logo

иҷтимоиёт

ИН ЯКЕ ШЕД, ДИГАР МАҲТОБ АСТ

Паёми наҷибу нави таърихи дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек бо сарварии ду марди дурандеш - муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев рӯзномаву маҷаллаҳо, шабакаҳои телевизионӣ, радио ва интернетро се сол аст, ки аз мақолаву хабарҳои нав ба нав саршор мекунанд. Сабаби таваҷҷуҳи зиёд ба ин масъала дар он аст, ки шаҳрвандони Тоҷикистону Ӯзбекистон чандин сол аз ҳамдигар дур монда, робитаҳои дӯстӣ, муносибатҳои хешу табор, пайвандҳои илмиву фарҳангиашон гусаста буд. Барқарор гардидани муносибатҳои дӯстона онҳоро ба ояндаи неки ин раванд умедвор намуд.
Дар барқарор гардидани ин муносибатҳо, пеш аз ҳама, заковат, ҳиммат ва хидмати фарзонафарзандони ду миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев бузург аст. Зеро ин ду сарвари дурандешу некбин тавонистанд исбот созанд, ки халқҳои тоҷику ӯзбек аз замонҳои қадим бо ҳам дӯстонаву аҳлона зиндагӣ кардаанд ва минбаъд ҳам чунин хоҳад шуд. Чӣ хуш аст, ки пас аз солҳои тулонӣ, ки барои хешу табор ва рифиқони ду кишвар мисли асрҳо мегузаштанд висоли дӯстӣ насиб гардид. Шоир ин шодии васлро чунин ба тасвир оварда:
Ин яке шед, дигар маҳтоб аст,
Ҳар ду бо нуру зиё дар тоб аст.
Баъди дуриву ғами бепоён,
Ташнаи васл дигар шодоб аст.  
Воқеан ҳам, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамон формулаи сулҳовариву ваҳадатофаринии худ тоҷикону ӯзбекони ду кишварро ба васли ҳамдигар расонданд. Бо ин кори наҷибу хайр дар давлати мо низ обрӯву эътибори баланд ва маҳбубияти рӯзафзун ёфтанд.
Банда зодаи деҳаи Кӯли Шарифи ноҳияи Шаҳрисабзи Ҷумҳурии Ӯзбекистон мебошам. Соли 2019 пас аз боз шудани сарҳадҳо ва ба имзо расидани созишномаҳо дар соҳаи илм ва маориф ба Душанбе омадам. Дар асоси шартномаи байни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба сафи докторантҳои ДМТ қабул шуда, айни замон докторанти PhD - и кафедраи таърихи забон ва типологияи факултети филология мебошам. Дар мавзуи "Вижагиҳои савтӣ ва лексикӣ - семантикии ашъори шоирони сабки хуросонии адабиёти тоҷику форс" кори таҳқиқотӣ оғоз намуда, инак, се сол гузашту пайи дифои рисолаи илмии худ ҳастам. Дар ин муддат борҳо ба зодгоҳам – Кӯли Шариф рафта, ҷомадонамро мекушодам ва медидам, ки ҳама дар сари ман ҷамъ омадаанд. Ташнагии онҳо аввал агар ба дидори ман бошад, дигар ташнаи китобу рӯзнома ва моҳномаҳои тоҷикӣ ҳастанд. Бо як иштиёқ, завқ ва ташнаҷонӣ китобҳои тоҷикиро мехонанд, навидҳо дар бораи Тоҷикистонро мешунаванд. Баъзе аз онҳо бо лутф зикр мекунанд: «Хуб шуд, ки дар замони шумо ва шумо барин ҷавонон дару даврозаҳо боз шудаву имкони равуо фароҳам омад. Бемалол рафта, он ҷо таҳсил кардани ту далели ин гуфтаҳост».
Дар ҳақиқат, ҳар субҳ сӯйи донишгоҳ қадам бардошта, аз дидани зебоиҳои Душанбеи азиз, ки воқеан ҳам, хонаи умеду орзуи ҳамаи мо - тоҷикони ҷаҳон гардидааст, хушнуд мегардам. Биноҳои бисёрқабатаи замонавӣ, мактабу донишгоҳҳои ҷавобгӯи стандартҳои байналмилалӣ, хиёбону боғҳои истироҳатии гулпӯши шаҳри Душанбе ба чашму қалби бинанда фараҳу шодӣ мебахшанд. Навиштаю овеза ва шиорҳое, ки аз ваҳдати миллиамон дарак медиҳанд, бо лафзи ширину ширадори тоҷикӣ сабт шудаанду ба мо руҳан неру илқо менамоянд. Кохи Наврӯзу Китобхонаи миллӣ, Парчами сарбаланду Нишони давлатӣ, пайкараҳои Исмоили Сомониву устод Рӯдакӣ ба ҳусни шаҳри азизамон шукӯҳу шаҳомати хосса зам намудаанд. Хиёбону кӯчаҳои сарсабзи маркази шаҳр худ бозгӯ аз маънавиёти баланд ва завқи волои роҳбари ҷавону сокинони он мебошанд.
Пайкараи устод Рӯдакӣ, ки рӯбарӯи Китобхонаи миллӣ қомат афрохтааст, аз фарҳангсолориву аҳли китоб будани миллатамон гувоҳӣ медиҳад. Дар олам кам кишварҳое ёфт мешаванд, ки мисли Тоҷикистон донишҷӯёни зиёди хориҷиро ба оғӯши худ гирифта бошад. Зеро ҳамагон медонанд, ки диёри тоҷикон ва миллати тоҷик аз қадимулайём илмдӯст буда, дар ҳамаи соҳаҳо мутахассисони басо оламшумуле тарбият кардааст.
Аз ин бармеояд, ки мардум ба фарҳанги худ арҷ мегузоранд. Либосҳои шинаму зебои миллие, ки занону духтарони тоҷик ба бар кардаанд басо зебанда аст. Бе дудилагӣ метавон гуфт, ки маҳз ҳамин тарзи либоспӯшӣ ба миллатамон хос буда, ҳар бинандаро аз покизагиву боиффатии бонувони тоҷик огоҳ мекунад.
Душанбе хонаи умеди ҳамаи мо – тоҷикон аст. Даргоҳи умеди моро мардуми шарафманди Тоҷикистон ба ин дараҷаи зебоӣ ва шукуфоӣ расондаанд. Мо – тоҷикон аз он сарфарозем, ки бо номи ҳамин давлати бузург имрӯз ҳастии худро дар арсаи байналмилалӣ собит менамоем. Дар ин бобат, беҳтар аз ин чи гуфта метавон, ки Пешвои муаззами миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфта: "Поянда бод Душанбе - шаҳри умеду армонҳо ва ягонагиву ваҳдати мардуми Тоҷикистон ва тоҷикони тамоми ҷаҳон!"
 
Холмурод МУРТАЗОЕВ, 
докторанти ДМТ, сокини шаҳри Шаҳрисабзи 
Ҷумҳурии Ӯзбекистон
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.10.2021    №: 218 - 219    Мутолиа карданд: 522
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед