logo

фарҳанг

ВАҚТЕ СУХАН АЗ БОБИ ЭҶОДИ УСТОД НИЁЗӢ МЕРАВАД...

 
Хуршед Ниёзӣ  ба муаррифӣ ниёзе надорад. Ӯро  миёни ҷомеаи  фарҳангии на танҳо дохили кишвар, балки берун аз марз суруду оҳангҳои марғуби қалбошубаш маълуму машҳур намуда. Оҳангсози нодиркор аст, ӯ. Оҳанг меофарад ва  ба шеър мепайвандад. Шеъру оҳангро бонафосат ба ҳам меомезад ва ба ҳаводорони суруду наво манзур медорад.  
Аз ситораҳое зузанаб нест, ки барои имрӯз меофаранду чанд рӯз медурахшанд ва баъд барои як умр хомӯш мешаванд. Хуршед барои ҳамеша меофарад. Офаридаҳояш чун хуршед ҷовидонаанд. Ба дилҳо ҳарорат, ба олам нур мебахшанд. Мусиқии касбӣ менависад, барои оркестри симфонӣ ва арғунун. 
Ба сифати ӯ ва ҳам оҳангҳояш чизе навиштан мушкил аст. Беҳтар ин аст, ки фиттаи таронаҳояшро такрор ба такрор гӯш андозӣ. Дар ин сурат, аз нозуктарин табиати оҳанг ботини ӯро дармеёбӣ, завқ мебарӣ ва ба худ дурдонаҳои тоза ба тоза мечинӣ.  
Пайвандгар аст, моро ба санъати нафис, ки дар он ҳиссиёт, таассурот ва ғояҳо ба воситаи оҳанг, садоҳои мавзуни муташаккил ифода меёбанд, мепайвандад. Композитсия ва назокати онро дар мактаби миёна, дар синфи композитори  маъруфи  тоҷик Миратулло Атоев, замони донишҷӯйӣ ва аспирантӣ дар Консерваторияи  Москва  аз композитори пуртаҷриба  Михаил Чулаки омӯхтааст. Ба эҷоди асарҳои мусиқӣ ҳанӯз ҳини таҳсил дар синфи композитсияи Миратулло Атоев шуруъ намуда, он замон барои кӯдакону наврасон беш аз 30 асар эҷод кард. 
Ӯро  шавқи эҷоди наво, меҳри мусиқӣ  ба   Консерваторияи  Москва  мебарад ва  мусиқии касбӣ, фатонати оҳанг, махсусияти оркестр ва имконияти созҳоро хуб аз бар менамояд. Баъди хатми консерватория ба Тоҷикистон меояд ва дар рушди мусиқии касбии тоҷик саҳми созгор мениҳад. Узви иттифоқҳои композиторони Тоҷикистон ва Россия мебошад.
Ба иқрори худаш кӯшидааст дар прелюдияҳои  фортепианоӣ (дафтарҳои 1 ва 2), асарҳои арғунунӣ ва романсҳояш услуби импрессионистии  тоҷик - «назми зери чодар» - ро ташаккул диҳад.
Дар Тоҷикистон бори нахуст маҳз ӯ барои арғунун оҳанг эҷод намуд. Аввалин асараш барои арғунун «Тасниф» ном дорад, ки дар асоси лирикаи фалсафии Шарқ эҷод шудааст. Баъдтар дар ҳамин асос барои арғунун, аз ҷумла асарҳои «Гардун» ва «Ҷашн» - ро навишт. Ин ва дигар офаридаҳояш масирҳоро тай задаву ба  шаҳрҳои Москва, Киев, Алмаато ва Бишкек расида, аз ҷониби ҳаводорони мусиқӣ гарм истиқбол ёфтаанд. Мутрибон «Тасниф» - ро ҳоло дар толорҳои арғунуни кишварҳои Олмон, Россия, Украина ва Қазоқистон иҷро менамоянду  ба дили дӯстдорони наво олам - олам меҳр мебахшанд.   
«Каприччиои тоҷикӣ», «Базму сурур», «Валси хаёлӣ» аз ҷумлаи асарҳои барои оркестри бузурги симфонӣ офаридаи ӯ мебошанд.
Вақте сухан аз боби эҷоди Хуршед Ниёзӣ меравад, наметавон фаъолияти хубу пурмаҳсули илмӣ – педагогии ӯро сарфи назар кард. Шонздаҳ сол дар Коллеҷи санъати ба номи Аҳмад Бобоқулов ба донишҷӯён назарияи мусиқӣ омӯхтааст. Як муддат дар Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ба шогирдон дарси мусиқӣ мегуфт. Матлабҳои аҳамияти илмӣ – педагогӣ ва таҳлилӣ доштаи ӯ дар бартараф намудани монеаҳои зиёди мусиқии касбӣ ва рушди соҳа саҳми назаррас гузоштаанд. Зимнан, аз соли 2003 то 2009 дар вазифаи  мудири  шуъбаи илм ва муассисаҳои таълимии  Вазорати фарҳанги кишвар кор кардааст.
Ӯ, ҳамчунин, асари арзишманди таърихии «Китоби бузург дар бораи мусиқӣ» – и Абунасри Форобиро ба забони русӣ тарҷумаву нашр  намуд.  Тавассути он мардуми ҷаҳон  иттилоъ ёфтанд, ки аввалин бор назарияи мусиқӣ на дар Аврупо (то ин дам ҳамин гуна мепиндоштанд), балки хеле пештар аз ин, дар  Шарқ пайдо шудааст. Фарҳангистони адабиёти рус ва ҳунарҳои зебои ба номи Державини шаҳри Санкт - Петербург соли 2012 Хуршед Ниёзиро ба ҳайати худ пазируфт ва ҳамон сол барои саҳми арзанда дар рушди илм ва мусиқӣ бо медали  заррини ба номи Сергей Есенин ва соле баъд бо медали «Барои хизматҳои шоиста дар соҳаи фарҳанг ва санъат» қадр шуд. 
Миёни композиторони тоҷик ягона нафаре мебошад, ки барои хизматҳои мондагор дар соҳаи илми мусиқӣ, фарҳанг ва санъат бо мукофоти олии Россия ордени «Екатеринаи Бузург»  сазовор гардидааст. 
 Хуршед Ниёзӣ   худро дар мусиқӣ дарёфт ва мусиқӣ ӯ ва тоҷику Тоҷикистонро  муаррифгар шуд. Бо он ки ба синни 60 расидааст, ҳанӯз саропои ӯ оҳанг аст. Берун аз марз  эҷод мекунад ва ҷойи ӯ дар фазои мусиқии кишвар холист. Хурсандибахш аст, ки бо дастгирии Пешвои миллат дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода сози арғунун пурра навсозӣ ва барқарор гардид. Ба ғайр аз Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ дар назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ Оркестри давлатии симфонӣ таъсис ёфтаву фаъолият дорад. Яъне, мо ҳоло имкони бештари пиёда намудани ҳам асарҳои симфонӣ ва ҳам арғунуниро, ки  мусиқии ҷаҳонианд, дорем. Лек, дар ин росто ва дар фазои мусиқии касбии кишвар, норасоии мутахассисони касбие чун Хуршед Ниёзӣ эҳсос мегардад. Агар Ниёзӣ ба ҳайси як оҳангсози маъруфи касбӣ дар кишвар фаъолият медошт, ин ҳам дар рушди мусиқии касбӣ ва ҳам дар тарбияи мутахассисони соҳибкасб ба манфиати кор мебуд. Ба ин хотир, бояд тамоми чораҳоро биандешем, то устод Хуршед Ниёзӣ ба Ватан баргардад ва бо хуршеди эҷодаш ба фазои мусиқии кишвар нур бипошад.  
 
Фарзона ФАЙЗАЛӢ, «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.11.2021    №: 221    Мутолиа карданд: 1709
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед