logo

Хабарҳо

ЁРИИ ҲУҚУҚИИ РОЙГОН. НИЗОМ ВА РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН

Дастрасӣ ба адолати судӣ аз ҷумлаи ҳуқуқҳои асосиест, ки ҳам бо меъёрҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ва ҳам бо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат дода шуда, бидуни он ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар ҷомеаи муосир ғайриимкон аст. Яке аз ҷанбаҳои муҳими дастрасӣ ба адолати судӣ, ҳуқуқи гирифтани ёрии ҳуқуқии тахассусист ва он ба ҳамаи шахсоне, ки имкони пардохт кардани чунин хизматрасониро надоранд, кафолат дода мешавад.
Ин матлабро Музаффар Ашуриён, вазири адлия, дар конфронсе, ки 25 октябр бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ва 5-солагии таъсисёбии Муассисаи давлатии «Маркази ёрии ҳуқуқӣ»-и Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ироа намуд.
Зикр шуд, ки бо қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ бо мақсади гузариш ба марҳилаи нави рушди ёрии ҳуқуқӣ ва такмили низоми расондани ёрии ҳуқуқии ройгон аз 2 июли соли 2015 Кансепсияи расондани ёрии ҳуқуқии ройгон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Ҳадаф аз қабули он ташаккули асосҳо ва мукаммалгардонии минбаъдаи низоми давлатии ёрии ҳуқуқии ройгони дастрас ва ихтисоснок барои аҳолӣ буд. Барои татбиқи консепсия бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 ноябри соли 2015 Муассисаи давлатии «Маркази ёрии ҳуқуқӣ»-и Вазорати адлия таъсис ёфт. Дар иртибот ба ин, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ» (4 июли соли 2020) ба тасвиб расид, ки айни замон дар асоси он ба аҳолии кишвар ёрии якумдараҷа ва дуюмдараҷа расонда мешавад. Шуруъ аз соли 2016 то соли ҷорӣ дар 34 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ расондани ёрии ҳуқуқӣ роҳандозӣ гардида, ба зиёда аз 87 ҳазор шаҳрванд ёрии ҳуқуқии ройгон расонда шудааст. 
- Ба гирифтани ёрии ҳуқуқӣ ҳамаи одамон ҳуқуқ доранд. Агар тамоми шаҳру ноҳияҳо бо фаъолияти самарабахши ҳуқуқшиносони давлатӣ фаро гирифта шаванд, мувофиқи мақсад хоҳад буд. Ҳамзамон, хизматрасонии як ҳуқуқшиноси давлатиро дар якчанд ноҳияҳо метавон таъмин кард. Истифода аз шаклҳои хизматрасонии инноватсионӣ, ба мисли пешниҳоди ёрии ҳуқуқии якумдараҷаи сайёр ва онлайнӣ ҳам ба маврид аст, - иброз дошт Пратибҳа Метҳа, намояндаи доимии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон.
Дар идома Лоиқ Нусратиён, директори Муассисаи давлатии «Маркази ёрии ҳуқуқӣ» аз фаъолияти 5 - солаи ин муассиса натиҷагирӣ кард. 
 
Оламбегим НЕКҚАДАМОВА, «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 789
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед