logo

Хабарҳо

Путин дар нишасти кишварҳои Осиёи Шарқӣ суханронӣ мекунад

 
EurAsiaDaily. «Мавзуи асосии вохӯриҳо, ки таҳти шиори «Мо ғамхорӣ мекунем, мо омодаем, мо мешукуфем» баргузор мешавад, баррасии устуворӣ дар роҳи барқарорсозии минтақавӣ пас аз пандемияи коронавирус хоҳад буд», - гуфта мешавад дар Вазорати корҳои хориҷии Бруней, ки вазифаи раисиаш дар Ассотсиатсияи давлатҳои Осиёи Ҷанубу  Шарқӣ (АСЕАН) ба поён мерасад.
Президенти Россия Владимир Путин дар Саммити Осиёи Шарқӣ тавассути иртиботи видеоӣ суханронӣ хоҳад кард, - гуфт котиби матбуоти Сарвари давлат Дмитрий Песков ба хабарнигорон. Вай зикр кард, Президенти Россия нақша дорад, ки ба мавзуъҳои рушди иқтисодии минтақаи Осиё ва уқёнуси Ором, пандемия, кор бо оқибатҳои пандемия, рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ ва робитаҳои сайёҳӣ дар минтақа дахл кунад.
 
Суҳбати телефонии Си Ҷинпин бо Сарвазири Покистон Имрон Хон
 
Синхуа. Рӯзи сешанбе  Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин  Си Ҷинпин бо Имрон Хон, Сарвазири Покистон, гуфтугӯи телефонӣ анҷом дод. Си Ҷинпин зикр кард, ки дар тули 70 соли барқарории равобити дипломатӣ миёни Чину Покистон, сарфи назар аз тағйири вазъи байналмилалӣ, ду тараф ҳамеша ба ҳамдигар бо камоли боварӣ муносибат карда, душвориҳоро якҷоя  пушти сар намуданд. 
Чин ва Покистон барои мубориза бо пандемияи COVID-19 ва дигар  мушкилот якҷоя кор мекунанд, ки ин эътимоди стратегии мутақобилаи ду кишварро таҳким бахшида, ҳамкориҳои стратегии онҳоро амиқтар кардааст. Таърих гувоҳ аст, ки Чин ва Покистон бародарони боэътимоданд. Си Ҷинпин таъкид кард, ки ҷониби Чин дар дарёфти роҳи рушде, ки ба шароити миллӣ ҷавобгӯ бошад, аз Покистон дастгирӣ мекунад ва омода аст, ки бо ин кишвар имкониятҳои навро, ки ба рушди босифати Чин овардааст, мубодила кунад.
 
 
Байден мулоқот бо Си Ҷинпинро зарур мешуморад
 
ТАСС. Президенти ИМА Ҷо Байден ба зарурати баргузории мулоқот бо Си Ҷинпин, Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин итминон дорад, зеро тамосҳои дипломатӣ дар заминаи рақобати Вашингтон ва Пекин аҳамияти хоса доранд. Дар ин бора Ҷейк Салливан, ёрдамчии Президенти ИМА оид ба амнияти миллӣ, изҳор намуд.
Тавре ӯ таъкид кард, Байден имконияти тамосҳои шахсӣ бо Си Ҷинпинро муҳим медонад. «Ва агар ин корро шахсан бо сабаби маҳдудиятҳои сафар барои Си Ҷинпин иҷро кардан ғайриимкон бошад, пас беҳтар аст, ки мулоқоти маҷозӣ баргузор шавад. Мо ният дорем ин корро анҷом диҳем, зеро дар давраи рақобати шадид байни ИМА ва Чин, ҳамкории пайвастаи дипломатӣ дар сатҳи олӣ, сатҳи роҳбарон дар идоракунии муассири ин муносибатҳо нақши муҳим мебозад», - гуфт Салливан зимни нишасти матбуотӣ дар Қасри Сафед 
  
 
Макрон ва Си Ҷинпин вазъи Афғонистонро баррасӣ карданд
 
ТАСС. Президенти  Фаронса Эммануэл Макрон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин зимни гуфтугӯйи телефонӣ вазъи Афғонистонро баррасӣ карданд. Дар ин бора дар баённомае, ки қасри Елисей паҳн кардааст, гуфта мешавад. Тавре дар паём омадааст, дар раванди суҳбат Макрон талаботро ба ҳаракати радикалии «Толибон», аз ҷумла дар робита ба мубориза бо терроризм ва эҳтиром ба ҳуқуқи занон, қайд кардааст.
Маъмурият, инчунин, гуфт, ки Сарвари давлат дар арафаи раёсати Фаронса дар Шурои Иттиҳоди Аврупо даъват кард, ки барои барқарор кардани мувозинат дар муносибатҳои Аврупову Чин ба самти мутақобилаи бештар, бахусус дар масъалаи дастрасӣ ба бозорҳо талошҳоро идома диҳад.
«Роҳбарон ба мувофиқа расиданд, ки робитаҳои зичро бо мақсади пешрафти босуръати лоиҳаҳои ҷорӣ дар бахшҳои стратегӣ нигоҳ доранд. Президенти ҷумҳурӣ ба сифати равобити тиҷоратӣ дар бахши кишоварзӣ таваҷҷуҳ кард», - афзуд маъмурият.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 709
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед