logo

Хабарҳо

НОРАК. ПОШХӮРИИ ОИЛАҲО КОҲИШ ЁФТ

Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ вазъи ҳуқуқии шаҳрвандонро муайян менамояд. Он фарогири бақайдгирии давлатии таваллуд, фавт, ақди никоҳ, бекор кардани ақди никоҳ, муқаррар намудани падарӣ, фарзандхонӣ, ивази ному насаб ва дигар хизматрасониҳои ҳуқуқӣ мебошад. 
 
Солҳои охир афзоиши бекоршавии ақди никоҳ боиси нигаронии аҳли ҷомеа ва мақомоти дахлдори давлатии соҳа гардидааст. 
Мудири бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Норак Сарвиноз Саидмуродзода мегӯяд, ки омилҳоии асосии бекоршавии ақди никоҳ ин омода набудани ҷавонон ба ҳаёти мустақилона, раванди муҳоҷирати меҳнатӣ ва гирифтани шаҳрвандии дигар кишварҳо мебошад. Инчунин, маърифати пасту заифии ҳуқуқии ҷавонон низ ба бекоршавии ақди никоҳ сабаб мегардад. Оилаи солим аз навхонадорон омодагии ҷиддии равонию ҷисмонӣ, маънавӣ ва иқтисодиро талаб менамояд, вале мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки бештари навхонадорон ба зиндагӣ омода нестанд. Хушбахтона, дар шаҳри Норак бекоршавии ақди никоҳ назар ба соли гузашта кам шудааст. Аз ҷумла, кормандони САҲШ  якҷоя бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр 5 оилаи ҷавонро, ки дар ҳолати барҳамхӯрӣ қарор дошт, ба зиндагии маъмулӣ баргардонданд. 
- Тибқи нақшаи корӣ дар ҳамаи ҷамоатҳои деҳоти шаҳр дар мавзуъҳои пешгирии бекоршавии ақди никоҳ, зуроварӣ дар оила, роҳ надодан ба никоҳи хешутаборӣ, аз муоинаи ҳатмии тиббӣ гузаштани навхонадорон, қабули ваксинаи ройгон барои пешгирии бемории каронавирус ва баланд бардоштани маърифатии ҳуқуқии шаҳрвандон суҳбату вохӯрӣ ва корҳои фаҳмондадиҳиро ҷоннок карда истодаем, - гуфт, С. Саидмуродзода. 
Ба гуфтаи ӯ, мушкили дигар ин аз қайди ақди никоҳ нагузаштан ва шаҳодатномаи таваллуд надоштани қисме аз фарзандони оилаҳои ниёзманд мебошад. Дар ин самт гурӯҳҳои сайёр ташкил ва ба деҳаҳои дурдаст сафар карда, ба фарзандони 110 оилаи ниёзманд, аз ҳисоби маблағҳои соҳибкорон шаҳодатномаи таваллуд ройгон тақдим шуд. Ҳамчунин, оилаҳое, ки бо сабабҳои гуногун сабти никоҳ надоштанд, соҳиби шаҳодатнома гардиданд.
Гузаштан аз усули хаттӣ ба системаи электронӣ кори кормандони сабти асноди ҳолати шаҳрвандиро осон намуд. То имрӯз наздик ба 2 ҳазор сабти никоҳи давлатӣ, таваллуд, вафот, ивази ному насаб, муқарраркунии падарӣ, фарзандхонӣ ва дигар хизматрасониҳо тариқи системаи электронӣ анҷом ёфтанд.
 
Холназар КАСИРОВ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 915
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед