фарҳанг
“ВАХОН – ОСОРХОНАИ ТАЪРИХ”
Бадахшон бо мавзеъҳои диққатҷалбкунанда ва зебоманзараш яке аз минтақаҳои дидании сайёҳии Тоҷикистон ба шумор меравад. Ҳар нафаре, ки ба ин мавзеъ сафар мекунад, мафтуни табиати зебо ва дилрабои он мегардад. Дар ҳар қадам бо ёдгориҳои таърихӣ, чашмаҳои шифобахш, манзараҳои зебову мафтункунанда рӯ ба рӯ гашта, аз тамошои он ҳаловат мебарад. Ҳамасола ҳазорон сайёҳ аз дохилу хориҷи кишвар меҳмони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон гашта, аз он ҷо бо як дунё таассуроти неку гуворо бармегарданд.
Вахон водиест, ки бо урфу одатҳои худ аз дигар манотиқи Бадахшон ба куллӣ фарқ мекунад. Он дар ноҳияи Ишкошим воқеъ буда, таърихи қадима дорад.
Тибқи иттилои сардори бахши рушди сайёҳии ноҳия Суҳроб Муъминшоев, он дорои 103 ёдгории таърихӣ буда, мавзеъҳои таърихии Қалъаи Абрешим, Маъбади Буддо, Умбуқ, Тақвими Сангӣ, Қалъаи Ямчун, Қалъаи Қаҳқаҳа, Кофарқалъа бештар диққати сайёҳонро ба худ ҷалб мекунанд.
- То хуруҷи бемории ҳамагири COVID-19 аз манзараҳои тамошобоб ва ёдгориҳои таърихии ноҳия сайёҳони зиёд диданд мекарданд. Соли 2019 наздики 5500 сайёҳи хориҷӣ аз маконҳои сайёҳии ноҳия боздид ба амал оварда, давоми соли 2020 ва нуҳ моҳи соли равон қариб 300 сайёҳ ба ноҳия ташриф оварданд, - гуфт Суҳроб Муъминшоев.
ҚАЛЪАИ ҚАҲҚАҲА
Ин қалъа дар деҳаи Намадгути водии Вахон воқеъ буда, таърихи сохтмони он ба асрҳои II – I пеш аз милод ва VI – VIII мелодӣ рост меояд.
Муаррихон бунёди онро ба даврони ҳукмронии Кӯшониён мансуб медонанд. Дарозиаш 650 ва паҳноияш 300 метр аст. Олими шинохтаи Иттиҳоди Шуравӣ А. Н. Бернштам дар тадқиқоти худ ошкор кардааст, ки Кофарқалъаи Намадгут дар шаҳри Ябчукат ва Кофарқалъаи Ямчун дар шаҳри Гашена ҷойгир будааст. Қаҳқаҳа ном подшоҳи золим ва бадкеш ин сарзаминро фатҳ карда, дар болои теппаи шафати дарёи Панҷ ба азнавбарқароркунии қалъа машғул мешавад. Мақсади сохтмони силсилаистеҳкомҳои водии Вахонро ба он алоқаманд медонанд, ки дар асри III пеш аз милод ҳаракати кӯчманчиёни тибет, сакҳо ва қувваҳои ҳарбии Чин ба Помир меафзояд ва хатари воридшавии онҳо ба дохили мамлакат ва аз даст рафтани роҳи Вахон пеш меояд. Роҳҳои ҷанубу шимол ва шарқу ғарб ба Ҳиндустон, Аврупо ва Чин аз ин ҷо мегузашт ва аҳамияти иқтисодӣ, ҳарбию сиёсӣ пайдо карда буд. Дар шароити он давр интихоби ҷой, мавод ва санъати қалъасозӣ қобилияти баланди фикрии муҳандисонро талаб мекард. Сохту тарҳи қалъаҳои ин мавзеъ аз он шаҳодат медиҳанд, ки ҳунармандони Осиёи Марказӣ истеъдоди беназир доштаанд. Деворҳои муҳофизатии қалъаи Қаҳқаҳа дар қисми шимол 1 – 2 ва ҷанубу ғарб то 6 метр баландӣ дошта, қисми ҷанубии девор нақшбандӣ шудааст. Дар хати дарозии девор боқимондаи 56 манораи дидбонӣ ва садҳо тиркашҳои муҳофизат ёфт шудаанд.
ЯМЧУН
Қалъаи Ямчун болотар аз қалъаи Қаҳқаҳа дар Ҷамоати деҳоти Птуп ҷойгир ва дар баландии 2500 метр аз сатҳи баҳр қарор гирифтааст. Монанди ҷазира се тарафи онро оби рӯди кӯҳӣ иҳота карда, бо гузашти солҳо ин диж ҳашамати худро аз даст надодааст. Арки секунҷашакл майдончаи болоиро ишғол мекунад. Тамоми девори иҳотакунандаи арк ба 9 бурҷи мудаввари дорои тиркашҳои тарқишмонанд бо баландии 4 метр мустаҳкам ва таҳкурсии девору бурҷҳо аз сангу гил ва девори асосӣ аз хишти хом сохта шудаанд. Дар майдончаи поёнӣ 40 манор ҷойгир аст. Масоҳати қалъа 470х774 метрро ташкил медиҳад.
Бостоншиносон собит намудаанд, ки ҳокимони қалъаи Ямчун бародарон Қаҳқаҳа ва Заринбор будаанд. Дар байни сокинони рустоҳои наздики ин қалъа ривояте дар мавриди ҷанги Ҳазрати Алӣ бо деве бо номи Қаҳқаҳа вуҷуд дорад. Вале, бостоншиносон ба ин назаранд, ки дижҳои мавзеи Вахони ноҳияи Ишкошим дар даврони қабл аз Ислом бунёд ёфтаанд. Аз ҷумла, дижи Ямчун дар қарни III ва I қабл аз солшумории мелодӣ, сохта шудааст.
- Қалъаи овозадори Ямчун бо дастгирии сиёсати фарҳангсолоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба силсилаҷоизаи Шоҳроҳи бузурги Абрешими ЮНЕСКО дохил гардид. Аз тарафи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим дар ҳамкорӣ бо Бонки ҷаҳонӣ барои навсозии қалъа 4 миллион сомонӣ ҷудо гардид. Ҳоло бошад, корҳои лоиҳакашӣ идома дорад, - гуфт Суҳроб Муъминшоев.
Ӯ бо итминон иброз дошт, ки пас аз навсозии қалъа шумораи сайёҳони дохилию хориҷӣ ба ин минтақа зиёд хоҳад шуд.
ОСОРХОНАИ МУБОРАКҚАДАМИ ВАХОНӢ
Бояд гуфт, ки Муборакқадами Вахонӣ (1842 – 1902) шоир, мунаҷҷим ва файласуф, дар деҳаи Ямги ноҳияи Ишкошим ба сар бурдааст. Сокинони деҳа давоми бештар аз 180 сол хонаеро, ки дар он Мубораки Вахонӣ ба дунё омадаву тамоми осори илмию адабиашро дар он эҷод карда, ба осорхона табдил доданд, ки имрӯз ба тамошогоҳи сайёҳон табдил ёфтааст.
Ба иттилои директори осорхона Ҳайдармамад Маликмамадов, он соли 1993 ба фаъолият оғоз намуд.
- Осорхонаи адабӣ ва ёдгории Мубораки Вахонӣ аз хона, долону айвони урфии бадахшонӣ, ҳуҷраи шахсии шоир, пешдолон, айвон, ҳавлӣ, боғ (дарахтони себу зардолу, ки худи Муборакқадам шинондааст), мақбараи шоир, ҳуҷраҳои гӯшанишинӣ, сангҳои тасвирӣ, навиштаҷотҳои рӯйисангӣ, расмҳо, навиштаҷотҳои илмӣ, тақвими шамсӣ, мисраҳои шеърӣ, силсиласангҳои олотҳои мушоҳидакунандаи Офтобу ситорагон (“Ҳамалхона”, “Санги офтоббин”, “Тирезасанг”, “Чилласанг”) ва осиёби Мубораки Вахонӣ иборат аст, - иброз дошт Маликмамадов.
Дар осорхона рубобҳои дусараи қадимӣ ҳаст, ки Мубораки Вахонӣ онҳоро сохтааст. Рубобҳо ба одам шабоҳат дошта, ба гуфтаи директори осорхона онҳо фалсафаи ба худ хосро доранд.
- Баъд аз таъмиру навсозии осорхона ва ба намоиш гузоштани нигораҳои гуногуни таърихию фарҳангӣ он таваҷҷуҳи сайёҳони хориҷиро ба худ ҷалб намуд. Ин барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии деҳотиён ва инфрасохтори худи деҳа низ мусоидат кард, - гуфт директори осорхона.
ШУМОРАИ САЙЁҲОН МЕАФЗОЯД
Дарвоқеъ, солҳои охир таваҷҷуҳи ҷаҳонгардон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, аз ҷумла ба водии дурдасти Вахон бамаротиб афзудааст. Ин минтақа бо кӯҳҳои сар ба афлок, чашмаҳои шифобахш, ривоятҳо ва ёдгориҳои таърихиву табиати нотакрори худ ҳамчун яке аз мавзеъҳои нодири сайёҳӣ эътироф гардидааст. Ҳамчунин, сайёҳон аз мавзеъҳои таърихии ин водӣ, аз ҷумла қалъаҳои Қаҳқаҳа, Ямчун мазорҳо ва осорхонаҳо дидан намуда, аз маданияту урфу одати қадимаи мардуми маҳаллӣ огоҳ мешаванд.
Барои ҷалби бештари сайёҳон ва ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ ҳақ бар ҷониби Пешвои миллат аст, ки чунин таъкид намуданд: “Моро зарур аст, ки ёдгориҳои таърихии худро ҳифз кунем, обод гардонем ва ба онҳо ҳамчун ҷузъи таркибии сарнавишти миллати куҳанбунёдамон муносибат намоем”.
Оламбегим НЕКҚАДАМОВА, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 01.11.2021 №: 220 Мутолиа карданд: 2500