logo

Хабарҳо

Таъкиди Ҷо Байден ба зарурати бозорҳои рақобатпазири сӯзишворӣ

ТАСС. «Тули вохӯрии сарварони давлатҳои узви G20, Президент Байден зарурати будани бозорҳои рақобатпазири ҷаҳонии сӯзишвориро таъкид кард. Зеро онҳо на танҳо асоси барқароршавии иқтисодиёт мебошанд, балки оилаҳоеро, ки дар ватан ва хориҷ аз кишвар фаъолият доранд, дастгирӣ  мекунанд»,- гуфта мешавад дар изҳороти Қасри Сафед оид ба натиҷаҳои форуми Рим. 
«Роҳбарони давлатҳои G20 уҳдадор шуданд, ки гузариши одилона ва муназзамро ба манбаъҳои барқароршавандаи энергия, ки нархҳояшон барои хоҷагиҳои оилавӣ ва корхонаҳои осебпазир низ дастрасанд, кафолат медиҳанд. Онҳо нияти омӯхтани роҳҳои таҳкими амнияти энергетикӣ ва суботи бозорро баён карданд», -гуфт Қасри Сафед. 
 
 
Даъвати Ҷонсон дар бораи тағйирёбии иқлим  
 
ТАСС. Сарвазири Британияи Кабир Борис Ҷонсон бар ин назар аст,   вақти он расидааст, ки инсоният пеш аз он ки дер нашавад, дар муқобили масъалаи тағйирёбии иқлим чораҳои воқеӣ андешад. Дар ин бора дар порчаҳо аз нутқи Сарвари Ҳукумат, ки вай бояд рӯзи душанбе дар Конференсияи 26-уми тарафҳои Конвенсияи чорчӯбаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (COP26) дар Глазгои Шотландия эрод гирад, гуфта мешавад. 
«Инсоният муддати  дароз  ҳалли масъалаҳои тағйирёбии иқлимро  ба таъхир мегузошт. Ҳоло, ки дер нашудааст, дар ин ҷода мо бояд амал кунем. Агар мо имрӯз дар муносибати тағйирёбии иқлим ҷиддӣ набошем, фардо барои фарзандони мо иҷрои ин кор дер мешавад. Мо бояд аз гуфтугӯ ва мубоҳиса ба амалҳои воқеии ҳамоҳангшуда  гузарем», - гуфт Сарвазир. 
 
 
Лавров дар бораи таваҷҷуҳи Байден ба тамосҳои минбаъда бо Путин сухан гуфт
 
Известия. Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Россия, дидори худ бо Президенти Амрико Ҷо Байденро дар нишасти G20 дар Рум муфид хонд ва бар тамаркузи роҳбари Амрико ба тамосҳои минбаъда бо Россия таъкид кард.
«Дирӯз барои ҳамаи роҳбарони ҳайатҳо дар нишасти G20 зиёфат барпо шуд, ки дар ҷараёни он мо бо Президент Байден суҳбати кӯтоҳ, вале муфид доштем, ки ӯ ба Владимир Владимирович Путин саломҳои худро баён карда, тамаркузашро ба равобити минбаъда таъкид кард», - гуфт вазири корҳои хориҷии Россия дар  телевизиони «Россия-1» . 
Ба гуфтаи Лавров, ӯ, аллакай, тамоми маълумотро ба роҳбари Россия додааст. Илова бар ин, Лавров ин маълумотро барои тарҳрезии нақшаҳои минбаъда муфид хонд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 877
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед