logo

Хабарҳо

АРМУҒОНИ ТОЗА ДАР СИНОШИНОСИИ ТОҶИК

 
Аз ҷониби доктори илми филология, профессор Саидраҳмон  Сулаймонов  бори  аввал  аз  забони арабӣ ба забони тоҷикӣ тарҷума ва таҳқиқ гардидани "Китоб-ун-набот" ("Гиёҳнома") ва "Китоб-ул-ҳайвон" ("Ҷонварнома") аз бахши табииёти донишномаи фалсафии Шайхурраис Абуалӣ ибни Сино "Китоб-уш-шифо" аз рухдодҳои бузурги фарҳангии кишварамон ба шумор рафта, чопи онҳо ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ туҳфаи муносиб ба Ҷашни 30 – солагии Истиқлоли давлатии кишвар мебошад.
Бо вуҷуди шуҳрати ҷаҳонии мутафаккир ва таъсири чашмраси фалсафа ва тибби ӯ дар Аврупо, Россия, Эрон ва кишварҳои араб, то ҳол бархе аз осори гаронбаҳои ӯ дар соҳаи илмҳои табиатшиносӣ ҳанӯз тарҷума нагардида, мазмуну муҳтаво ва арзиши илмии онҳо дар асрҳои миёна ва нақши ӯ дар пешбурди осори илмии асримиёнагӣ ва махсусан, дар соҳаи тиб, ботаника ва байторӣ (ветеринария) муайян нашудааст, дар ҳоле ки ин асарҳо осори арзишманд ва сарчашмаҳои боэътимоди илми тиб, ботаника ва байторӣ баъди асари доиратулмаорифии ӯ "ал-Қонун фи-т-тиб" ба ҳисоб мераванд. Маврид ба ёдоварист, ки тарҷумаи ин ду асари Шайхурраис дар Аврупо ба забони лотинӣ ва қаштилӣ дар миёнаҳои асри XII баёнгари он аст, ки онҳо ҳанӯз дар Аврупо алоқамандони зиёд дошта, баъди тарҷума ба забонҳои аврупоӣ дар як давраи тулонӣ ва то ҳозир мавриди истифодаи донишмандон қарор гирифтаанд.
"Китоб-ун-набот" ва "Китоб-ул-ҳайвон"- и Ибни Сино аз зумраи он асарҳоеанд, ки дар онҳо олами наботот ва ҳайвонот ба шакли густурда мавриди таҳқиқ қарор гирифта, маводи арзишманди илмӣ роҷеъ ба илми ботаника, байторӣ , тиб ва шохаҳои мухталифи он дар замони муосир пешкаш гардидааст. 
Хизмати арзандаи Ибни Сино барои илмҳои табиатшиносии асримиёнагӣ ва таърихи илм дар он аст, ки ӯ дар "Китоб-ун-набот" ва "Китоб-ул-ҳайвон" бо усулҳои илмии муътамад ва як дидгоҳи олимона, ба тасвири олами наботот ва ҳайвонот пардохта, тавонистааст, мӯшикофона, аз шарҳи воқеият ба дарёфти назария ва аз мушоҳида ба истидлол гузашта, дар ҳар ду асар диққати хонандаи борикбинро ба як мавзуъ: ба шинохти манзари олами зиндаи табиат, ки дар атрофи инсон мечархад, равона намояд. Вале таваҷҷуҳи Ибни Сино ба моҳият ва нақши инсон дар табиат ба ин маънӣ нест, ки ӯ инсонро ба олами ҳайвонот ва рустаниҳо муқобил мегузорад, ҳаргиз, барои Ибни Сино инсон ҳамон таъсиргузор ва тағйирдиҳандаи табиат аст. 
"Китоб-ун-набот" ва "Китоб-ул-ҳайвон" на танҳо барои ботаникҳо, табибон, байторон, балки барои шахсоне, ки ба таҳқиқ ва баррасии таърихи илм машғул мебошанд, судманд аст. Афкору андешаи Шайхурраис бо вуҷуди сипаришавии зиёда аз ҳазор сол ҳанӯз ҳам барои илмҳои табиатшиносӣ аҳамияти худро гум накарда, нишонгари сатҳи баланди таваҷҷуҳ ва пешрафти ин илмҳо дар асрҳои миёна мебошанд. Аз он ҷо, ки дар шароити кунунӣ ҷомеаи илмӣ ва фарҳангии Тоҷикистон Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии  миллатамонро таҷлил кардаанд, тарҷума, дастрассозӣ ва таҳқиқи осори гаронбаҳои ниёгони халқи тоҷик ба ҷомеаи имрӯза ва махсусан, қишри ҷавони он беш аз пеш зарур гардида, дар ин ҷода мероси гаронбаҳои Шайхурраис дар соҳаи илмҳои табиатшиносӣ ва дақиқ намунаи ибрат аст. Аз ин рӯ,  ба чоп расидани асарҳои арзишманди мутафаккир   "Китоб-ун-набот" ва "Китоб-ул-ҳайвон"  ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ як армуғони тоза  барои хонанда, муҳақкиқ ва ҳаводорони мероси гаронсанги Шайхурраис дар Тоҷикистон ва берун аз кишварамон мебошад.
 
А. РАҲИМ, «Ҷумҳурият»  

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 763
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед