logo

Хабарҳо

БУНЁДИ РОҲИ ҚАЛЪАИ ХУМБ – ВАНҶ – РӮШОН. ҚАДАМИ НАВ БАРОИ ТАБДИЛИ ТОҶИКИСТОН БА КИШВАРИ ТРАНЗИТӢ

 
Дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ вакилон Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамлу нақли транзитии борҳои хатарнок тавассути ҳудуди Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар бораи пешниҳоди кумаки бебозгаштро мақбул донистанд.
Азим Иброҳим, вазири нақлиёт, зимни баррасии созишномаи аввал иброз намуд: «Бо кушода гардидани саҳифаи нав дар муносибатҳои дуҷонибаи сиёсию иқтисодӣ ва фарҳангию иҷтимоӣ бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки маҳз бо заҳмату талошҳои сарварони ду кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев амалӣ гардид, ҳамкориҳои мутақобилан судманд густариш ёфта, ба тасвиб расидани санадҳои меъёрии ҳуқуқии байнидавлатӣ рӯз аз рӯз тамоюли мусбат касб менамояд. Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамлу нақли транзитии борҳои хатарнок тавассути ҳудуди Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо мақсади густариш ва таҳкими муносибатҳои дӯстона, ҳамкориҳои мусоид ба интиқоли мунтаззаму бехатари борҳои хатарнок таҳия гардида, ба содагардонии раванд ва расмиёти интиқол, инчунин, ба кам кардани хароҷоти нақлиётӣ мусоид мекунад». 
Зикр гашт, ки созишномаи мазкур имконияти пайдошавии роҳҳои алтернативии интиқоли борҳои хатарнокро ба Тоҷикистон фароҳам меорад. Он дар асоси муқаррарот ва меъёрҳои пешбининамудаи Созишномаи аврупоӣ оид ба ҳамлу нақли бори хатарнок (соли 1957), ки кишвари мо ба он соли 2011 ҳамроҳ шудааст, таҳия гардидааст.
- Интиқоли бори хатарнок тавассути ҳудуди Ӯзбекистон, асосан, барои қонеъ гардондани талаботи корхонаҳои саноатии Тоҷикистон сурат гирифта, тасдиқи он ба манфиати кишвари мо муҳим арзёбӣ гардида, барои расидан ба ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати кишвар заминаи устуворро таъмин менамояд, - гуфт Азим Иброҳим.
Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молия, иброз дошт, ки Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар бораи пешниҳоди кумаки бебозгашт 13 июни соли 2021 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст. Маблағи умумии созишнома 800 миллион юани чинӣ (баробар ба 125 миллион доллари ИМА) буда, барои маблағгузории қисматҳои калидии марҳилаи дуюми роҳи автомобилгарди Душанбе – Кулма, инчунин, дигар лоиҳаҳои афзалиятнок, ки баъдан аз тарафи ҷонибҳо мувофиқа карда мешавад, равона мегардад.
- Дар доираи маблағи пешбинигардида анҷоми корҳои барқарорсозӣ дар шоҳроҳи автомобилгарди Душанбе – Кулма (қитъаи роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ – сарҳади Рӯшон аз километри 371 то 480)  дар назар аст, - зикр кард вазири молия. 
Бояд гуфт, ки шоҳроҳи мазкур ҷузъи долони байналмилалии роҳҳои автомобилгарди Осиё ба ҳисоб рафта, ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Чин, Қирғизистон ва Афғонистонро бо ҳам мепайвандад. Барқарорсозии ин роҳ барои таҳкими робитаҳои мавҷудаи тиҷоратию иқтисодии кишварҳо нақши муҳим дорад. 
 
Маҳмуд БАҲРОМ, 
«Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 827
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед