logo

Хабарҳо

Машқҳои неруҳои посдори сулҳи СААД дар Қазон

Лента.ру. Неруҳои посдори сулҳи Созмони  Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) аз 8 то 12 ноябр дар  машқгоҳи  Омӯзишгоҳи фармондеҳии олии танкии Қазон машқҳои муштарак баргузор мекунанд. Дар ҳошияи машқҳои амалиётии стратегии «Иттиҳоди ҳарбӣ» низомиён маҳорати заруриро намоиш медиҳанд.  
Дар наздикии Қазон неруҳои дастаҷамъии СААД вазифаҳои омодагӣ ва баргузории амалиёти посдори сулҳро, ки маҳорати муқобилият бо ҷангҷӯён ва ҳифзи аҳолии осоиштаро дар бар мегиранд,  иҷро хоҳанд кард.
Неруҳои посдори сулҳ ҳамла ба биноҳо, озод кардани гаравгонҳо, ташкили лагери гурезагон, расондани ёрии аввалия ба осебдидагон ва амсоли инҳоро тамрин хоҳанд кард.
Дар ин  машқҳо ҳудуди 800 нафар низомиён ва 90 техника аз Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Россия ва Тоҷикистон ширкат хоҳанд кард. Дар қатори танкҳо, инчунин, чархболҳои Ми – 8, Ми – 24, ҳавопаймоҳои Су – 24МР ва Су – 34 ҷалб мешаванд.
 
 
Дар Кобул таркиши сахт рух дод
Лента.ру. Дар наздикии бемористони Сардор Муҳаммад Довудхони пойтахти Афғонистон - шаҳри Кобул таркиши шадид рух дод. Дар ин бора хабаргузории Aamaj News иттилоъ медиҳад.
Пас аз таркиш тирпарронӣ оғоз ёфт. Яке аз шоҳидони ҳодиса ба хабаргузории  АИР «Новости» гуфтааст, ки сабаби  таркиш худкушии як маргталаб дар даромадгоҳи бемористон будааст. 
Бино ба маълумоти иловагӣ аз Aamaj News, Сардор Муҳаммад Довудхон бузургтарин бемористони низомӣ дар Афғонистон ба ҳисоб меравад. Айни ҳол шарикони террористи худкуш дар дохили беморхонаанд. Ба гуфтаи як шоҳиди  ҳодиса, дар он задухӯрди шадид сар зад.
 
 
Даъвати кишварҳои узви G20  
Синхуа. Бо сабаби он ки мамолики камбизоат бо ҳаҷми зарурии ваксинаи зидди коронавирус таъмин карда намешаванд, кишварҳои  узви G20 таҳти фишори шадид қарор доранд. Дар ин бора дар паёми портали интернетии ҳиндии Wion News нашр шудааст.  
"Ҳангоме ки раҳбарони кишварҳои  узви G20 барои муҳокимаи нақшаҳои дифоъ аз пандемияҳои оянда ҷамъ омада буданд, коршиносони соҳаи тандурустӣ ва фаъолон изҳори нигаронӣ карданд, ки сарватмандтарин давлатҳои ҷаҳон доир ба пешгирии паҳншавии COVID – 19  ба қадри кофӣ ба кишварҳои қафомонда ёрӣ намерасонанд", - гуфта мешавад дар мақола.
Тибқи маълумоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, дар кишварҳои мутараққӣ ба ҳар 100 нафари аҳолӣ 133 воя ваксинаи зидди COVID-19, аммо дар кишварҳои камдаромад бошад, ба ҳар 100 нафар чор воя рост меояд.
 
 
Ҷорҷо Старас хостори азсаргирии муколама миёни Маскав ва НАТО шуд
Известия. Саъю кӯшиш барои аз нав оғоз кардани муколамаи созанда байни Россия ва Иттиҳоди Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) дар ҳоли ҳозир ниҳоят муҳим аст. Дар ин бора  сафири фавқулода ва мухтори Италия дар Россия Ҷорҷо Старас баён дошт. 
Ба гуфтаи ӯ, пас аз тасмими Маскав дар бораи қатъи кори намояндагии Россия дар НАТО ва сохторҳои ин  эътилоф дар  ҳудуди  Федератсияи Россия, муҳим аст, барои барқарор намудани муколамаи муфид, ки барои ҳама манфиатовар мебошад, саъю кӯшиш намоем. 
Ба гуфтаи сафир, бидуни ҳамкорӣ бо Москва дар ҳалли масоили тандурустӣ ва мубориза бо тағйирёбии иқлим  ба натиҷаҳои мусбат ноил шудан ғайриимкон аст.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 871
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед