logo

иҷтимоиёт

ҚАҲРАМОНИ ВАҲДАТ ВА СИПАРИ ИСТИҚЛОЛИ ТОҶИКИСТОН

Саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хатми ҷанги шаҳрвандии панҷсола ва барқарории сулҳу ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон, бешак, бузургу назаррас аст. Мардуми Тоҷикистон ӯро барҳақ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ эътироф карда, Пешвои худ мехонанд. Ҷойгоҳ, усули корбарӣ ва барномаҳо ва ибтикороти Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди эъмори давлатдории муосири тоҷикон, ҳифзи якпорчагии Тоҷикистон, таҳким ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ, берун овардани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини истиқлолияти энергетикӣ ин абармардро ба яке аз шахсиятҳои бузурги таърихӣ табдил додааст. 

Эмомалӣ Раҳмон замоне ба сари қудрат омад, ки Тоҷикистон вориди ҷанги шаҳрвандӣ гардида, ҷойи муколамаи сиёсӣ, таҳаммулпазирӣ ва ҳамдигарфаҳмиро силоҳ, зӯргӯӣ ва харобкорӣ гирифта буд. 
Он замон Раҳмон Набиев, собиқ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мусоҳибае иқрор карда буд: «Баъд аз он, ки ман ба истеъфо рафтам, дар бораи имрӯзу фардои Ватан ва халқи ҷафокашидаи хеш бисёр андеша мекардам. Вале, вақте ки дар симои Эмомалӣ Раҳмон як инсони наҷиб ва сиёсатмадори хирадмандро кашф намудам, боварам ба фардои неки Тоҷикистон комил шуд. Зеро халқи Тоҷикистон тақдири худро ба дастони эътимодбахш супурдааст».
Самимияти сухани Эмомалӣ Раҳмон, баёни фаҳмою пурҳарораташ аввалин «қасами сулҳ»-и ӯ боиси ба таври қобили мулоҳиза афзудани нуфузи сиёсии ӯ гардид: «Ман ба ҳар яки шумо дар давраи барои Ватан хеле душвор муроҷиат карда, ба ақлу заковати шумо, ки ворисони фарзандони барӯманди тоҷик ҳастед, бовар мекунам. Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам».
Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз аз оғози давраи фаъолияти сиёсиаш фазои холии идеологӣ, сиёсатҳои бепояи нобаҳангом, ваҳшонияти сиёсиву қатлу куштор, радикализми сиёсӣ ва иқтисодӣ, буҳрони маънавӣ, хурофоту мавҳумпарастиро аз сабабҳои аслии сар задани ҷанги шаҳрвандӣ номида, азми худро барои бунёди давлати демократии дунявӣ ва ҳуқуқбунёд, сарҷамъии миллат ва барқарории сулҳу ризоияти миллӣ дар кишвар баён дошт. Ба ақидаи ӯ, яке аз афзалиятҳои асосии низоми дунявии давлатдорӣ дар он аст, ки дунявият ҳамчун ҷаҳонбинӣ, аз як тараф, баробарии мафкураҳои гуногунро дар назди қонун кафолат дода, аз тарафи дигар, имкон намедиҳад, ки як мафкура худро идеологияи давлатӣ эълон намояд ва пайравони мафкураҳои дигарро зери фишор қарор диҳад. 
Аз соли аввали Президенти Тоҷикистон интихоб шуданаш Эмомалӣ Раҳмон аз қашшоқӣ раҳондани мардум, таъмини амнияти онҳо ва аз обу ҳаво ва сарватҳои табиӣ пурсамар истифода бурдани ҳар як хоҷагӣ, инчунин, дигаргунсозиҳои иқтисодиро ҳадафи худ қарор дода буд. 24 декабри соли 1994 дар нахустин машвараташ бо роҳбарони вазоратҳо, вилоятҳо ва шаҳру навоҳии кишвар, Президенти навинтихоб масъалаҳои мубрами иҷтимоӣ ва таъиноти кадрҳоро баррасӣ карда буд: «Тараққӣ додани тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ, инкишофи иқтисод вазифаи аввалиндараҷаи Ҳукумати мост. Зеро мардум агар пешрафтро, беҳбудро эҳсос накунад, ба мо бовар нахоҳад кард…». 
Дар кишваре, ки ҷангзада ва хазинааш холӣ буд, бо сарварӣ ва роҳнамоии Пешвои муаззами миллат беш аз 2000 км роҳ, 240 пул, 30 км нақбҳои мошингузар, 190 км роҳи оҳан бунёд ёфту мавриди истифода қарор гирифт. Дар шароити душвори иқтисодии кишвар, ҳатто ба зеҳну тасаввур ҳам роҳ намеёфт, ки мо рӯзе соҳиби неругоҳҳои барқи обии "Сангтӯда-1", "Сангтӯда-2" ва чандин неругоҳҳои хурди барқи обӣ шуда, ба бунёди Неругоҳи азими "Роғун" оғоз мебахшем. Ва ҳам сохтмони хатҳои баландшиддати интиқоли қувваи барқи 500-киловаттаи «Шимол-Ҷануб» ва 220-киловаттаи «Лолазор-Хатлон» шуруъ меёбаду ба анҷом мерасад. Танҳо бо ибтикору ҳидоятҳои Пешвои миллат ба ифтихори Ҷашни муқаддаси миллӣ – 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакатамон дар зарфи се соли охир беш аз 25 ҳазор иншооти таъиноти гуногун бунёду азнавсозӣ гардида, симои ҳар як деҳу маҳал, шаҳру ноҳияи кишварамон комилан дигаргун гашт. 
Тоҷикистон бо сарварии Эмомалӣ Раҳмон тайи ду даҳсолаи гузашта ташаббускори ҷаҳонии ҳалли масоили глобалӣ дар соҳаи об эътироф шуд. Ташаббуси нав дар ин маврид, яъне Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» расман оғоз ёфт. Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба татбиқи ин даҳсола дар Душанбе баргузор гардид, ки мавқеи кишвари моро дар ҷаҳон ба сатҳи болотар бурд. 
Яқин аст, ки Роҳбари давлат ба ҷаҳониён таҷрибаи бесобиқаи сулҳофариро дод, ки ин таҷриба имрӯз аз ҷониби институтҳои ҷаҳонии низоъшиносӣ ва кишварҳои дигари ҷангзада мавриди омӯзиш ва баҳрабардорӣ қарор дорад. Аз ин рӯ, он гуна ки Роҳбари давлат таъкид медорад: «Дар марҳалаи имрӯзаи рушди кишвар сулҳу ризоияти миллӣ бояд на танҳо ҳамчун мазмуни созишномаи имзошуда миёни ду тарафи мухолиф, балки ба ҳайси як фарҳанг ва андешаи фарогири умумимиллӣ дарк гардида, сулҳу ваҳдат ва ҳамзистии мусолиматомези намояндагони ҳамаи неруҳои сиёсӣ, ҳизбу ҳаракатҳо, ҷаҳонбиниву андешаҳо ва дину мазҳабҳои сокинони Тоҷикистонро дар бар гирад».
Пешвои воқеии миллат эътироф шудан дар масири таърихи инсоният ба кам шахсиятҳо муяссар гардидааст. Эҳтироми бузург, қадрдонӣ ва мояи ифтихор донистани ин нобиғаи сиёсат ва давлатдории муосир аз тарафи халқ нишонаи Пешвои муаззами миллат будани Эмомалӣ Раҳмон аст, ки хизматҳои барҷастааш дар саҳифаҳои таърихи миллату кишвар бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳанд шуд. Маҳбубияте, ки имрӯз Ҷаноби Олӣ дар миёни мардуми кишвар, хусусан сокинони вилояти Хатлон доранд, маҳз натиҷаи заҳматҳои беназири дар тули ин солҳо баҳри ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, таҳкими пояҳои давлати миллии муосири тоҷикон ва ободии Тоҷикистон анҷомдодаи Сардори давлат мебошад. 
Чунин маҳбубиятро Пешвои муаззами миллат на танҳо дар миёни мардуми Тоҷикистон, балки дар байни тоҷикони тамоми ҷаҳон соҳибанд. Ҳимоя аз ҳуқуқу манфиатҳои тоҷикони Афғонистон, талошҳои бесобиқа барои барқарории сулҳу суботи сиёсӣ дар мамлакати ҳамсоя ва ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба қазияи Афғонистон аз ҷумлаи иқдомҳои бисёр ҳам мондагору бебоконаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст.
Айни замон вазифаи умумимиллии ҷомеа, миллати тоҷик ва ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон иборат аз он аст, ки ҳамагуна манфиатҳои инфиродиро як сӯ гузошта, дар атрофи роҳбари сиёсӣ, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гардида, ваҳдату ягонагии устувору побарҷоро фароҳам оварда, фаъолияти созандаву бунёдкоронаро таҳким бахшида, неруҳои солиму ватанпарварро баҳри ҳалли нақшаҳои дурнамои стратегии умумимиллӣ ва умумидавлатӣ ба манфиати шаҳрвандони Тоҷикистон ва давлати миллӣ сафарбар намоянд.
Муттаҳидию сарҷамъии халқамон атрофи Роҳбари давлат гарави сулҳу субот ва рушди ҷомеаи Тоҷикистон аст. Имрӯз рисолати таърихии мост, ки Ватан ва давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро ба ояндаи миллат чӣ гуна ба мерос мегузорем. Дар раванди пуртазоди ҷаҳонишавӣ, вазъи мураккаб ва ҳассоси сиёсиву иҷтимоии ҷаҳон, бархӯрди манфиатҳои геополитикии кишварҳои абарқудрат ягона роҳи нигоҳдории миллат ин ваҳдати миллӣ, суботи сиёсии кишвар ва ягонагии давлату халқ аст. 
Дар замони мо ягона манбаъ ва рамзи сулҳу ваҳдат, оромиву суботи сиёсӣ ва иҷтимоӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари давлат ва Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
 
Носирҷон МАЪМУРЗОДА, 
сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии «Хатлон», номзади илмҳои филологӣ

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.11.2021    №: 221    Мутолиа карданд: 1233
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед