магар ин ёрии хирсонаи шумо ба Азизӣ нест?». Муаллиф ба эродгирӣ ва муҳокимаи мавқеи Улуғзода идома медиҳад: - «Дар рӯйи ҳамин «шеъри» тамоман кулакӣ Улуғзода ҳеҷ шарм накарда менависад: - «Азизӣ бо теғи буррони ҳаҷв боён, муштзӯрон, ҳаннотонро бераҳмона «синашикоф мекунад».
Устод Улуғзода ҳамон сол, яъне соли 1933, мақолае дар бораи Суҳайлӣ менависад. Гӯиё ин мақоларо барои «дида баромадан» дода ва Бектош онро таҳрир намуда будааст. Дар ин хусус пас аз зикри эродҳои ҷиддӣ, ҳатто дар «маҷлиси кумитаи ташкилотии нависандагон» чунин масъалагузорӣ мекунад: -«... пеш аз ҳама, як суол мебарояд: оё ин саҳвҳои Улуғзода тасодуфӣ аст ё не? Ба фикри мо, ин саҳвҳо ба ҳеҷ ваҷҳ тасодуфӣ нест. Ин саҳвҳо бисёр маҳкам ба он решаҳои тардид, дудилагӣ, ки Улуғзодаро ташкил мекунад, вобаста аст».
«Ба муносибат набудани рафтори дурусти партиягӣ» ва «роҳбарии пӯшидаи  гӯё «чапӣ», дар амал сиёсати аз  Союзи нависандагон баровардани як қатор нависандагон ва адабиётчиён пеш бурда шудааст». Шомили ин гурӯҳ  драматург Ғанӣ Абдулло ва тарҷумони «Занбӯр»-и Войнич ба забони тоҷикӣ Улуғзода низ будаанд. Тибқи маълумоти ибрознамуда, бисёре аз нависандагон маҷбуран Тоҷикистонро тарк кардаанд. Улуғзода низ аз ин зумра буд ва дар яке аз рустоҳои Тошканд ба сифати муаллим фаъолият намудааст.
Аз нутқи устод Абулқосим Лоҳутӣ дар Анҷумани I нависандагони Тоҷикистон (соли 1934) мебошад: «Ба мо баъд аз муддати бисёр билохира муяссар шуд, ки дар ин анҷумани нависандагони худ одамони бори адабӣ доштагиро ҷамъ кунем. Дар ҳамин наздикӣ нависандагони ҷавони мо ҳамчун мурғ маҷбур буданд, ки аз як боғ ба боғи дигар, аз як ҷой ба ҷойи дигар парида раванд, зеро онҳо дар ояндаи худ боварӣ надоштанд». Бояд афзуд, ки ба зинда мондани худ ҳам дар он кишвар бо туҳматҳо, иғвоҳо, дасисаҳо бовар надоштанд.
Устод  Лоҳутӣ дар идомаи нутқаш ҳақиқатро ошкоро баён медорад:- «Ман чанд моҳ пеш аз омадани роҳбарияти нав ба Тоҷикистон омадам, ба ман лозим омад, ки бо бисёр рафиқон нависандагони мо суҳбат кунам. Ман аз онҳо ин тавр ҷавоб мегирифтам: - «Яке мегуфт, вайро аксулинқилобчӣ мешуморанд, дигаре мегуфт, ки вайро аз Иттифоқи нависандагон баровардаанд, савумӣ мегуфт, ки вайро ҳатто аз ҳуқуқи гражданӣ маҳрум кардаанд ва мазкур маҷбур аст, ки аз ин зиндагонии гурусна гурезад, зеро ҳатто ба вай кор ҳам намедиҳанд ва ғайра...».
Баъдҳо Сотим Улуғзода нависандае, ки аз узвият маҳрум гардида буд, котиби Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон таъин мешавад.
Муаллифон Ҷалиқов ва Очилдиев, пештар аз ин, яъне соли 1937, дар «Тоҷикистони сурх» Улуғзодаро чунин айбдор намудаанд: «... Қисми муайяни тарафдорони «ҷараёни» куҳна (Нестеренко, Арзуманов ва ғайра) забони тоҷикиро аз рӯи адабиёти сартопо ба миллатчигии буржуазӣ ғӯтидахӯрда медонанд ва дар натиҷаи ба қадри даркорӣ бо омма алоқа надоштан, ин адабиётро ҳамчун хасча маҳкам дошта ва метарсанд, ки аз ӯ ҷудо шуда намонанд.
Намунаҳои равшани муқобилияти «тарафдорони забон» ретсензияи рафиқ Улуғзода мебошад, ки дар он вай сахт истода, талаб мекунад, ки фаҳмиши ҳамаи умумиро ба халқи тоҷик додан даркор нест...».
Соли 1946 адабиётшинос ва мунаққид Соҳиб Табаров очерки «Дар размгоҳ»-и С. Улуғзодаро танқид мекунад. Ӯ мақолаашро 1 сентябр дар «Тоҷикистони сурх» ба табъ расондааст. Дар  он, аз ҷумла менигорад: - «Хулласи калом, очерки «Дар размгоҳ» дорои қимати бадеӣ нест, чунки аз як тараф дар он берунравӣ аз роҳи реализми сотсиалистӣ, нодуруст кашидани образҳои офисерони советӣ дида мешавад, аз тарафи дигар, вазифаи асосии нависандагон, ки ба наслҳои оянда кушода додан ва нишон додани он одамоне, ки яроқ ба даст гирифта, дар ин рӯзҳои ҷангҳои сахттарин ҷангид ва ғалаба намуд... аз тарафи рафиқ Улуғзода иҷро карда нашуда бошад, аз тарафи сеюм, асар қимати хуби бадеӣ надорад».
Дар Анҷумани III нависандагон муваффақияти Улуғзода дар мавриди таълифи романи «Диёри Навобод зикр ва тавсиф аммо, ҳамзамон таъкид мешавад: «Вале ҳамаи ин романҳое, ки аз ҳаёти колхозӣ навишта шудаанд, як камбудии умумӣ доранд – ҳодисаҳо пай дар ҳам инкишоф намеёбанд. Вақте ки кас романи Улуғзодаро мехонад, чунин таассуроте мегирад, ки ... воқеаҳо хеле вақт пеш аз он, ки хонанда ба саҳифаи охирини китоб расад, тамом мешаванд».
Соли 1969 Пленуми XVI Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон баргузор мешавад. Дар он нависандаи забардасти тоҷик Сотим Улуғзода бо сабаби ба Британияи Кабир фирор намудани писараш Азиз аз сафи ҳизб ронда ва асарҳояш аз барномаи таълимӣ бардошта ва чопи асарҳояш мамнуъ гардиданд.
Таҳаммули ин ҳама асари ҳодисаҳо, навиштаҳо, муносибатҳо дар он рӯзгор ба камтар аз нависандагон ва шахсиятҳо даст медод. Ин навъ зиндагонӣ ва, ҳамзамон, эҷод кардан худ қаҳрамонӣ маҳсуб мешуд. Баъдҳо, албатта, шуҳрату маҳбубияти хос ба даст овард. Дар хусуси асарҳояш, хидматҳои мондагораш олимон, муҳаққиқон, мутахассисон навиштанд. Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистонро бо амри Президенти мамлакат ба номаш гузоштанд ва дар баробари дигар шахсиятҳои сиёсиву ҷамъиятиву адабӣ аз чеҳраҳои мондагораш хонданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ӯро мусаннифи таърихи пурфоҷиаи халқ хонда, таъкид доштанд: - «Нависандаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, узви вобастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон, Арбоби шоистаи ҳунари мамлакат Сотим Улуғзода дар радифи фарзандони бузурги суханвари миллати тоҷик ҷою мақоми хосса дорад... Барҳақ, мутолиа ва омӯзиши асари пурғановати адиб барои хештаншиносӣ, эҳтироми таърих ва таҳкими сулҳу ваҳдат ва дӯст доштани Тоҷикистони азиз саҳми босазо мегузорад».
 
Абдулқодири РАҲИМ,
«Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.10.2021    №: 216    Мутолиа карданд: 501
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед