logo

Хабарҳо

АФҒОНИСТОН. ҲАМОҲАНГСОЗИИ ФАЪОЛИЯТИ СОХТОРҲОИ ҚУДРАТИИ КИШВАРҲО ЗАРУР АСТ

Вазъи Афғонистон, ки бо Тоҷикистон қариб 1400 километр сарҳад дорад, Ҳукумат ва мардуми кишвари моро бетараф гузошта наметавонад. Имрӯз дар ин мамлакат ҳама гуна зуҳуроти беқонунӣ, куштору ғоратгарӣ, поймол гардидани ҳуқуқи занон, қавмҳои ақаллият ва озодиҳои шаҳрвандон нишон медиҳанд, ки вазъияти бавуҷудомада фоҷиа ба ҳисоб меравад. 
 
Дар ин маврид Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлосияи 76-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид (24.09.2021) чунин изҳор доштанд: “Роҳандозии муколамаи фарогир бо иштироки намояндагони ҳама қишрҳои ҷомеаи Афғонистон аз шартҳои асосии барқарории сулҳу суботи пойдор дар ин кишвар дониста мешавад. Мо ба корҳои дохилии Афғонистон дахолат намекунем. Вале бар ин боварем, ки барои ҳалли муносиби мушкилоти сиёсиву амниятии кишвари ҳамсоя, бояд тавассути интихобот ва иродаи мардуми ин кишвар ҳукумати ҳамашумуле бо иштироки намояндагони ҳама гурӯҳҳои сиёсӣ ва ақаллиятҳои милливу қавмӣ ташкил карда шавад. Яъне, мо зарур медонем, ки сохти давлатдорӣ дар ин кишвар аз роҳи раъйпурсӣ ва бо дарназардошти мавқеи тамоми шаҳрвандон муайян карда шавад. Зеро таъсиси ҳама гуна ҳукумат бидуни ба эътибор гирифтани манфиатҳои кулли мардуми Афғонистон метавонад боиси оқибатҳои фалокатбор дар ин кишвар гардад”.
Ба эътидол овардани вазъи душвори сиёсиву амниятӣ ва таъмини сулҳу субот дар Афғонистон имрӯз ба ҷомеаи байналмилалӣ зарур аст, ки чораҳои фаврӣ ва муассир андешад.
Дар ҷаласаи хадамоти махсуси Эрон, Қазоқистон, Чин, Покистон, Россия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, ки 20 октябри соли 2021 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид оид ба ин масъалаҳо фикру андешаҳо гуфта шуданд. Дар изҳороти ин ҷаласа омадааст: “Иштирокдорони ҷаласа аз созмонҳои байналмилалӣ ва давлатҳои манфиатдор даъват мекунанд, ки баҳри ҳалли қазияи Афғонистон роҳи ягонаро таҳия намуда, кӯшишҳоро баҳри барқарорсозии тартиботи ҳуқуқӣ дар ин кишвар, таъсиси ҳукумати фарогир, пешгирии шиддати минбаъдаи хушунат ва муборизаи муштарак бар зидди терроризми байналмилалӣ дастгирӣ намоянд”.
Дар ҳақиқат буҳрони сиёсӣ дар Афғонистон таҳдиди ҷиддӣ на фақат ба амнияти кишварҳои ИДМ, балки ба ҷаҳон мебошад.. 
 
Равшан УСАНОВ,
дотсенти ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 844