мулоқотҳо
Сарвари давлат дар назди роҳбарон вазифаҳои мушаххас гузошт
23 апрели соли 2010, нимаи дуюми рӯз, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ машварати корӣ доир намуд.
Дар машварат масоили вобаста ба суръат бахшидан ба киштукори баҳорӣ, омодагӣ ба кишти такрорӣ, бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиат, рафти иҷрои буҷети давлатӣ, ҷалби бештари занону ҷавонон ба корҳои давлатию ҷамъиятӣ, танзими расму ойин, кӯмак ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ва ятимону дигар эҳтиёҷмандон, сарфаю сариштакорона истифода бурдани нерӯи барқ, омодагӣ ба зимистони оянда, захираи озуқаворӣ ва маводи сӯхт, вусъати ободонию созандагӣ, тезондани сохтмони иншооти сершумор дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва дигар минтақаҳои мамлакат баррасӣ шуданд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар назди раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат ва ҳамчунин роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор оид ба ҷоннок намудани фаъолияташон дар самтҳои номбурда вазифаҳои мушаххас гузошт. Аз ҷумла таъкид гардид, ки баҳри ҳарчи зудтар бартараф намудани оқибатҳои офатҳои табиат ва истифодаи босамар аз ҳар ваҷаб замини корам, ду ва зиёда ҳосил рӯёндан аз заминҳои обӣ тадбирҳои судбахш андешанд.
Тибқи супоришҳои Сарвари давлат баҳри иҷрои буҷетҳои маҳаллию ҷумҳуриявӣ ва беҳтар намудани нишондодҳои рушди иҷтимоиву иқтисодӣ бояд чораҳои иловагӣ андешида шаванд ва татбиқи ҳатмии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо», истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ ва гузаштан ба истифодаи лампаҳои каммасраф бояд таҳти назорати доимӣ қарор бигиранд. Баҳри омодагии хуб ба зимистони оянда, аз ҷумла захираи маводи сӯхту озуқаворӣ, кушодани нуқтаҳои иловагии фурӯши ангишт ва гази моеъ аз ҳозир нақшаи чорабиниҳо андешида шавад.
Дастур дода шуд, ки суръат ва сифати корҳои сохтмонӣ дар иншооти сершумори ҷашнӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва иншооти дигар дар ҳамаи минтақаҳои мамлакат баланд бардошта шавад.
Супоришҳои мушаххас оид ба расондани кӯмак ба иштирокчиёну маъюбони ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ва ятимону бепарасторон, оилаҳои камбизоат ва дигар табақаҳои эҳтиёҷманди аҳолӣ дода шуд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1780