фарҳанг
ШОМИ ШАНБЕ
ИНТЕЛЛЕКТ +
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ интизор аст.
КРОССВОРД - МУАММОИ «СУРМА»
АЗ БОЛО БА ПОЁН:
1. Яке аз панҷ ҳисси зотии инсон. 2. Тими футболи Испания. 3. «Бимон ман мираму ту дар *** бошӣ» (Гулрухсор). 4. Шаҳр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. 5. Дарё дар қитъаи Амрико. 6. Муншии собиқ КМ ҲКИШ. 9. Воситаи ороиши занону бонувон. 10. Ҳодисаи табиат. 12. Истилоҳи илми физика. 13. «*** не орзуи ишқу ёр аст, Агар одам шавам, ин хуб кор аст» (Навоӣ).
АЗ ЧАП БА РОСТ:
1. Душанбе, Кӯлоб, Норак. 3. *** Қодиров, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон. 5. Рутбаи ҳарбӣ. 7. «*** ба уфтодан, чун меваи расида» (Соиб). 8. Муродифи мактуб. 11. Як навъи зиёрати Каъбатуллоҳ. 13. «*** биҳишт суҳбати ёрони ҳамдам аст» (Саъдӣ). 14. Як навъи алафи беҳосил, ки бо гандум ва ҷав мерӯяд. 15. Исми маъмулии мардона. 16. Муқобилмаънои мушкил.
Мураттиб Ҳотами ҲОМИД, сокини ноҳияи Рӯдакӣ
Ҷавоб ба чайнворди «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи маориф» аз 22 октябри соли 2021.
1. Архимед. 2. Дарғот. 3. Траектория. 4. Яъсуб. 5. Бром. 6. Металлургҳо. 7. Оҳан. 8. Нафт. 9. Триод. 10. Дивизион.
Масъули рубрика
Зулола БОБОРАҶАБОВА
Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон: 238-53-40
Вайбер:
93-547-00-05, bzm_701@mail.ru
БАРОИ МОДАРАМ ДУО БИКУНЕД
ҲОЛАТҲОИ ҒАРИБ
Ман имрӯз бо чеҳраи гирифта ва дили пур аз ғам, ғами кору рӯзгор вориди боғ мешавам. Мехоҳам танҳо бошам, ҳеҷ кас аз ҳолам напурсад. Аммо дар ин ҳол кӯдаки тахминан даҳсолае наздик мешавад ва ба сӯям гулеро дароз мекунад ва мегӯяд: «Бубин, ки чӣ ёфтам: як гули бисёр зебову хушбӯ бо баргҳои сабзро. Онро ба шумо тақдим мекунам. Бигзор ҳамеша чун ин гул хандону тозарӯ бимонед».
Вақте ноилоҷ ин гулро ба даст мегирам, ӯ ба суханаш идома медиҳад: «Дар ҳақиқат, ин гул зебо аст ва тароват дорад. Оё ҳамин тавр нест?». Ман ба гул бори дигар менигарам, ба гуле, ки ҳеҷ тароват надорад, пажмурда гардидааст ва баргҳояш низ зард шуда. Мепиндорам, ки ӯ маро масхара мекунад. Аз ин рӯ, тасмим мегирам, ки он гулро ба рӯяш бизанам. Ба ин ҳангом, ки ба ӯ менигарам, мебинам, писарак нобино аст. Ноилоҷ, аз раъйам бармегардам ва ба хотири шодмонии дилаш мегӯям: «Оре, ин гул, дар ҳақиқат, зебову ботароват аст. Ту имрӯз маро бо тақдими ин гул бисёр шод сохтӣ. Мехоҳам дар ивази он ба ту пул бидиҳам».
Писарак дар посухам мегӯяд: «Амак, хоҳиш мекунам, ки маро наранҷонед. Ман ин корро ба хотири пул анҷом надодаам».
- Пас, ба чӣ хотир аст? – мепурсам аз ӯ.
- Модарам ҳар ҳафта дар ин рӯз маро ба боғ меовард. Чанд гул ба дастам медод. Мо – ҳар ду, дар ин харак менишастем. Гулҳоро бо баргҳояш, тароваташ, зебоиҳояш тавсиф мекард ва баъд бо амри ӯ ман он гулҳоро ба нафароне, ки дар ин ҷо менишастанд, медодам. Модарам аз онҳо дар ивази гулҳо мехост, ки дар ҳаққи ман дуои нек бикунанд, то ман бино бишавам, тамоми одамонро, ки зеботару хандонтар аз гулҳоянд, бубинам, - мегӯяд писарак.
- Яъне, ман барои Шумо бояд дуои нек бикунам?
- Не. Акнун, барои модарам дуои нек бикунед, ки моҳе пештар дунёро падруд гуфту маро танҳо гузошт.
Китобати Абдулқодири РАҲИМ
КАЛОНТАРИН МОРҲОИ САЙЁРА
9. Питони зайтунранг (оливковый питон)
Ин мори чорметраи бузургҷуссаро, баъзан, ба мулгаи заҳрнок монанд мекунанд, ҳарчанд бо вуҷуди бадҳайбатияш, безаҳру безарар аст.
Питони зайтунранг, ки дар ҳақиқат аз морҳои калони Австралия ба ҳисоб меравад, аз монандияш бо мулга ҳамеша зиён мебинад, зеро аксаран онро заҳрнок гумон карда, мекушанд. Дар асл ин намуди морҳо барои инсонҳо хатар надоранд ва, маъмулан, парандаву ҳашарот ва хазандаҳои хурдҷуссаро шикор мекунанд.
Таҳияи Шоҳид НАЗЗОРӢ
ГАРАЖ ДАР АЙВОН
ЧАРО МАРДИ ГУРҶӢ «ЖИГУЛИ»-И ОРЗУҲОЯШРО БА 4-УМ ОШЁНА БАРОВАРД?
Табиист, ки аксари мардҳо дилбохтаи автомобиланд ва инро бори дигар Резо Энукидзе, сокини шаҳри Тифлис, собит намуд. Ӯ соли 1991 автомобили тамғаи ВАЗ-2106 («Жигули») мехарад, ки ҳамеша орзуяшро мекард. Вале, шабона шишаҳои мошини Резоро шахсони номаълум мешикананду чархҳояшро медузданд. Бо дидани ин ҳолат Резо аламзада шуда, худи ҳамон рӯз автомобилро тавассути кран ба айвони хонааш, ки дар ошёнаи чорум қарор дошт, мебардорад. Ҳамин тавар, 27 сол дар айвони яке аз биноҳои истиқоматии шаҳри Тифлис «Жигули»-и орзуҳо истодааст. Ва соҳибаш ҳар субҳ то рӯзи охири ҳаёташ онро аз чангу ғубор пок месохт.
Аҷибаш ин аст, ки Резо Энукидзе ҳеҷ гоҳ мошин нарондааст ва аз уҳдаи ин кор низ намебарояд.
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО
НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
СУВОРОВ
Соли 1799 дар амалиёти ҷангии қушунҳои якҷояи Россияву Австрия бар муқобили шӯришгарони фаронсавӣ, ғайрирусҳо бо ҳар баҳона аз сафи пеши муҳориба худро канор мегирифтанд ва тамоми вазнинии задухӯрд бар дӯши аскарбачаҳои рус меафтид. Ниҳоят, вақте муҳориба ба фоидаи русҳо анҷом мегирад, амр мешавад, ки аскарону афсарони ҳар ду давлат баробар бо медал қадр шаванд. Генерал Суворов инро шунида, нимшӯхиву нимҷиддӣ мегӯяд:
-Ман ҳамчун сарфармондеҳ розиям, ба шарте ки дар як тарафи медал герби Россия бо навиштаҷоти «Худо бо мост» бошад, дар тарафи дигараш герби Австрия бо навиштаҷоти «Худо бо русҳост».
Аз русӣ тарҷумаи Ҳалима ҚУРБОНАЛӢ
АЛ ПАЧИНО:
«Вақти ман барои бад дидани нафароне, ки маро бад мебинанд, кам аст. Зеро ман бениҳоят банди нафароне ҳастам, ки маро дӯст медоранд».
Таҳияи Нигина РАҲМОН
«МАРГҲОИ ҒАЙРИОДӢ»
6. ЧОҲКАН ЗЕРИ ЧОҲ
Инсон барои ба дом гирифтани ҳайвонот аз тамоми усулу восита истифода мебарад ва бояд иқрор шуд, ки дар ин ҷода тахайюлоти рангине дорад. Аз ҷумла, яке аз домҳои ихтироъкардаи ӯ чоҳ мебошад. Бо ин ҳама доноӣ, вале бо кибру ғурури ақлсӯз хабар надорад, ки худ низ метавонад гирифтори он гардад.
Маҳз чунин ҳодиса бо яке аз олимони машҳури олам рух медиҳад. Соли 1834 гиёҳшиноси маъруфи шотландӣ Дэвид Дуглас ҳангоми омӯзиши олами набототи ҷазираи Гавайи ба чунин дом меафтад. Баъди фурсате, аз пасаш буқае сарозер шуда, ӯро ба ҳалокат мерасонад.
Аз русӣ тарҷумаи Ш. ШОКИР
ХАТОҲОИ БУЗУРГИ ИНСОНҲОИ БУЗУРГ
14. ВЕРГУЛЕ, КИ ИСПАНОҚРО ШУҲРАТИ ҶАҲОНӢ ДОД
Соли 1870 яке аз химикҳои номвари олмонӣ таҳқиқот гузаронда, хост оҳани таркиби сабзавот, аз ҷумла испаноқ (шпинат)-ро, муайян созад. Чун номгӯйи сабзавот хеле зиёд буд, ҳангоми ҳисоб кардани натиҷа саҳван вергулро дар ҷойи дигар монд. Ҳамин тавр, оҳани таркиби 100 г испаноқ на 3,5 мг, балки 35 мг «муайян» гашт.
Натиҷаи ин «кашфиёти илмӣ» ба он оварда расонд, ки испаноқ миёни мардум унвони баланди «супер-сабзавот»-ро соҳиб шуд. Бовар нокарданист, вале то имрӯз одамон гурӯҳ-гурӯҳ дар тамоми дунё аз ин навъи сабзавоти «сероҳан» бо миқдори зиёд харид мекунанд.
Таҳияи Самад ҚУРБОНАЛӢ
ҲУКМҲОИ ҒАЙРИОДӢ
5. МИЛЛИОНЕРЕ АЗ МАҲАЛЛАИ ҚАШШОҚОН
Соли 2008 дар Огайо гурӯҳи иҷорашинҳо соҳибхонаи миллионереро барои саркашӣ аз таъмири хона ба додгоҳ медиҳанд. Даъвогарии «хӯҷаин»-ро ба он муттаҳам мекарданд, ки бо вуҷуди сари вақт гирифтани иҷорапулӣ таъмири хонаи фарсударо доим ба таъхир меандозад.
Албатта, ҳақ ба ҳақдор мерасад ва суд ҳукм мебарорад, ки мард тамоми пардохтҳои иҷораро баргардонад ва онро барои таъмир сарф кунад. Аммо аҷибаш ин, ки ҷавобгарро дар яке аз хонаҳои фарсудааш барои шаш моҳ ҳабси хонагӣ мекунанд.
Таҳияи Лола РИЗОӢ
ҒАЙБАТ БЕҲТАР АЗ ҲАСАД НЕСТ
Шайх Саъдӣ мегӯяд, ки замоне дар мадрасаи Низомияи Бағдод таҳсил доштам ва шабу рӯз машғули хондану такрор будам. Рӯзе ба устодам гуфтам:
- Сарварам, фалонӣ шарикам ба ман ҳасад меварзад ва чашми дидани манро надорад. Ҳамин ки ба суханварӣ оғоз бубахшам, аз даҳонаш суханҳои ношоиста берун меояд ва ҳолаш дигаргун мешавад.
Он пешвои адаб ва он намунаи хушахлоқӣ барошуфт ва асабонӣ шуду бо тундӣ гуфт:
- Аҷабо, аз ҳасудии дӯстат хушат наомад, чӣ шуд, ки аз ғайбат кардани ӯ хушат омад? Оё ғайбат кардан беҳтар аз ҳасад бурдан аст?
Таҳияи Борбади МУСТАФО
СЕ СОАТ ДАР ДОХИЛИ САНДУҚИ ЯХДОР
Валерян Романовски аз Литва рекорди нави ҷаҳонӣ гузошт. Мард дар сандуқи яхдор се соату як дақиқа нишаст, - менигорад агентии UPI.
Тавре зикр мегардад, барои Романовски контейнери махсус сохтанд ва онро пур аз ях намуда, дар маркази шаҳри Вилнюс гузоштанд. Намоиши марди ба сардӣ тобоварро аз наздик сокинони ҷамъомадаи шаҳр тамошо карданд.
Намояндагони Китоби рекордҳои Гиннес дастоварди Романовскиро сабт намуданд ва сипас, ӯро бо ёрии духтурон аз контейнер берун оварда, барои ташхис ба бемористон бурданд.
Ёдовар мешавем, ки рекорди қаблӣ бо натиҷаи дуюним соат ба Ромэн Вандендорп аз Фаронса мансуб аст.
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ
“ШИКОРЧИЁНИ МАРВОРИД”
Дар Ҷопон занонеро, ки пайи ҷустуҷӯйи марворид ба баҳр медароянд, “шикорчиёни марворид” мегӯянд. Пешаи «ама», ки маънои «зани баҳр»-ро дорад, дар Ҷопон 2000 сол пеш пайдо шудааст.
Шиноварон дар як рӯз то 60 маротиба ба чуқурии 20-25 метри баҳр медароянд. Онҳо нафаси худро метавонанд панҷ дақиқа нигоҳ дошта, аз қаъри об садаф бароранд. Мавсими кор моҳи май оғоз ёфта, моҳи сентябр ба охир мерасад.
Солҳои охир бо сабаби зиёд шудани марворидҳои сунъӣ дар бозор шумораи «шикорчиён» низ коҳиш ёфт. Ҳоло шумораи ками бонувон пайи шикори марворид худро ба оғӯши баҳр меандозанд.
Таҳияи Гулистон МАВЛОНАЗАРОВА
ДОНИШ
ЯГОНА СИЛОҲЕ, КИ МЕТАВОНАД ДУНЁРО ТАҒЙИР ДИҲАД
Аввалин марди сиёҳпӯсте, ки соли 1948 вориди Донишгоҳи Оклахон гардид, Ҷорҷ Мак Лаурин мебошад, ки чунин менигорад:
«Ман дар аввал маҷбур будам, ки дар як кунҷи синф нишаста, дарс хонам. Зеро дигар ҳамсабақони сафедпӯстам ба ман чун ҳайвон назар карда, ҳатто ҳамсуҳбат намешуданд ва ба суханҳоям гӯш намедоданд. Лекин ба худ қавл додам, ки яке аз беҳтаринҳо хоҳам шуд».
Баъдан номи ӯ дар радифи се нафар аз беҳтаринҳои донишгоҳ қарор гирифт, ки ҳамсабақонаш ӯро ҷустуҷӯ мекарданду ба саволҳояшон ҷавоб мепурсиданд.
«Ягона силоҳе, ки метавонад дунёро тағйир диҳад - ин дониш аст», - гуфтааст Ҷорҷ Мак Лаурин.
Таҳияи Нигина РАҲМОН
ИН ТАВР ҲАМ ШУДАНАШ МУМКИН
Сокини шаҳри Симяни Чин гирифтори беморие мебошад, ки дар ҷаҳон он кам ба чашм мерасад. Чен овози мардонаро намешунавад. Ин воқеаи аҷиб бо вай ғайриодӣ рух додааст. Бегоҳе ӯ дар ҳолати дилбеҳузурӣ садои ғайримуқаррарии гӯшҳояшро эҳсос мекунад. Пас аз ин, вай садои мардонро дигар намешунавад.
Ҳатто дар вақти ташхис маслиҳати табибзанро шунидаву посух мегӯянд вале аз ҳарфҳои табиби мард чизеро намефаҳмад. Ташхис ва тавсияи табиб хандаовар намояд ҳам, воқеият дошт: минбаъд ӯ метавонист танҳо бо занҳо муошират намояд. Мутахассисон сабаби бемориро кам шудани ҳисси шунавоӣ дар басомадҳои паст медонанд. Овозҳои мардона маҳз ба ҳамин гурӯҳ дохил мешаванд.
Табибон бошанд, сабаби бемории Ченро стресс ва хастагии тулонии шадид медонанд.
Таҳияи Барноз РАҲМОНШОЕВА
ДАРОЗТАРИН ПУЛИ БАҲРӢ
Шаҳрҳои машҳури Гонконг, Макао ва шаҳраки Чжухайи музофоти Гуандуни Ҷумҳурии Мардумии Чинро, ки вобаста ба ҷойгиршавии ҷуғрофиашон ҳеҷ наметавонистанд бо ҳам бипайванданд, акнун пайванди ногусастание ба ҳам овард. Ин пайвастагӣ тавассути пули дар баҳр сохташуда амалӣ гашт.
Дарозии он 55 километрро ташкил дода, дарозтарин пули баҳрӣ ба шумор меравад. Ин гузаргоҳ аз қисматҳои рӯйиобӣ (22,9 км), нақби зериобӣ (6,7 км) ва чандин ҷазираҳои сунъӣ иборат мебошад.
Вазни таркибии ин пули ғайриодии пӯлодӣ беш аз 400 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.
Таҳияи Даврон РАҲМОНОВ
ПЁТРИ I ВА МАСХАРАБОЗ БАЛАКИРЕВ
Шӯхиҳои Балакирев, ки аз замони Пётри I то Екатеринаи II барои ҳамаи дарбориён маълум буданд, гоҳо хеле сахту нешдор баромада, ба қавле, одамонро зинда мехӯрданд.
Яке аз соҳибмансабони дарбор ба ин гуна шармандагӣ тоб наоварда, ӯро таҳдид ба куштан мекунад. Чун масхарабози шаттоҳ филфавр хабарро ба Пётри I мерасонад, шоҳ барои тасаллои дилаш ваъда медиҳад, ки агар ҳамон нафар туро кушад, ба дор меовезамаш. Бо ин ваъдаи шоҳ ҳам дили Балакирев қарор намегирад, ки боз арз мекунад:
- Шоҳам, ӯро пеш аз он ки маро мекушад, ба дор овезед, то ман бо аҷали худ ва осуда мирам.
Аз русӣ тарҷумаи Фараҳзод ҚУРБОНАЛӢ
ПУЛҲО - МАКОНИ БАКТЕРИЯҲО
Бино ба маълумоти олимони Донишгоҳи Оксфорд, ҳини муайян намудани миқдори микробҳои дар асъори кишварҳои аврупоӣ маълум гашт, ки пули коғазии миёнаомори аврупоӣ зиёда аз 26 ҳазор бактерия доштааст. Мақоми аввалро кронаи Дания дарёфт, ки дар он тақрибан 40 ҳазор бактерия ба сар мебурдааст. Дар Франки Швейтсария 32 ҳазор ва дар рубли русӣ 30 ҳазор бактерия паноҳ мебурдаанд.
Пулҳои аз ҳама камбактериядошта евро (11 ҳазор), крони Норвегия (11,7 ҳазор) ва фунт - стерлинги бритонӣ (18 ҳазор) будаанд. Сабаби тозагии асъори ягонаи аврупоӣ дар он аст, ки евро бо моддаи махсус коркард мешавад ва он сабаби монеъ гаштани зиёдшавии микробҳо будааст.
Бо вуҷуди ин, олимон мегӯянд, ки чунин бактерияҳо боиси бемориҳо шуда наметавонанд, танҳо бо мақсади пешгирӣ тез – тез шустани дастҳо тавсия дода мешавад.
Таҳияи Умар АЛӢ
МУНИСА НАСРУЛЛОЕВА
МАҚОМИ СЕЮМИ ТОҶИКДУХТАР ДАР МИЁНИ 70 ҲАЗОР ДОВТАЛАБ
Дар шаҳри Пекин озмуни «Пули чинӣ», ки ҳамасола барои донишҷӯёни хориҷӣ баргузор мешавад, ҷамъбаст гардид. Маротибаи нахуст дар ин озмун донишҷӯйи тоҷик миёни донишҷӯёни кишварҳои Осиёи Марказӣ мақоми сеюмро аз худ кард.
Муниса Насруллоева, донишҷӯйи курси 4-уми факултаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд мебошад.
Озмун тариқи онлайни моҳи август оғоз гардида, 20 октябр ҷамъбаст шуд. Дар он 70 ҳазор нафар аз 101 давлати дунё иштирок намуданд.
Таҳияи Лола РИЗОӢ
ҲУНАР БЕҲ АЗ СИМУ ЗАР
Наққоши ҷавони афғон Умар Хомӯш аввали соли 2021 аз тарсу таҳдиди «Толибон» ба Тоҷикистон паноҳ бурд. Ӯ дар паногоҳи наваш мактаби наққошие кушод ва ба хоҳишмандон дарс меомӯзад. Ҳарчанд пули зиёде ба даст намеорад, вале мактабашро ҷое барои ҷамоаи хурди афғонҳо мешуморад, ки дур аз Ватан метавонанд ҳунаре ёд бигиранд.
Таҳияи Мафтуна БАХТИБЕКОВА
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 29.10.2021 №: 218 - 219 Мутолиа карданд: 1978