logo

иҷтимоиёт

РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ

Чанде пеш академик Ҳикмат Муъминов, доктори илмҳои физикаю математика, пажӯҳишгари варзидаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба Ҳақ пайваст. Номбурда ҳанӯз 26-сола буд, ки рисолаи номзадӣ дифоъ кард, дар сисолагӣ доктори илм ва сазовори Ҷоизаи давлатии ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соҳаи илм ва техника гардид.
Ба лаёқату кордонияш бовар карда, ӯро барои гузарондани таҳқиқоти илмӣ ба озмоишгоҳи техникаи ҳисоббарор ва автоматигардонии Институти муттаҳидаи таҳқиқоти ядроии шаҳри Дубнаи Федератсияи Россия фиристоданд. Дар ин ҷо таҳти роҳбарии олими барҷастаи Иттиҳоди Шуравӣ, профессор Владимир Маханков ва устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ҳабибулло Абдуллоев таҳти унвони “Таҳқиқоти назариявӣ ва моделсозии математикии баъзе системаҳои спинӣ” рисолаи илмӣ таҳия намуд. 
Сисолагии худро бо дифои рисолаи докторӣ пешвоз гирифт. Маддате чун ходими пешбари илмии озмоишгоҳи физикаи назариявии ба номи Н.Н.Боголюбови Институти муттаҳидаи таҳқиқоти ядроии шаҳри Дубна фаъолият дошт.
Соли 1999, дар замоне ки Тоҷикистон тоза ба сулҳ расидаву ниёзманди эҳё буд, ба Ватан баргашта, дар вазифаҳои гуногун, аз ҷумла як муддат директори Институти физикаю техникаи ба номи С.Умаров буд. Бо сабаби бемории вазнин моҳи апрели соли 2021 бо хоҳиши худ барои табобат, ҳамзамон пажӯҳиши илмӣ, ба шаҳри Дубна сафар кард.
То рӯзи фавт аз саратон ранҷ мебурд ва чанде пеш хабар дод, ки табобат поён ёфтаву ба Тоҷикистон омаданист. Ҳатто ба самти Душанбе – зодгоҳаш билет ҳам харида буд. Аммо ногаҳон куруно аз доманаш гирифту муддате дар Россия ба таври сунъӣ нафас кашида, муборизаро барои зиндагӣ идома дод. Аммо сад дареғ, ки ин мубориза дер давом наёфт ва Ҳикмат Муъминов ба ҳикмати марг расид.
Зиндаёд олими шинохтаву барҷаста ва мутахассиси маъруф дар соҳаи физикаи математикии ғайрихаттӣ ва назарияи муҳитҳои конденсӣ буд. Корҳои мондагори дар илм сомондодаи устодро илми ҷаҳонӣ эътироф кардааст.
Таҳияи дастгоҳи математикии ҳолатҳои когерентии умумикардашуда барои қиматҳои баланди спин, ки тавсифи комилан мувофиқи нимназариявии системаҳои спинии квантӣ бо дарназардошти ангезиши майдонҳои мултиполиро ба даст овард, муодилаҳои ғайрихаттии эволютсионӣ, назарияи фазаи геометрии Берри барои қиматҳои баландтари спин, дар асоси он дақиқ кардани назарияи гузаришҳои нақбӣ дар наномолекулаҳои магнитӣ, ҳамчунин, ҳалҳои нави динамикӣ ва топологии сигма - модели ғайрихатии назарияи квантии майдон дар ҳолати статсионарӣ аз дастовардҳои бунёдии физикаи назариявист, ки маҳсули ранҷу тафаккури ин олими тоҷик аст.
Дар мактаби илмии академик Ҳикмат Муъминов даҳҳо шогирдони ватаниву хориҷӣ илм омӯхта, зершохаҳои пажӯҳишии он идома доранд. 
Устодро ҳайати корӣ ва ҷомеаи илмии Тоҷикистон на танҳо ҳамчун роҳбари оқилу бомаърифат, пажӯҳишгари нуктасанҷу дақиқкор, балки ба сифати инсони хоксор, нарму ҳалим ва хушахлоқ мешиносанд.
Дар панҷоҳу панҷумин баҳори умраш ба нидои марг лаббайк гуфта бошад ҳам, Аълочии маориф, дорандаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи илм ва техника ва академики АМИТ буд.
Имрӯзу фардо корҳои пажӯҳишӣ ва китобҳои арзишмандро чун ёдгори бегазанди илми тоҷик боқӣ хоҳанд монд ва номи Ҳикмат Муъминовро шогирдону ҳампешагонаш зинда хоҳанд дошт.
 
Бузургмеҳри БАҲОДУР, «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.10.2021    №: 217    Мутолиа карданд: 664
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед