logo

фарҳанг

«ДИДАИ ДАРД». КИТОБИ НАВИ ГУРЕЗ САФАР

 
Дар нашриёти «Шарқи озод» китоби нави шоири номвар Гурез Сафар «Дидаи дард» чоп шуд. Номи китоб фарогири ду ҷанбаи ҳиссиву фикрии шоир аст. Аз ҷумла, агар ба дардкашиву хилвати эҷодии худ ишора кунад, аз тарафи дигар, ба дарду ормонҳои миллату халқ таъкид мекунад, ки дар сарочаи дилаш маъво доранд.
Дар адабиёт дарди фардии эҷодкор ҳамеша ба дардҳои дигарон пайванди зебо меёбад ва ҳамагонӣ мешавад. Ин аст, ки шоир огоҳона менависад:
Лаҳзае бекор наншинем,
Гарчи дарди бедаво дорем.
Дилрабоӣ кори осон нест,
Шеърҳои дилрабо дорем. 
 
«Дидаи дард» чанд вижагӣ дошта, шеърҳои дорои мавзуъҳои гуногунро фаро мегирад. Аммо таваҷҷуҳи мо асосан ба ватанияҳои шоир аст, ки мазмуну мундариҷаи нави шаҳрвандӣ доранд. Шеърҳо ба як силоҳу сипар табдил ёфта, пайи посух гуфтан ба нотавонбинону каҷназарон, маломатгарону сангандозон аст. Воқеан, имрӯз касоне зиёд шудаанд, ки аз берун истода, ба Ватани худ, ки замоне нозпарварди обу хоки он буданд, санги маломат мезананд. Агар боре аз ободиву бори дигар аз камбудиҳо гӯянд, ба хайр, мутаассифона, пайваста аз нуқсу норасоиҳо ҳадс зада, аз паша пил месозанд, ки ҷои дареғ аст. Иттилооти ғаразноку иғвоангезро махсус паҳн мекунанд. Ҳатто як зумра ноогоҳон ба оташи чунин иғвоҳо равған мерезанд ва мо – ҳамватанонро шигифтзада мекунанд. 
Бавижа, чанд ғазалу рубоии маҷмуа хитобаи муҳкам ба душманони берунии ин халқу миллат аст, ки бо истифода аз шабакаҳои интернетӣ, навору матнҳои иғвоангез, саҳифаҳои сохтаву дурӯғин дар руҳияи халқ норозигӣ ва ҳисси ношукриву носипосиро бедор мекунанд.
Бе меҳри Ватан ба ҳар куҷо хор шавӣ,
Овораву ранҷуру дилафгор шавӣ.
Эй он ки ба сӯйи Ватанат санг занӣ,
Охир ба кафи хоки Ватан зор шавӣ.
 
Сиёҳ кардан, ки дар забони мардум ба маънои баду зишт вонамуд додан, бадном кардан маъмул аст, ба барқасдона сиёҳ кардани номи табарруки Меҳан пайванд мехӯрад:
Чаппа ту дигар мапӯш пироҳани худ,
Ин қадр гунаҳ магир бар гардани худ.
Чун рӯзи сапеди кас зи Меҳан бошад,
То чанд сиёҳ мекунӣ Меҳани ман?!
 
Дар рубоии дигар шоир масали «Саг аккос мезанаду корвон меравад»-ро, ки байни мардум хеле маъмул аст, чунин истифода мебарад:
Накнед дигар хазон баҳорони маро,
Осуда гузоред Ватан – ҷони маро.
Онон, ки чу саг зи дур ав-ав доред,
Санге назанед Тоҷикистони маро.
 
Чаппа пӯшидани ҷома ба маънии дар қасди кори нохубе шудан, сахт шитобзадаву асабӣ будан ва масали «Саг аккос мезанаду корвон меравад» бӯи шеъри Шоири халқии Тоҷикистон Ашур Сафар мекунанд. Номбурда низ дар шеъру ғазалҳои намакини хеш аз эҷодиёти шифоҳии мардум ва масалҳои ҳамчун асал фаровон истифода мебурд. Вижагии чакомаҳои устод Ашур Сафар ба зиндагиву тафаккури халқ қариб будани онҳо буданд. 
Дар рубоии дигар лутфи бисёр аҷиби шоиронаро мушоҳида мекунем. Пайдост, ки Гурез Сафар ҳам мисли қиблагоҳи худ ҳам дар сарводаҳои хуби ғиноӣ ва шеърҳои ҳаҷвӣ қалам озмудааст:
Ҳаргиз ҳаваси кишвари 
дигар накунам,
Оби Ватанам иваз ба Кавсар накунам.
Бо пораи себи Ватани ширинам
Сад тоннаи себи Чин 
баробар накунам.
 
Ин рубоиҳо ба зоти худ садои дили як шаҳрванди огоҳ аст, ки алорағми бадхоҳон пар мекушояд. Ростӣ, ин ҳама ба гӯши касони иғвогар мерасад ё не, муҳим нест, муҳим он аст, ки насли навро дар руҳияи ватандӯстӣ, ба чашми кам надидани кишвари хеш, пеши ҷомеаи бузурги интернетӣ аз камбуди Ватани худ нагуфтан ва таҳаммулу андешаварзиро талқин мекунанд.
 
Бузургмеҳри БАҲОДУР,
"Ҷумҳурият"
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.11.2021    №: 220    Мутолиа карданд: 1620
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед