logo

иҷтимоиёт

«ҶУМҲУРИЯТ» РУҲИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОНРО ШОД КАРД

 
Озмуни Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият»-ро дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба хотири гиромидошти Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур, ки чанде қабл дар маркази вилоят – шаҳри Хоруғ ҷамъбаст гардид, метавон намунаи барҷастаи арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанг ва бозтоби чеҳраи мондагори таърихи халқи тоҷик Шириншоҳ Шоҳтемур унвон кард. Зеро хонандагон тавассути матлабҳои дар саҳифаҳои рӯзномаи “Ҷумҳурият” батабърасида, аз паҳлуҳои мухталифу норӯшани зиндагинома, заҳмату талош, хизматҳои мондагор ва ҷоннисориҳои Шириншоҳ Шоҳтемур ва дигар ҳамсафонаш, ки барои бунёди давлати миллии тоҷикон ҷонфидоӣ намудаанд, огоҳ шуданд.  
 
ИСТИҚБОЛИ ГАРМИ МЕҲНОНОН
Қабл аз чорабинии асосӣ - ҷамъбасти натиҷаҳои озмун, адибону рӯзноманигорон, аҳли эҷоди рӯзномаи «Ҷумҳурият» ва иштирокчиёни озмунро дар ноҳияҳои Дарвозу Рӯшон, Шуғнон бо меҳмоннавозии барои мардуми Бадахшон хос бо дилгармию созу суруд истиқбол намуданд. 
Дар зодгоҳи Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур меҳмонон аз осорхонаҳои Носири Хусрав ва Шириншоҳ Шоҳтемур дидан намуданд. Хонаи урфии помириро, ки Шириншоҳ Шоҳтемур дар он ҷо тавлиду ба воя расидааст, дидан намуда, аксари онҳо, бахусус ҷавонон, бовар бар он надоштанд, ки ӯ дар ҳамин хона чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Шоири халқии Тоҷикистон Назри Яздонӣ вақте нигораҳои таърихиро тамошо мекард, ашк дар чашмонаш ҳалқа зад ва гуфт: «Чизеро, ки дар ин хонаи бобоии Шириншоҳ дидам, лоиқи эҷоди достону қиссаҳои ҷолиб аст. Одатан, шахсиятҳои барҷаста ва қаҳрамонҳо зодаи чунин ошёнҳо ҳастанд».
Ҷавонони шаҳри Хоруғ меҳмононро бо гулдастаҳо, бонувон бо дафзанӣ, ҳофизону раққосон бо рақсу суруд истиқбол намуданд. Собиқадори матбуот Қурбон Мадалиевро, ки зебогии шаҳри Хоруғ ва рушду ободии он мафтун намуда буд, иброз дошт: «Вақте 15 сол қабл ба Хоруғ омада будам, чунин ободкорӣ набуд. Ҳамаи ин аз файзи истиқлол, сулҳу субот ва сиёсати бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Пояи ин ободкориҳоро қариб як аср қабл Шириншоҳ Шоҳтемуру ҳаммаслаконаш гузошта буданд». Сипас, меҳмонон дар боғи фароғатӣ-истироҳатии ҳамешасабзи «Чорбоғ» ба пояи муҷассамаи Шириншоҳ Шоҳтемур гулчамбар гузоштаанд. 
 
МАРОСИМИ ҶАЪБАСТИ ОЗМУН
Маросими ҷамъбасти озмун дар толори бошукӯҳи Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Меҳрубон Назарови шаҳри Хоруғ баргузор гардид.
Ҷамъомад бо намоиши филми мустанади телевизионӣ, ки ҳайати эҷодии телевизиони “Бадахшон” оид ба ҳаёту фаъолияти Шириншоҳ Шоҳтемур таҳия намуда буданд, оғоз ёфт. Ҳар навору ҳар лаҳзаи  филм фарогири лаҳзаҳои ниҳоят фараҳбахш, ҳамзамон, пурфоҷиаи ҳаёти ин фарзонафарзанди миллат буд. 
Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов зимни суханронӣ афзуд, ки ин ҷамъомади бошукӯҳ идомаи мантиқии таҷлили ботантанаи 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташрифи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, инчунин, Рӯзи забони давлатӣ мебошад. Ҳамаи тантанаҳое, ки дар ин рӯзҳо баргузор гаштанд, бевосита ба ҳаёту фаъолияти Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур алоқаи зич доранд. 
Раиси вилоят иқдоми роҳбарият ва кормандони Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият»-ро дар абадӣ гардондани номи фарзандони барӯманди миллат, ба мисли Шириншоҳ Шоҳтемур шоиставу манфиатбахш арзёбӣ намуд ва минбаъд идома додани чунин озмунҳоро, ки дар боло бурдани руҳияи ватанпарварию  ватандӯстӣ, арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги пурғановати миллати тоҷик саҳми бориз мегузоранд, шоистаи таҳсин маънидод кард. 
Дар идома намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Сафарзода ва сармуҳаррири рӯзномаи «Ҷумҳурият» Қурбоналӣ Раҳмонзода суханронӣ карданд. 
Зикр гардид, ки дар замони Истиқлолияти давлатӣ бо файзи хиради Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар баробари эҳёи давлатдории миллӣ, барои худогоҳӣ ва шинохти ҷойгоҳи таърихии миллат роҳи мунаввари худшиносӣ боз шуд. Дар ин масир, мақоми шоистаи чеҳраҳои тобноки илму адаб, арбобони давлатӣ, ҷамъиятиву сиёсӣ ба ҷойгоҳи аслии худ баргашта, воқеиятҳои таърихӣ низ ба маснади худ нишаст. Яке аз чунин шахсиятҳои барҷаставу накуном, ки нимаи аввали асри ХХ дар саҳнаи сиёсӣ зуҳур карда, барои ҳифзи арзишҳои таърихӣ ва манофеи миллати тоҷик ҷонфидоӣ кардааст, Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур мебошад, ки имрӯз хизматҳои беназири ҳувиятсоз ва ватандӯстонааш ба шоистагӣ қадр мешаванд.
Гуфта шуд, ки дар давраи баргузории озмун (давоми қариб як сол) ба идораи рӯзнома бештар аз 150 мавод дохил шуда, беш аз 80-тояш нашр гардиданд. 
Тибқи хулосаи доварон, муҳаққиқи шинохта, корманди Институти гуманитарии ба номи Баҳодур Искандарови шаҳри Хоруғ Қурбон Аламшоев сазовори Шоҳҷоизаи озмун гардида, Шоири халқии Тоҷикистон Назри Яздонӣ мақоми аввалро ба даст  овард.  Абдуқодири  Раҳим,  шореҳи  масъалаҳои  иҷтимоӣ – фарҳангии рӯзномаи «Ҷумҳурият», Раҳмонқул Раҳмонқулов, сармуҳаррири нашрияи «Бадахшон» ҷойҳои дуюм, Маҳмадшо Маҳмадшоев, устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Тиллои Некқадам, корманди нашрияи «Садои Мардум» ва Қурбон Мадалиев, собиқадори матбуот зинаи сеюмро соҳиб шуданд. Ҳайдаршо Пирумшо, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илми таърих бо ҷоизаи махсуси рӯзномаи “Ҷумҳурият” ва Тоҷибой Султонӣ, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси вилояти Суғд, доктори илмҳои филологӣ бо ҷоизаи махсуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сарфароз шуданд. Ҳамчунин, 12 нафар иштирокчии фаъоли озмун бо ифтихорнома, мукофотҳои пулӣ ва туҳфаҳои хотиравии муассисон қадр гардиданд.
Дар баробари ин, аз номи раисони вилоятҳои Суғду Хатлон Раҷаббой Аҳмадзода ва Қурбон Ҳакимзода ба раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардиданд. Раиси шаҳри Хоруғ Мирзонабот Алишер Худобердӣ бо туҳфаи хотиравии рӯзномаи «Ҷумҳурият» қадр шуд. Ба Қурбоналӣ Раҳмонзода, сармуҳаррир, Моҳира Сангмамадова, муовини сармуҳаррири рӯзномаи «Ҷумҳурият» ва сардори раёсати молияи рӯзнома Зафар Ҳасанов ифтихорномаи раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тақдим гардид. 
Дар ҷараёни супоридани мукофотҳо аз ҷониби ҳунармандони театри вилоятӣ ба ҳозирин суруду таронаҳои дилнавоз манзур гаштанд. 
Пас аз анҷоми ҷамъбасти озмун ҳар як иштирокчӣ ба сармуҳаррири рӯзномаи «Ҷумҳурият» ва раиси вилоят барои иқдоми наҷибашон миннатдорӣ баён карданд. Аллакай, озмуни гиромидошти Шириншоҳ Шоҳтемур исботи хешро ёфт. Ва рӯзномаи “Ҷумҳурият” бо сарварии Қурбоналӣ Раҳмонзода, ки ташаббускори асосии озмун ба ҳисоб мерафт, боз як рисолати таърихиро анҷом дод. Ҳатто, ин иқдоми ибратомӯз дар шабакаҳои иҷтимоӣ тарафдорони зиёде пайдо намуда, тамоми мардуми вилоятро ба ҳайрат гузошт. 
 
Ш. ШОҲҚОСИМОВ, рӯзноманигор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.11.2021    №: 220    Мутолиа карданд: 760
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед