logo

иҷтимоиёт

БО ПРЕЗИДЕНТ ИФТИХОР МЕНАМОЯМ!

 
БОЗИИ МАНУ ТАҚДИР
-Зуд хона даро!- аз тиреза бо садои баланд ва тарсу ҳаяҷонзада фарёд кард модарам. Ба фарёдаш расидам, аммо саргарми бозӣ, мани ҳафтсола, пай набурдам, ки  чи воқеа рух дод.
Гирдогирди биноҳо давидани сарбозони силоҳдор ба назарам аскарбозии бачагонро мемонд. Танҳо баъди дидани он ки силоҳбадастон болои бордони (кузов) мошин бо зӯрӣ мардҳо, аз ҷумла падарамро, ки наздики 20 кӯдаку занро аз шаҳри ҷангзада берун бурданӣ буданд, мебароварданд, ба вазъият сарфаҳм рафтам. Баъдан, моро низ даруни бордони мошин андохтанд. Дар ҳавои сарди моҳи ноябр зери чодари ҷо-ҷо даридаи бордон  гиряи кӯдакону тарсу ҳароси модарон ба дил ваҳм меангехт. Ба зери оби борон, ки аз сӯрохии чодар мешорид, зарфе гузоштам, то ки кӯрпаю болини кӯдакон тар нашаванд.
 
НУРЕ, КИ НИШОН АЗ РАВШАНИСТ
Тарки Душанбе бисёр сахт буд. Дурӣ аз хона, аз мактаб ва ниҳоят ҷойи бозӣ, ки пазмонашон мешудам, баъди чанде куллан тағйир ёфта буданд. Пас аз ҳашт моҳи баргаштан ба Душанбе, нахуст, майдончаи бозиро валангору шикаста дарёфтам. Падарам мегуфтанд, ки дар ин давра тамоми иншоотҳои шаҳр корношоям гардидаанд. Душанбе рисолати худро ҳамчун пойтахти мамлакат аз даст дод. Вазъият мураккабу буҳронӣ буд, ҳатто имкони дар пойтахт гузарондани иҷлосияи Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вуҷуд надошт ва вакилон маҷбур шуданд, ки онро дар Қасри Арбоби ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд  баргузор намоянд. Он вақт мо – хурду калон аз пеши оинаи нилгун дур намерафтем. Маҳз дар ҳамин чорабинии муҳими сиёсӣ, вакилони халқ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Шурои Олӣ, яъне Сарвари давлат, интихоб карданд ва бо шунидани суханони ӯ: «Ман ба шумо сулҳ меорам!» ҳамагон оҳи сабук кашида, бо бовару эътиқод мегуфтанд, ки акнун метавонем бо дили пур аз пайи зиндагии осуда бишавем. 
Модарам бо шукрона мегӯянд: «Вақте ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори аввал аз минбар баромад кард, маълум буд, ки маҳз ӯ Раиси Шурои Олӣ интихоб мешавад. Ин марди хирад шаҳомати ба худ хос дорад. Чеҳраи нурониаш аз тавоноияш аст». Нур, ки нишон аз покист, оқибат оламгир мешавад. Инак, имрӯз ҳама шоҳидем: Пешвои миллатро ҷомеаи башарӣ ҳамчун шахсияти сулҳҷӯву сулҳпарвар эътироф мекунад. 
 
БОВАР БА ФАРДОИ ДУРАХШОН
Бо гузашти замон, ҳамин ки зарурати барқарор кардани фаъолияти ҳамаи зинаҳои харобшудаи сохтору идораҳо пеш омад,  ислоҳоти куллӣ маҳз дар пойтахти кишвар сурат гирифт. Аз нав бунёд шудани шаҳри азизам – зодгоҳамро бо чашми сар дидам. Бунёди муассисаҳои иҷтимоӣ, роҳҳои сатҳи байналмилалӣ, таъмини сокинони кишвар бо ҷойи кор зиндагиро бамаротиб беҳтар намуд. Кӯчаю хиёбонҳои наву замонавии барои сайругашт гуворо, биноҳои боҳашамати фарҳангию фароғатӣ ва навсохти истиқоматӣ ба шаҳр зебоии хос зам карданд. Дар Фестивали тобистонаи «Душанбе – фест» аз баландӣ бо парашут тамошо кардани ин зебоӣ ба кас ҳаловат мебахшид. Намои зебои шабона, гӯшаҳои махсуси кӯдакона бо муосиртарин таҷҳизот ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ бисёр сокинону меҳмононро ба ҳайрат гузошта, Душанберо ҳамчун шаҳри сайёҳӣ муаррифӣ кард, ки натиҷаи заҳмату талошҳои Роҳбари некбину сулҳовар мебошад.  
Маҳз дар ҳамин фазои созанда нахостам дигарбора аз гузашта ёд кунам, зеро тавре гуфтаанд: «Барои хушбахтона зиндагӣ кардан, на бояд аз гузашта ёд кард». Ва, айни замон, ки сокинони мамлакат зиндагии орому осуда доранд, пас хуш ба ҳоли Сарвари сулҳоварам, ки тавонист рисолати худро дар назди халқу миллат бо сарбаландӣ иҷро кунад. Бо ин ҳама Президенти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадани сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва пешравии рӯзафзуни кишварро дар хизматҳои халқи азизаш медонад. 
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хоса ба ҷавонону наврасон бовари комил дорад. Дар ин бора Маликшо Неъматов, раиси вақти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ соли 2008-ро ба ёд меорад. Ҳамон сол Бозиҳои олимпии Пекин – 2008 баргузор гардиданд ва дар таърихи кишвар аввалин маротиба 14 варзишгар ба он роҳхат гирифт. Дар арафаи кушодашавии олимпиада, Пешвои миллат бо сафари корӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин ташриф оварда, аввал ба шаҳраки олимпӣ ба назди варзишгарон омаданд. Онҳо ба муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо поси эҳтиром барои хотира рамзи олимпиадаро дар шакли ҳалқаҳои олимпӣ тақдим карданд. Президенти мо лаҳзае ба ҳалқаҳо нигариста гуфтанд: «Сипос барои туҳфа, агар ба ин ҳалқаҳои олимпӣ ду медал илова намуда, ба Ватан баргардеду миллатро шод намоед, туҳфаатон олӣ мешуд. Ман ба шумо бовар дорам». Ин суханони бовариноку боэътимоди Пешвои миллат ба варзишгарони мо неруи дучанд бахшиданд ва дастаи олимпии Тоҷикистон бори аввал дар замони соҳибистиқлолии кишвар аз Бозиҳои олимпӣ  бо медали нуқра ва биринҷӣ баргашт. 
Воқеан, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сабурию таҳаммулпазирӣ, далерию ҷасорат, матонату кордониашон тавонистанд миллатро аз вартаи ҳалокат наҷот дода, ба созандагӣ раҳнамун бисозанд. Банда, ки парвардаи замони истиқлолам, инро хеле хуб дарк мекунам, аз ин рӯ, аз Сарвари маҳбуб Эмомалӣ Раҳмон, ки ба шарофати ӯ Ватани азизамон беш аз пеш ободу зебо мегардад, ифтихор дорам.
 
Оҳистамоҳ ВАФОБЕК, «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.11.2021    №: 221    Мутолиа карданд: 531
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед