logo

иҷтимоиёт

ҲАР КАС БА ЗАБОНИ ХУД СУХАНДОН ГАРДАД...

 
На танҳо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ таърихан наздику ҳамрешаанд, балки халқҳоямон низ асрҳо боз бо ҳам пайвандӣ доранд.
Бешубҳа, қаробати забонҳо, пайванди халқҳо, хешии забонҳои русӣ ва тоҷикӣ, ба хазинаи забону таркиби луғавии ҳамдигар ворид шудани ҳазорҳо калима, мафҳуму маънӣ ва воҳидҳои фразеологӣ наздикии халқҳо ва забонҳоро устувору қавӣ гардондаанд. Аҳли илм ҳанӯз даҳсолаҳо муқаддам ягонагии фарҳангӣ, умумияти таърихӣ ва қаробати маънавии халқҳоямонро таҳқиқу густариш додаанд.  Мутахассиси забардасти таърихи забонҳои эронӣ В. Абаев монандии забонӣ ва пайванду шабоҳати асотири мардуми эронитабор ва халқҳои славянӣ ва Аврупои Ғарбиро таҳқиқ намудааст. Бино ба далоили таърихӣ ба Украина ва ҷануби Россия, кишвари Поволже (Лаби Дон ва Урал) сокин шудани гузаштагони мо - форсҳо ва сакоиҳо (скифҳо) дар сарчашмаҳои хаттӣ зикр  шудааст.
Ҳамин ки гап дар бораи забонҳои тоҷикӣ (форсӣ, дарӣ) ва русӣ, пайванди таърихӣ ва қаробату маънии калимаву мафҳум меравад, аҳли илм, забоншиносон, муаррихон садҳо калимаю ибораро бар забон меоваранд: ду – два, пять – панҷ, десять – даҳ, боғ – баға, рай –рой, донес, Дон, ки аслан аз гурӯҳи забонҳои эронианд. «Тамаддуни халқҳои атроф ва муҳоҷирати бардавоми асрҳои пешин забони русиро хеле ғанӣ гардонд», - навиштаанд аҳли илм. Ба ҳамин муносибат С. Пушкин гуфта буд: «Забони русӣ - забони зебою оҳангдор, ифоданоку рехта, дорои ибораҳои гуногун мебошад». Имрӯз, ки ҷаҳони муосир ва технологияи пешрафта одамонро ба омӯхтани якчанд забонҳои муқтадир – англисӣ, олмонӣ, фаронсавӣ, чинӣ, русӣ, - водор намудааст, гуфтан даркор аст, ки наслҳои ҷавони моро бештар донистани каломи русӣ муҳимтар мебошад. Як мисоли одӣ: садҳо мафҳуму ибораҳои муосири техникӣ ва илм тавассути ин забони паҳнгаштаи олам ба забони мо ворид шудаанд. Ҳанӯз соли 1967 дар Тоҷикистон Ассотсиатсияи байналхалқии омӯзгорони забони русӣ ва адабиёти он ташкил шуда буд.
Бесабаб нест, ки омӯзгорони пуртаҷриба ва устодони забондон ба шогирдони ҷӯянда таълими неку медиҳанд: «Ҳар забони нав, ки ба омӯхтани он саъй менамоӣ, нисфи ранҷу машақкатеро, ки ба омӯхтани забони дигар сарф намудӣ, камтар мекунад».
Воқеан, фаромӯш нагардад, ки фикру андешаҳои адибони забардасти  рус – Л. Н. Толстой, Ф. М. Достоевский, К. Паустовский роҷеъ ба забон қобили эътибор буда, ба забони тоҷикӣ тарҷума шудаанд. Аз ҷумла, Л. Толстой навишта буд: «Забон қалби миллат аст; тавассути он хешро мешиносад ва оламро дониста мегардад». Ё худ афкори  баландмазмуни К. Паустовский  барин адиби  моҳири рус барои мо низ аҳамияи бузурге дорад: «Аз рӯйи муносибати ҳар як инсон ба забони модариаш дараҷаи маърифат ва қадру қимати инсонии ӯро метавон бехато аниқ намуд. Инсоне, ки дӯстдори забони модарии худ нест, ваҳшӣ аст. Ӯ фарди табиатан зарарнокест, зеро беэҳтиромӣ ба забони худ далели он аст, ки вай гузашта, имрӯз ва фардои қавми худ (яъне, миллати хеш) комилан бепарвост».  Чи суханони хирадмандонае, ки  барои ҳимояи муҳимтарин унсури миллат – забон гуфта шудаанд! Маҳз дар ҳамин ҷо ҳикмати бузурги мутахассисони забардасти рус ва тоҷик , олимону адибони машҳурро овардан  хеле  муносиб мебошад: «Агар хоҳед, ки донандаи моҳири забонҳои русӣ, англисӣ, фаронсавӣ, олмонӣ ва амсоли онҳо бошед, аввало забони худро омӯзед, нозукиҳои забони хешро аз худ намоед, сипас, омӯхтани забонҳои дигар осонтар мегардад».
Хушбахтона, дар ҷумҳурии азизи мо барои омӯхтани забонҳои хориҷӣ ҳамаи имконият фароҳам оварда шудааст. Даҳҳо марказҳои омӯзиши забон вуҷуд доранд ва наврасони орзуманд имрӯз забонҳои русӣ, англисӣ, олмонӣ, фаронсавӣ, чинӣ ва кореягиро меомӯзанд. Бар замми ин, фаъолияти «марказҳои русӣ» (Фонд «Русский мир  в Таджикистане») хеле густурда аст. Бечунучаро, дар Фестивали байналхалқии забонҳо» (Маскав, Донишгоҳи омӯзгории  Маскав, 20-22 ноябри соли 2016) оид ба забон, лингвистика ва хусусияти он хеле қобилу ҳунармандона баромад намудани шогирдони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва донишгоҳҳои  Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз шавқу дӯстдорӣ  ва завқи баланди забондонии наслҳои нави хонандагони тоҷик далолат менамоянд. Аз тарафи дигар, майлу мароқи мардуми олам барои аз худ намудани забони тоҷикӣ, он сон ки мутахассисон, олимон, афсарон ва сайёҳони рус дар ибтидои асри ХХ саъй доштанд, меафзояд. Бино ба иттилои расонаҳои давр, таваҷҷуҳи  Олмон, Австрия, Швейтсария, Ҷопон ба забони тоҷикӣ бештар шудааст. Умуман, дар хусуси қаробату наздикии забонҳо, алалхусус наздикии таърихии халқҳои рус ва тоҷик, инчунин, забонҳои  ин ду халқ  сухан ронда, набояд фаромӯш кард, ки ин тақдири нек ва шароити таърихӣ онҳоро қарибу наздиктар гардондааст. «Хайёму Ҳофиз, Саъдию Ҷалолиддини Балхиро  тамоми ҷаҳон мехонад ва медонад, - гуфта буд раиси Фонди «Русский мир» Вячеслав Никонов. Зимнан, тарҷумаи ашъори нобиғаҳои форсу тоҷик тавассути забони русӣ сурат гирифтааст. Ҷалолиддини  Балхӣ  дуруст гуфтааст, ки ҳамдилӣ аз ҳамзабонӣ беҳтар аст». Аз ин рӯ, забон калиди комгориҳои инсонист. Лоиқи зикр аст, ки ҷумҳурии азизи мо ташабусскори масоили ҷаҳонӣ буда, дар бобати омӯзиши забонҳо низ дастгирии истеъдодҳо, мутахассисони ҷавони лаёқатманди забондонро ривоҷ медиҳад. Мисоли равшани ин гуфтаҳо ба ҷумҳурӣ, аз ҷумла ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт даъват шудани даҳҳо нафар омӯзгорони забони русӣ ва мутахассисони баланддараҷаи соҳаҳои хоҷагии халқ мебошад. Инчунин, дар филиали МИСИС (Донишгоҳи фӯлод ва хӯлаи Маскав дар Душанбе) ҳазорҳо нафар донишҷӯёни лаёқатманд бо камоли майл забон ва касбу ҳунар меомӯзанд. Охир, дуруст фармудаанд, ки забономӯзӣ имрӯз тақозои айём аст.
Бешубҳа, пешрафту тараққиёти соҳаҳои муҳимтарини илму фарҳанг, хоҷагии халқ, саноату  истеҳсолот, тиббу кишоварзӣ  бе забондонӣ имконнопазир аст. Яқин, суханони раҳнамокунандаи Пешвои муаззами миллат хулосаи оқилонаи зиндагист: « Забон бақои умри миллат аст. Донистани ҳам забони модарӣ ва ҳам забонҳои хориҷӣ ба пешрафти маънавии ҷавонон ва кишвари соҳибистиқлоли мо мусоидат менамояд ва имконияти густариши муносибатҳои дипломатӣ ва робитаҳои фарҳангиву иқтисодиро фароҳам меоварад». Оре, амалӣ намудани ин каломи пурмаъно рисолати имрӯзаи ҳамаи мост. Зеро Пешвои муаззами мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар дидорашон бо мардум, бахусус бо аҳли зиё, ҳамеша таъкид менамоянд, ки ба забономӯзии хонандагону донишҷӯён эътибори ҷиддӣ дода шавад. Хусусан, бо аз бар кардани забонҳои русӣ ва англисӣ, зеро он тақозои замон аст.
Бешак, мо – омӯзгорон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳомии забони тоҷикӣ ва тарғибгари омӯзиши забонҳои хориҷӣ медонем ва ба саъю талошашон дар ривоҷу равнақи забони тоҷикӣ арҷ мегузорем. Мекӯшем, ки ормонҳои судманди Пешвои миллатро дар ин самт ба ҳаёт татбиқ намоем.
 
Шаҳбоз БОБОЁРОВ, 
донишҷӯи Донишгоҳи давлатии молия 
ва иқтисоди Тоҷикистон
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.10.2021    №: 218 - 219    Мутолиа карданд: 508
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед