фарҳанг
АМИРБЕК МӮСОЗОДА. МАҲФИЛ ХУБ БУД, АММО…
Чанд рӯзе пеш ба ифтихори 30 - солагии Истиқлоли давлатӣ ва 40 - солагии фаъолияти эҷодии оҳангсози маъруф, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Амирбек Мӯсозода дар бинои Оркестри симфонии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили эҷодӣ баргузор шуд. Барномаи маҳфил аз асарҳои симфонӣ ва камеравии оҳангсоз иборат буд. Дар он беҳтарин ҳунармандони кишвар – пианинонавоз Хосият Олимова, скрипканавозон Фурқат Тоиров, Хиромон Амон, дирижёрон Далер Тиллоев, Алишер Салимов ширкат доштанд. Маҳфил дӯстдорони мусиқии касбӣ ва ҳаводорони ҳунари волои оҳангсоз Амирбек Мӯсозодаро ба ҳам овард. Ман низ саодати ширкат дар ин маҳфилро доштам. Не, даъватӣ набудам, балки чун ихлосманди мусиқии симфонӣ ҳастам, бо даъватшудагон ҳамроҳ гаштам.
ҚАТРАЕ АЗ БАҲР
Он чи аз эҷоди Амирбек Мӯсозода пешниҳоди ҳаводорон гардид, қатрае аз баҳр буд. Ӯ давоми чил соли фаъолияти эҷодиаш дар жанрҳои гуногуни мусиқӣ асарҳои мондагор офаридааст. Вале дар маҳфил, асосан, асарҳои симфонӣ ва камеравиаш оҳангсози мумтозро муаррифӣ намуданд.
10 асари симфонӣ ва камеравӣ - симфонӣ - «Увертюра» аз операи «Достони нур», «Сюитаи № 1» аз балети «Куруши Кабир», «Фантазия - достон» барои скрипка ва оркестри камеравӣ, «Маро дилхун макун», «Кончерто Гросо № 2» барои скрипка ва оркестри камеравӣ, «Сюитаи № 2» аз балети «Куруши Кабир», «Само» сюита иборат аз се қисм, «Кончерто Гросо № 1» барои фортепиано ва оркестри камеравӣ, «Тулуи озарин» - кантата барои яккахон ва оркестри симфонӣ, «Шаҳди Пешво» - кантата барои хор, ровӣ ва оркестри симфонии оҳангсоз навохта шуд. Тавре дар оғози барнома худи Амирбек Мӯсозода таъкид дошт, аз ин шумор 8 асар бори аввал шунавонида мешавад.
Оҳангҳои офаридаи Амирбек Мӯсозода меваҳои ширин аз дарахти заҳмати ӯ мебошанд, ки мо - ихлосмандони санъати мусиқӣ бо чанде аз он ком ширин намудем. Дар ҳар савту наво ва сурудҳои ӯ муҳаббату самимият ба Ватану миллат эҳсос мегардид. Навоҳои таснифнамудааш садои мавзун доранд, аз сидқ ки эҷод мешаванд, зуд ба қалбҳо роҳ меёбанд ва дар хонаи дил барои ҳамеша маъво мегиранд. Нуктаи дигари қобили зикр ин аст, ки тавассути иҷрои оҳангҳо мо бо чеҳраҳои нави мутрибони хушнаво ба мисли Хиромон Амон, Фурқат Тоиров ошно гаштем. Амирбек Мӯсозода маҳорати дуи онҳоро ситоиш карда гуфт, ки нақша доранд, дувумиро барои таҳсил ба шаҳри Москва фиристанд, ки ин, алабатта, фоли нек аст ва боварии моро ба ояндаи мусиқии касбии кишвар меафзояд.
«Шаҳди Пешво» (кантата барои хор, шеъри Муҳаммад Ғоиб, ровӣ Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Ибодулло Машрабов, дирижёр Далер Тиллоев) хеле муассир садо дод. Дар оҳанг шукӯҳу шаҳомати Пешвое эҳсос мешуд, ки дар ҳамбастагӣ бо ҳамватанонаш корҳои азими созандагиву ободкориро ба сомон мерасонанд. Дар он тантанаи Ҷашни фархундаи Истиқлоли давлатӣ аён буд. Ҳунарманд Ибодулло Машрабов рӯйи саҳна омад ва ба хор ҳамроҳ шуд:
Фарёдраси даврӣ, як додраси даврӣ,
Дасти ҳамаро гирӣ,созӣ
ба ҳама имдод.
Эй Сарвари хушиқбол!
Эй ҳомии Истиқлол!
Сӣ соли ту чун сад сол,
ин ҷашн муборак бод!
Дар ин мухотаб, ки ба оҳанги мутантан созиш мекард, як навъ хидматҳои мондагори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеши назар ҷилвагар мешаванд. Воқеан, кантата хеле хуб иҷро гардид.
АММО…
Бо ин ҳама, ба назари ман, барнома аз баъзе нуқсҳо орӣ набуд, ки ин ҳусн ва ҳам тантанаи маҳфилро коста мегардонд. Аввалин чизе, ки табъро хира месохт, ин аст: мо ҳанӯз фарҳанги сари вақт ҳозир шудан ба чунин консертҳоро, ки як навъ эҳтиром ба ҳунар ва ҳунарманд низ мебошад, ба ҷо намеорем мисли он ки одатамон шуда. Ана ҳамин чиз дар маҳфил ба чашм хӯрд. Риққатовар он аст, ки дар шумори таъхиркардагон баъзе намояндагони воломақом аз аҳли фарҳанг ва устодони соҳа низ буданд.
Масъалаи дигар ин либоси ҳайати оркестр мебошад. Дирижёрон либоси барои худ мувофиқ ба бар доштанд, ки ин хеле зебанда буд ва ба маҳфил ҳусн мебахшид. Миёни навозандаҳо, бахусус гурӯҳи мардона, либоси мувофиқ ба талаботи саҳна ба бар доштанд, аммо либоси занон гуногун буд. Ҳол он ки дар тамоми ҷаҳон оркестри симфонӣ рӯ ба рӯйи тамошогар бо либоси якранг ҳунарнамоӣ мекунад.
Оркестри симфонии мо дар фазои фарҳангии кишвар, хусусан зимни баргузор намудани чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ, хеле фаъол аст. Талаботи либос дар чорабиниҳои сатҳи баланди ҳукуматӣ риоя мегардад ва он, ҳамзамон, ба саҳна шукӯҳи хос мебахшад.
Албатта, маҳфили мавриди назар аз чорабиниҳои сатҳи баланд зиёд фарқ дошт. Он, аслан, барои доираи махсуси мутахассисон тасниф шуда буд. Аммо ин доираи маҳдуд аз гулчини устодони барҷастаи соҳа иборат буд.
«Кончерто Грессо № 1» барои фортепиано ва оркестри камеравӣ аз ҷониби Лаурети озмунҳои байналмилалӣ Хосият Олимова хуб иҷро гардид. Аммо дар оғози иҷро чанд нафар роялро дар ҳузури тамошогарон базур рӯйи саҳна оварда, то дер ҷояшро муайян намуданд ва сипас, навозиш шуруъ шуд. Баъди анҷом онро боз ба зӯр аз саҳна канор гузоштанд. Ин, албатта, сабаб дорад омили асосӣ дар он аст, ки маҳфил на дар толори махсусе, ки барои оркестр пешбинӣ шудааст, балки дар студияи консертии Оркестри симфонӣ доир шуд, ки бино ба сабаби хурд будан, рӯйи саҳна гузоштани роял имконнопазир аст. Охир студия танҳо барои сабти консерт мебошад!
Шунидани мусиқии симфонӣ, ки онро маъмулан оркестр иҷро менамояд, аз наздик хеле гуворост. Чунин оҳангҳоро оркестр ҳашамати дигар мебахшад, агар дар толори махсуси барои он пешбинишуда манзур гардад.
Албатта, бо вуҷуди нуқсонҳои ҷузъие, ки гуфтам, ман аз оҳангҳои марғуби эҷоднамудаи Амирбек Мӯсозода завқ бурдам. Вале, ба гумони ғолиб, агар чорабинии мазкур аз камбудиҳои ҷузъӣ орӣ мебуд, шаҳомати дигаре медошт ва табиист, ки оҳангҳои қалбошӯб дар дили ман ва ҳазорон ихлосмандони олами наво беҳтару бештар мас-кан мегирифт.
Фарзона ФАЙЗАЛӢ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 29.10.2021 №: 218 - 219 Мутолиа карданд: 1449