logo

Хабарҳо

Сатҳи ҷинояткорӣ дар Афғонистон рӯ ба афзоиш дорад

EurAsiaDaily. Ҳодисаҳои ҳамлаҳои  роҳзанӣ ва ғоратгарӣ дар пойтахти Афғонистон пас аз ба даст овардани ҳокимият аз ҷониби ҳаракати радикалии «Толибон» бештар шудааст. Дар ин бора шабакаи телевизионии маҳаллии TOLOnews хабар дод.
Ба гуфтаи сокинони маҳаллӣ дар мусоҳиба ба ин шабакаи телевизионӣ   дар пасманзари бад шудани вазъи иқтисодӣ, бисёре аз афғонҳо барои таъмини хонаводаҳои худ ба ҷиноят даст мезананд.
«Бо ба сари қудрат омадани «Толибон», мо интизор будем, ки шумораи ғоратгарӣ коҳиш меёбад, аммо онҳо то ҳол ва, ҳатто, дар миқёси васеъ рух медиҳанд. Илова бар ин, ҳодисаҳои одамрабоӣ бештар шудаанд ва касе ба ин  дахолат намекунад”, - гуфт Муҳаммад Юнус, ки дар яке аз навоҳии Кобул зиндагӣ мекунад.
Тавре хабаргузории TOLOnews зикр кардааст, сатҳи ҷинояткорӣ дар ду моҳи охир на танҳо дар  минтақаҳои пойтахт, балки дар бисёр вилоятҳои дигари Афғонистон низ ба таври назаррас афзудааст.
 
Сарварони Ӯзбекистону Чин масоили ҳамкориро баррасӣ карданд
CentralAsia (UZ). Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 27 октябр бо  Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин суҳбати телефонӣ анҷом дод. Си Ҷинпин Шавкат Мирзиёевро бо пирӯзӣ дар интихобот табрик гуфта, ба ӯ барори кор ва комёбиҳои нав таманно кард.
Сарвари давлат аз “сиёсати ягонаи Чин” ва муборизаи қатъӣ алайҳи “се қувваи бад” – терроризм, экстремизм ва ҷудоихоҳӣ пуштибонӣ кард. Вай, инчунин, ба ҷониби Чин барои ёрии бузурги амалӣ дар мубориза бо пандемияи коронавирус, аз ҷумла таҳвили саривақтӣ ва истеҳсоли муштараки ваксинаҳо изҳори сипос намуд. Ҳамчунин, роҳбарони кишварҳо афзоиши чашмраси нишондиҳандаҳоро дар соҳаи тиҷорату иқтисод таъкид карданд.
Илова бар ин, раҳбарон мавзуи Афғонистонро баррасӣ намуданд: барои кумак ба мардуми афғон, роҳбарони кишвар ба идомаи муколама дар доираи СҲШ ва дигар форматҳо мувофиқат карданд.
 
 
Байден дар нишасти G20 ва конфронси иқлим ширкат меварзад
ТАСС. Президенти ИМА Ҷо Байден имрӯз барои ширкат дар нишасти роҳбарони G20 дар Рум ва Конфронси 26-уми ҷонибҳои Конвенсияи чаҳорчӯбаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (COP-26) дар Глазго ба Аврупо сафар намуда, бо сарварони давлатҳо гуфтугӯ мекунад. 
Байден, ки котиби давлатӣ Энтони Блинкен, вазири молия Ҷанет Йеллен ӯро ҳамроҳӣ хоҳанд кард, ният дорад бо ҳамтоёни худ мубориза бо тағйирёбии иқлим, пандемия, болоравии қимати ҷаҳонии сӯзишворӣ, механизми андозбандии корпоратсияҳои трансмиллиро баррасӣ кунад.  
 
 
Омори паноҳандагон бар асари низоъҳо ба 48 миллион нафар расид
ТАСС. Теъдоди оворагони дохилӣ дар пайи низоъҳо дар ҷаҳон ба 48 миллион нафар расид, ки ин рақами рекордист. Дар ин бора маърузачии махсуси СММ оид ба оворагони дохилӣ Сесила Ҳименес-Дамари дар кумитаи сеюми Ассамблеяи генералии ин Созмони ҷаҳонӣ суханронӣ кард.
«Теъдоди одамоне, ки бар асари низоъҳои мусаллаҳона ва хушунат аз макони худ овора шудаанд, дар ҷаҳон ба 48 миллион нафар расидааст, ки ин баландтарин рақамест, ки то кунун сабт шудааст», - гуфт маърузачии вижа. «Дар муҳити торафт мураккаби муноқишаи мусаллаҳона ва хушунати густурда, таъмини эҳтироми ҳуқуқи байналмилалии  гуманитарӣ ва ҳуқуқи башар мушкилтар мегардад».
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 969
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед