logo

Хабарҳо

БОСТОНШИНОСӢ. ДАСТОВАРДҲОИ МУҲИМТАРИН СОҲАИ ТАЪРИХСОЗ ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛ

Дар Осорхонаи миллӣ бахшида ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Дастовардҳои бостоншиносии Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар даврони Истиқлол” намоиш ва конференсияи илмӣ баргузор гардид.
 
Дар конференсия аз ҷониби бостоншиносон ва осорхонашиносон оид ба фаъолияти бостоншиносии Осорхонаи миллӣ маърузаҳои илмӣ ироа гардида, паҳлуҳои гуногуни он мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор гирифтанд. Аз ҷумла зикр гардид, ки нақши Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар кашф, омӯзиш, нигоҳдорӣ ва муаррифии ёдгориҳои пурарзиши таърихӣ хеле муҳим ва назаррас буда, фаъолияти бостоншиносии он то ба имрӯз мустақиман ва ба таври густурда идома дорад. Дар ин муддат кормандони осорхона дар ёдгориҳои Сайёди ноҳияи Абдураҳмони  Ҷомӣ, Чимқӯрғони ноҳияи Шаҳринав, Ғаравқалъаи Ёвон ва Ҳалқаҷари ноҳияи Хуросон корҳои бостоншиносӣ баргузор намуда, ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаанд. Маҳз натиҷаи корҳои бостоншиносӣ мебошад, ки насли имрӯз бо осори ниёгон дастрасӣ пайдо намуда, бо паҳлуҳои гуногуни ҳаёт ва рӯзгори онҳо шинос мегардад.
Дар намоиш дук, зарфҳои сафолӣ, шамъдон, муҳра, ашёҳои фулузӣ (пайкон, мех, зангӯла), хурмача, бутакчаҳои гилин, борсангҳо, дастпона, ангуштарин ва сиккаҳо, дар маҷмуъ, беш аз 500 адад бозёфтҳои бостоншиносони муассиса ба намоиш гузошта шудааст.
Осори дар ин намоиш ба маърази дид гузошташуда баёнгари инкишофи муносиботи пулӣ, тиҷоратӣ, ҳунармандӣ, дину мазҳаб, фарҳанг ва дигар паҳлуҳои зиндагии мардуми ин сарзамин мебошанд. Ҳамзамон баён гардид, ки дар солҳои минбаъда донишҷӯёни ихтисоси бостоншиносии донишгоҳу донишкадаҳои кишвар ба корҳои археологӣ ҷалб карда мешаванд.
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон фаъолияти бостоншиносӣ баъд аз расидан ба Истиқлоли давлатӣ ва ба истифода додани бинои нави он шуруъ гардидааст. Зеро бо ташаббуси Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шароити зарурӣ муҳайё гардида, бахши алоҳидае бо номи шуъбаи бостоншиносӣ ва сиккашиносӣ ба фаъолият шуруъ намуд. Ҳоло дар ин шуъба мутахассисони кордону соҳибкасб аз қабили 4 доктор ва 6 номзади илм барои муайян ва мусоидат намудан ба корҳои бостоншиносон фаъолият намуда истодаанд.
 
Лола РИЗОӢ, “Ҷумҳурият”
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1218
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед