logo

иҷтимоиёт

МЕҲРГОН – ИДИ ДИРӮЗУ ИМРӮЗ

 
Ба шарофати соҳибистиқлолӣ ва сиёсати фарҳангпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, идҳои неки ниёгонамон аз нав эҳё гашта, тайи солҳои ахир бо шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешаванд. Аз ҷумла, миёни онҳо иди Меҳргонро метавон зикр кард, ки мазмуну моҳияти махсус дорад. 
Мувофиқи маъхазҳои таърихӣ, он дар сарзамини орёиҳо, баробари ба ҳукми анъана даромадани зироаткорӣ ва ҷорӣ гаштани тақвими деҳқонӣ, пайдо шудааст. Масалан, дар ин маврид Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳо иброз доштанд: «Меҳргон баробари инкишофи зироаткорӣ ва ҷорӣ гардидани тақвими деҳқонӣ пайдо шуда, бинобар ин, ҷашни ҳосилот ва кишоварзон ба ҳисоб меравад».
Бояд таъкид кард, ки мардум Меҳргонро дар давраи Сомониён бо тантана ҷашн мегирифтанд.  Онҳо дар ин моҳ ҳашар мегузаронданд ва, ҳамчунин, сарулибоси нав пӯшида, сайру базмҳо меоростанд. Чунончи, қофиласолори шеъри тоҷику форс Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ яке аз маликони Сомониёнро бо фаро расидани Меҳргон табрик карда гуфтааст:
Малико, ҷашни Меҳргон омад!
Ҷашни шоҳону хусравон омад!
Ту ҷавонмарду давлати ту ҷавон,
Май ба бахти ту ҷавон омад.
 
Шоири дигари классики тоҷик Масъуди Саъди Салмон дар рӯзҳои ҷашни Меҳргон ҳамеша ба ҳамдигар меҳрубон буданро таъкид месозад:
Рӯзи Меҳр аст, меҳрубонӣ кун, 
К-аз ҳама чиз меҳрубонӣ беҳ.
 
Доир ба пайдоиши ҷашни Меҳргон ривоятҳои дигар низ вуҷуд доранд. Аз ҷумла, бино ба маълумоти Абурайҳони Берунӣ, Фаридун ба муносибати маҳв намудани Заҳҳок дар кӯҳи Дамованд базме ороста, ба он асос гузоштааст. 
Қобили зикр аст, ки ҳарчанд дар даврони Иттиҳоди Шуравӣ Меҳргон ҷашн гирифта намешуд, унсурҳои он дар Иди ҳосилот ба назар мерасид. Дар рӯзҳои ин ид дар шаҳру деҳоти ҷумҳурӣ бозиҳои варзишӣ, аз қабили гуштигирӣ, аспдавонӣ, бузкашӣ, дав ва амсоли инҳо, барпо мегардиданд.
Боиси ифтихору сарфарозист, ки ин ҷашни ниёкон пас аз ба даст омадани соҳибистиқлолӣ мазмуни тозаву нав гирифта, ба иди дӯстиву рафоқат, меҳру муҳаббат, бунёдкориву созандагӣ ва ватандӯстию ватандорӣ табдил ёфтааст.
 
Сафар ЭРКАЕВ, 
дотсенти ДДХ ба номи 
академик Б. Ғафуров  


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.10.2021    №: 216    Мутолиа карданд: 458
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед