logo

Хабарҳо

СИЁСАТИ ХОРИҶӢ. МАСЪАЛАҲОИ МУБРАМИ МУНОСИБАТҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ БАРРАСӢ ГАРДИД

 
Дар замони ҷаҳонишавӣ, ки давлатҳо ба танҳоӣ наметавонанд фаъолияти комилу муваффақ дошта бошанд, масъалаҳои вобаста ба дурнамои муносибатиҳои байналмилалӣ ва дипломатия бештар доғ гардиданд. Ҳастии олам ва рушди муносибатҳои байни давлатӣ сулҳу суботи фарогир, ҳамзистии осоиштаи одамон ва даҳҳо масъалаҳои дигар аз ҳалли дурусти мавзуъҳои муносибатҳои байналмилалӣ ва дипломатия вобастагии зич дорад. Назарҳо дар робита ба ояндаи меъёрҳои муносибатҳои дипломатӣ ва дипломатияи классикӣ хеле гуногунанд. Зеро, ҷаҳони муосир давраи дигаргуниҳои глобалиро аз сар мегузаронад. Воқеоти имрӯзаи сиёсӣ аз гузариши низоми анъанавӣ ба тартиботи нави ҷаҳонӣ дарак медиҳад.
 
Ин матлабро Маҳмадалӣ Раҷабиён, мушовири калони бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, зимни Конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами муносибатҳои байналмилалӣ ва дипломатия» ва «Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ: самтҳои ҳамкорӣ ва дурнамои рушд», ки бо ташаббуси Вазорати корҳои хориҷӣ 28 октябр баргузор гардид, иброз дошт.
Зикр гашт, ки коршиносон мушкилоти мубрами муносибатҳои байналмилалиро айни замон, пеш аз ҳама, ба  се омили асосӣ алоқаманд медонанд: нооромиҳои рӯзафзун дар муносибатҳои байналмилалӣ, ки ба инқилобҳои ранга дар Шарқи Наздик ва Африқои Шимолӣ рабт мегирад; низоъҳое, ки аз роҳи механизмҳои мавҷудаи байналмилалӣ наметавон ҳал кард; мубориза бо шаклҳои онлайнии терроризми байналмилалӣ ва қочоқи маводи мухаддир, ки манбаи маблағгузории созмонҳои террорис-тист. 
- Дар меҳвари сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳким ва густариши муносибатҳои гуногунҷанбаи босубот ва дарозмуддат бо кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, алалхусус бо мамлакатҳои Осиёӣ Марказӣ, қарор дорад. Тоҷикистон ҷонибдори вусъат бахшидани таҷрибаи мусбат, бисёрасра ва созандаи ҳамзистии дӯстонаи мардумони Осиёи Марказӣ мебошад. Бо назардошти ин, кишвари мо пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки заминаи ҳар чи мусоидро барои густариши муносибатҳои гуногунҷанба ва судманд дар фазои минтақа фароҳам оварад, - гуфт муовини вазири корҳои хориҷӣ Содиқ Ашӯрбойзода.
Муъмин Шарифзода, профессор, ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, қайд кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити муосири муносибатҳои байналмилалӣ мавқеи муҳимро пайдо намуда, ҳамчун кишвари ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои мубрами ҷаҳонӣ шинохта шудааст.
Дар идомаи конфронси байналмилалӣ Холаҳмад Самиев, декани факултети муносибатҳои байналмилалии ДМТ, Мирсаид Раҳмонов, ходими калони Институти Осиё ва Аврупои АМИТ, Лариса Додхудоева, профессор ва дигарон маъруза карданд.
Дар ҷамъомад дар баробари олимону муҳаққиқон, инчунин, сафирони кишварҳои хориҷӣ ва намояндаҳои корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон ширкат доштанд.
 
М. МИРЗОЁН, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 955
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед