logo

иҷтимоиёт

ЗИЁДА МУҲАММАДИЕВА. ҶАВОНДУХТАРЕ ДАР РОҲИ МУВАФФАҚИЯТ

Зиёда Муҳаммадиева ҷавондухтари ҳунарманд аст, ки пайроҳаи зиндагиаш барои насли ҷавон намунаи ибрат ва пайравист. Зиндагӣ барои ӯ аз рӯзи нахустини таваллуд имтиҳонҳои сахт ва мушкилро “ҳадя” намуд. Замоне ки Зиёда таваллуд шуд, падараш оиларо тарк кард ва аз зану фарзандон даст кашид. Сабаби ин кирдори ӯ таваллуди боз як духтар дар оила – Зиёда буд. 
 
Зиёда, аслан, аз рӯйи ихтисос омӯзгор аст, аммо ӯро бештар ҳамчун як ҳунарманди асилу моҳир мешиносанд. Даврони кӯдакии Зиёда бо мушкилот ва муаммоҳои зиёд сипарӣ гардид. Аммо имтиҳонҳои сахти зиндагӣ низ дар мисоли тангдастӣ ва бемориву оқибат марги модар Зиёдаро шикаста натавонист. Баръакс, ӯ беш аз пеш неру мегирифт ва алайҳи пастиҳои зиндагӣ мубориза мебурд. 
Маҳз масъулиятшиносӣ, меҳнатдӯстӣ ва иродаи қавӣ Зиёдаро ба муваффақиятҳо расонд. Имрӯз ӯ яке аз ҳунармандони чирадасту шинохта аст, ки маҳсули дастонашро на танҳо дар дохил, балки берун аз кишвар эътироф мекунанд. Даҳҳо ифтихорномаву сипоснома, ҷоизаву диплом ҳамакнун утоқи кории ӯро зеб мебахшанду далели неруи шикастнопазираш ҳастанд. 
Ба Зиёда метавон мақоли маъмулии “панҷ ангушташ ҳунар”-ро нисбат дод. Зиёда мегӯяд, ки шиори зиндагиаш сухани машҳури Саъдии Шерозӣ аст:
Тавонгарӣ ба ҳунар аст, на ба мол.
“Вақте маҳсули дастони инсон ба нафаре шодӣ мебахшад, маъракаеро обод мекунад ва маҳфилеро оро медиҳад, барои ҳунарманд аз ин дида сарфарозии баландтар мавҷуд буда наметавонад. Ҳунарманд дар ҳар гӯшаи дунё метавонад бо меҳнати худ ва муъҷизаи дастонаш қути лоямут ёбад ва зиндагиашро пеш барад” – мегӯяд Зиёда.
Зиёда тарроҳу ороишгар ва пардозгари моҳир аст. Ба як ибора, дастони ӯ муъҷиза меофарад. 
Ин ки имрӯз намунаҳои ҳунарҳои миллии тоҷикӣ намоишгоҳҳои ҷаҳониро оро медиҳанду дар фестивалу чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ ба намоиш гузошта мешаванд, дастоварди замони истиқлол аст. Ҳамакнун ҳунармандони тоҷик мисоли Зиёда Муҳаммадиева либоси миллии тоҷиконаро бо навгониҳои муосир аз нав эҳё мекунанду арзишҳои миллиро муаррифӣ.
Ба рӯйхати мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО шомил шудани чакан – навъе аз либоси миллии тоҷикона, шуҳрати ҷаҳонии ҳунарҳои миллии тоҷиконаро бозгӯ мекунад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти аҳамият ва нақши эҳёи ҳунарҳои мардумӣ солҳои 2019-2021 - ро Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намуданд. Ин иқдом барои зиёд шудани таваҷҷуҳ ба ҳунарҳои мардумӣ дар тамоми минтақаҳои кишвар ва боз ҳам боло рафтани нуфузи ҳунармандон замина гузошт. 
“Аслан ҳама гуна таваҷҷуҳ ба инсон фараҳ мебахшад. Ва агар таваҷҷуҳ боз дар пай имтиёзу имконоти бештар дунбол орад, шоистаи таҳсинҳост. Эълом шудани солҳои 2019 – 2021  Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ низ барои мо- ҳунармандон як қатор имтиёз овард. Озод шудани ҳама гуна номгӯйи ҳунарҳои миллӣ аз андоз ташаббуси арзандаи Пешвои муаззами миллат буд, ки сари ҳунармандон аз он ба фалак расид” – бо ифтихор таъкид намуд Зиёда.
Мулоқот бо Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ғолибият дар озмуну фестивалҳои гуногун аз лаҳзаҳои хотирмони зиндагии Зиёда аст, ки бо ифтихор ва шукргузорӣ ба хотир меорад. Зиёда маҳз тавассути ҳунар ба дастовардҳо ноил гардида, дар роҳи зиндагӣ устуворона қадам мезанад. 
Маълум аст, ки тобиш додан ба рангҳо ва ба ҷилва овардани онҳо кори нозукест, ки на ба ҳар ҳунарманд даст медиҳад. Гӯётарин узви инсон даст мебошад. Зеро маҳз тавассути он ақл, идрок, андеша, ҷаҳонбинӣ ва тасаввурот ба воситаи ҳунар рӯйи кор меоянд. 
Зиндагии ҳунарманди ҷавон – Зиёда Муҳаммадиева намоди ибрат аст, ки аз аҳамияту манфиати ҳунар қисса мекунад. Пайроҳаи ӯ далели раднашавандаест, ки ҳунар инсонро аз муҳтоҷиҳо ҳифз намуда, нуфузро баланд ва шахсро соҳибэҳтиром мегардонад. Ба таъбири дигар, “Ҳунарманд ҳар куҷо бувад сарфароз”.
 
Мафтуна ИСМОИЛОВА, рӯзноманигор

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.11.2021    №: 221    Мутолиа карданд: 550
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед