logo

иҷтимоиёт

ҶАҲОНИШАВӢ. НИСБАТ БА ОЯНДАИ НАВРАСОНУ ҶАВОНОН БЕТАФОВУТ НАБОШЕМ!

Тайи солҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маърифати ҳуқуқии ҷавонон ба таври чашмрас боло рафтааст ва гувоҳи ин, пеш аз ҳама, қонунписандии онҳост. Таҳияву қабули қонунҳои зиёд, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», далели вуҷуд доштани ҳокимияти устувори қонунгузор мебошад. Қонунҳои мавҷуда сатҳи ҷинояту рафторҳои номатлубро миёни наврасону ҷавонон дар қиёс ба солҳои пеш коҳиш додааст. Аслан, ҷомеае, ки мутеъ ба қонун аст, ҳамеша пешрафт мекунад ва суботи сиёсиву иқтисодии кишвари мо низ алҳол ба ин омил робита дорад. 
Хавфу хатари ҷиддии имрӯза тавассути омилҳои фарҳангӣ (дину мазҳаб) ба олами сиёсат ҷалб кардани ҷавонон мебошад. Хуб аст, ки мазҳабситезиҳое, ки феълан сабабгори бадбахтии халқҳо гаштаанд дар тафаккури ҷавонони тоҷик ҷой надоранд. Дар ҷумҳурии мо таҳқиру инкоре нисбат ба ягон фирқаву мазҳабе вуҷуд надорад (махсусан дар миёни ҷавонон), дини Ислом ва мазҳаби ягонаи ҳанафӣ дар кишварамон ваҳдати фарҳангиро (на сиёсӣ) шакл бахшидааст. Гузашта аз ин, фарҳангу маънавиёти миллӣ таҳаввул ёфт. Ин таҳаввул ба он мусоидат кард, ки суроғи маҳалу қавму нажод ва бархӯрди ақидаҳои бебунёд аз байн равад.
Алҳол кишвари мо дар марҳилаи рушди иҷтимоиву иқтисодӣ қарор дорад ва дар ин роҳ таваҷҷуҳи аввалиндараҷаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон равона гардидааст. Нахустин  мулоқоти Роҳбари давлат бо ҷавонон (соли 1993) гувоҳи он аст, ки ин қишри ҷомеа ба таври ҳамеша дар меҳвари сиёсати давлатӣ қарор доранд. Дар вобастагӣ ба ҳамин таваҷҷуҳ аз он замон то имрӯз барномаҳову лоиҳаҳои гуногун амалӣ гашта истодаанд, ки заминаи аслии бунёди ҷомеаи ҳуқуқбунёду демократӣ ба ҳисоб меравад. Аз ҷумла, ҷалби ҷавонон ба илму дониш (солҳои 2020 – 2040 ҳамчун Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиноӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф, озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи донӣ китоб аст», «Илм – фурӯғи маърифат») дар баробари заминаҳои пешрафти иқтисодии ҷомеа, яке аз роҳҳои андармон сохтани ҷавонон барои ташаккули шахсияти фардии онҳо низ ба шумор меравад. 
Бояд гуфт, ки раванди ҷаҳонишавӣ ниҳоят мураккабу пурмуаммо мебошад. Ҳам дар таҳаввул ва ҳам дар таназзули ҳар як ҷомеа дар мадди аввал ҷавонон нақши амиқ мегузоранд ва ниҳодҳои мухталиф барои манфиатҳои худ аз ин неру истифода мебаранд. Равандҳои сиёсии ҷаҳони муосир собит менамоянд, ки абарқудратҳо дар роҳи забту ғасби кишварҳои миёнаҳолу ақибмонда маҳз бо истифода аз гумроҳии ҷавонон ва барангехтани ҷангҳои шаҳрвандӣ нақшаҳои геополитикии худро амалӣ месозанд. Мутаассифона, дар муноқишаву низоъҳо дар навбати аввал ҷавонон қурбон мешаванд. 
Феълан, рахна задан ба ҷаҳонбиниву тафаккури ҷавонон шиору шеваи аслии сиёсатҳои таҳмилии хавфнок мебошад. Иҷборан дар муқобили ин ҷараён қарор гирифтан душвор аст ва роҳи беҳтарини эмин будан аз чунин хатар маърифатманду соҳибдониш гардондани ҷавонон ба ҳисоб меравад. 
Дар давлати ҳуқуқбунёду демократии мо бахшҳои идеологӣ дар ин самт корҳои назаррасеро анҷом медиҳанд, ки дар ташаккули фардии ҷавонон нақши муҳим дорад. Имрӯз дар кишвари мо шароит фароҳам аст, ки ҳар як шаҳрванд истиқлоли фардии худро дарк намояд. Агар ҳар нафар ин озодиро дар худ эҳсос кунад, бешак заминаи устувори худшиносиву худогоҳии ӯ таъмин мегардаду таҳаввул меёбад. Ҷаҳолат ва сатҳи пасти маърифати ҷавонон таҳдиди асосӣ барои ин озодиҳост. Гаравидан ба ақидаву идеологияҳои хатарнок пеш аз ҳама дараҷаи пасти маърифату донишҳои он нафароне мебошад, ки мустақилона қудрати таҳлилу ташхис кардани идеяҳои гуногунро надоранд. Аз ҷониби дигар, дар тафаккури онҳо холигаҳе низ вуҷуд дорад, ки қатъи назар аз монеасозиҳо ҳамеша хавфҳоеро (ҷинояткорӣ ва дигар амалҳои ношоиста) дар пай дошта метавонад. 
Ҷавони имрӯза дар интихоби роҳ мустақил аст ва ин истиқлол ҳамон вақт судманд мебошад, ки агар пойдевори ҷаҳонбиниву маърифати ӯ комилу мусбат бошад. Дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо шароити таҳсилу омӯзиш фароҳам буда, наврасон дар макотиби гуногундараҷа (муассисаҳои таҳсилоти миёна, гимназия, литсей) ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Макотиби олӣ дар қиёс бо замони шуравӣ ба маротиб зиёд  гардид. Роҳбарияти олии мамлакат хуб дарк менамояд, ки ҷавонони соҳибмаълумот, фаъолу бомаърифат муҷиби пешрафти кишвар барои имрӯзу оянда мебошанд. Дар ин роҳ оила ва мактаб низ нақши бузург дошта метавонад. Авзои имрӯзаи минтақа ва ҷузъиёти алоҳидаи сиёсатҳои таҳмилӣ моро водор менамояд, ки нисбат ба тақдири имрӯзу ояндаи наврасону ҷавонон ҳар лаҳза бетафовут набошем. 
 
Бахтиёр  НУРИДДИНЗОДА, 
прокурори раёсати назорати иҷрои
қонунҳо оид ба ноболиғон ва ҷавонони 
Прокуратураи генералӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.10.2021    №: 217    Мутолиа карданд: 501
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед